“Аҳмад Зоҳир ва Зиё Қоризода”
Акнун дар бораи ҳамкории Аҳмад Зоҳир бо шоири номвари Афғонистон Зиё Қоризода мехоҳам каме андешаронӣ намоям.
Зиё Қоризода аз насли шоиронест, ки зери таъсири шеъри ба истиллоҳ “мудерн” дар адабиёти навини ҳавзаи порсизабонони Афғонистон аз солҳои 50-уми асри пор хело навпардозиҳо кардааст.
Инҷо бешак онҳо аз шеъри навини Ирон, ки аз ибтидои асри пор аз Аврупо ва хосатан аз Фаронса таъсир мегирифтанд ва шурӯъ аз Нимо Юшичу дигарон шеъри нави порсиро такмилу таҷдид менамуданд, таъсири бештареро ба худ қабул доштанд.
Ин шоири маъруф, ки ҳамчунин овозхон ва оҳангсози маъруфи замони худ буд ва замони фаъолияташ шеъру ҳунари эшон сарҳадоти Афғонистонро убур намудаву дар дигар кишварҳои порсилисон низ маҳбубияти хосае пайдо намуд, соли 1922 дар шаҳри Кобул таваллуд гаштааст. Асалан номи аслияш Аҳмадзиё Қоризода аст. Падараш Қорӣ Дӯстмуҳаммадхон, яке аз саромадони рушди фарҳангии Афғонистон дар замони шоҳ Амонуллоҳхон буд ва бо табадулоти дарборӣ ва аз байн рафтани ин режим дар Кобул ба қатл расонида шудааст.
Зиё Қоризода, пас аз хатми мактаб, литсейи шоҳӣ дар ҳамон мактаб муддате омӯзгорӣ менкунад. Дар ин асос дар вазифаҳои масъули матбуот ва шохаи фарҳанг низ корҳоеро ба анҷом мерасонидааст.
Устод Зиё оҳангҳои худро дар Радиои Афғонистон ба номи мустаъори «Кабутар» сабт мекард ва ҳамчунин барои иддаи зиёде аз овозхонони дигар оҳанг ва тасниф месохт. Таснифҳои ӯро устод Сароҳанг «Оҳиста бирав», устод Раҳимбахш «Шона дудаста мезана», Ношинос «Маро дар зиндагӣ аз орзӯҳо нест ҷуз номе» ва Аҳмад Зоҳир «Аз ғамат ай нозанин» хондаанд. Худ низ 24 оҳанг дар бойгонии Радиои Афғонистон барои наслҳои оянда ба мерос гузоштааст.
Оҳангҳои «Мушки тоза меборад, абри баҳмани Кобул», «Диламро сарбасар савдо гирифта» ва «Чаман чироғон аст, ҳай ҳай гулакам» аз ҷумлаи осори баёдмондании Зиё Қоризода ба шумор мераванд.
Мероси адабии Зиё Қоризода хеле бой ва рангин буда маҷмӯаҳои ашъори ӯ: «Найнавоз» (1949), «Паёми бохабар ва забони табиат» (1958), «Ашъори нав» (1958), «Ҳадаф» (1959), «Озодагон» (1961), «Мунтахаби ашъор» (1964) ва ғайра аз шӯҳрат ва эътибори ӯ дар Афғонистон ва берун аз он шаҳодат медиҳанд.
Соли 1967 дар шаҳри Душанбе як кунгураи бисёр баландовозаи “Шеъри форсӣ” доир гашт.
Дар ин кунгура шоирони маъруфи кишварҳои порсизабон аз қабили Ирон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон иштирок ва суханронӣ намуданд.Ба қавли ноқилони осор ин кунгура як ҳамоиши бисёр муҳими кишварҳои порсизабон вобаста ба инкишофи адабиёти кишварҳои форсизабон ва хосатан инкишофи шеъри нави порсӣ будааст ва баромади шоирони маъруфе чун Нодири Нодирпур ва дигарон бо як қаноатмандии бузург дар кишвари мо аз тарафи муштоқони шеъри порсӣ қабул гаштаанд.Он замон вобаста ба доир гаштани кунгураи шеъри форсӣ дар нашрияҳо ва дар гуфтугузорҳо дар бораи Зиё Қоризода, шоир ва ҳунарманди серовозаи кишвари ҳмзабони Афғонистон низ сухан мегуфтанд.
Ба истеъдоди ин шахсияти маъруф низ он замон ва баъдан низ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд карда мешуд. Ин шоир дар Тоҷикистон ва байни дигар мардуми форсизабон бисёр ҳамон давраҳо низ бисёр маъруф гашта буд.
Камина дар мақолаи худ бо номи “Аҳмад Зоҳир ва сарнавишти шоир Аҳмадшоҳи Азҳар” дар бораи шоири навовар ва маъруфи Афғонистон Зиёи Қоризода низ ёд кардаву азҷумла чунин нигошта будам: ҳангоми мактаббача буданам, миёнаи солҳои 70-уми асри пор, тасодуфан ҳангоми варақгардон кардани маҷаллаҳои «Шарқи Сурх»-и бобои зиндаёдам Махдуми Алимардон, ки баъдан «Садои Шарқ» ном гирифт, дар болои бом(чердак)-и хонаамон шинос шудам.Онҷо дар яке аз шумораҳои ин маҷалла , ки охири солҳои солҳои 60-ум интишор ёфта буд, ёд дорам зери рубрикаи «Адабиёти ҳамзабонон» чанд шеъри шоири Афғонистон бо номи Зиё Қоризода чоп гашта буд. Як шеъраш ин буд «Эй Зӯҳра», агар аз лавҳи хотираам зудуда нагашта бошад, як шеъри дигараш доири мавзӯъе зуғоласанг (ангиштсанг) чоп шуда буд.
Шеъри «Эй Зӯҳра» -и шоир бо ҷаззобияти амиқи худ мани мактаббачаро ба зудӣ ба худ кашида буд, он замон буд, ки баъдан аз барномаи «Кокоҷон»-и радиои Покистон ин шеърро дар иҷрои овозхонони номвари Афғонистон шунидам ва он маро ба худ мисли оҳанрабо кашид. Ёд дорам, баъдан ба чердак баромада, саҳифаи маҷаллаи «Шарқи Сурх»-и ин шеър чопшударо аз маҷалла даронида(кӯдакӣ ва беақлӣ буд,набошад ба ҷои дарронидани маҷалла мешуд онро навишта гирам)дар мактаб, байни ҳамсинфонам хонда мегаштам.
Аҳмад Зоҳир аз ин шоири хушном, овозхон ва оҳангсози муваффақ 4 шеърро хондааст.Сарчашмаи охирини эътимодбахши дар дасти мо мавҷуд буда, китоби охирини устоди зиндаёд Султони Ҳамад, бо номи “Таронаҳои ҷовидонаи Аҳмад Зоҳир”, ки соли 2022 интишор ёфтааст маҳсуб меёбад. Тибқи маълумоти дар ин китоб омада Аҳмад Зоҳир аз ин шоир маъруф 4 шеър хондааст, ки онҳоро дар зер меоварем:
1. Ай шӯълаи ҳазин, ай ишқи оташин (оҳанги А.Залонд ).
2. Ай булбули шӯрида, шӯр аз ту, фиғон аз ман (оҳанги номаълум).
3. Аз ғамат ай нозанин, азми сафар мекунам (оҳанги Ҳ.Хаёл).
4. Охир эй дарё, ту ҳамчун ман дили девона дорӣ (оҳанги А.Зоҳир).
Чи тавре, ки дар ин китоб ва навиштаҳои устод Муҳаммад Сипос омадааст айни замон 4 шеъри ин шоири пуровоза ва навпардози адабиёти Афғонистон маълум карда шудааст. Шеъри “Ай шӯълаи хазин, ай ишқи оташин”, зери оҳанги мағруби оҳангсози маъруфи ин кишвар Абдуҷалили Залонд ва шеъри “Аз ғамат ай нозанин азми сафар мекунам” зери оҳанги оҳангсози дигари маъруфи Афғонистон Ҳабибулло Хаёл хонда мешавад.Оҳанги шеъри “Охир эй дарё, туҳамчун ман дили девона дорӣ” моли худи устоди зиндаёд Аҳмад Зоҳири ҷовидонист.
Оҳанги таронаи маъруфи “Ай булбули шӯрида ,шӯр аз ту,фиғон аз ман” то айни замон маълум карда нашудааст ва шояд ковишҳои ояндаи таҳқиқгарону дӯстдорони ҳунари овозхон онро муайян кунанд ва каминаи камтарин ба ин сахт боварӣ низ дорам.
Зиё Қоризода борҳо ба Тоҷикистон омадаву меҳмони кишвари мо гаштааст ва дилфигорони овозу оҳанги хуши забони дариро шефтаи худ гардонидааст.
Бояд гуфт, ки оҳангсозони маъруфи ин кишвар Абдуҷалили Залонд ва Ҳабибулло Хаёли Хаёл ба пойтахти Тоҷикистон ташриф овардаву консертҳои зиёди муштараке бо овозхонони тоҷику афғон доир намудаанд, ки дар ин хусус насли калон сол хуб медонад.
Чи тавре, ки устод Султони Ҳамаддар мақолааш қайд намудааст, аввалин маротиба дар таърихи равобити фарҳангии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон, моҳи августи соли 1958 гурӯҳи ҳунарии Тоҷикистон таҳти сарварии Ҳунарпешаи Мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғуломалӣ Ғуломҳайдар бо шумули устодони мусиқии Тоҷикистон Акашариф Ҷӯраев ва Абдулло Назриев ба Афғонистон сафар карданд.
Ҳунарнамоии ҳунарпешагони тоҷик чунон ҳам писанди алоқамандон ва ҳаводорони мусиқӣ дар Афғонистон гардид, ки ба ин муносибат шоҳи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ барояшон зиёфате орост ва аз ҳунармандони тоҷик хоҳиш намуд, ки махсус барои аҳли дарбор, яъне наздикон ва ақрабонашон низ консерт бидиҳанд. Дар консерти нахустини ин гурӯҳ, ки дар Кобул баргузор гардид, саромади овозхонони ҳӯравии тоҷик Акашариф Ҷӯраев як шеъри шоири машҳури афғон Зиё Қоризода «Мушки тоза меборад абри баҳмани Кобул»-ро бадеҳатан дар ҳавои як оҳанги барои як таронаи худ эҷоднамудааш («Ёри хурдтарак дорам»)-ро хондааст.
Баъди ба поён расидани ин тарона аҳли толор ҳама ба он хеста қарсакзанон ба нидоҳои хурсандӣ овозхони тоҷикро ташвиқ мекарданд. Зиё Қоризода, ки худ низ дар толор нишаста буд, ба рӯи саҳна меояд ва Акашариф Ҷӯраевро ба оғӯш кашида мегӯяд: Шумо ба ин шеър оҳанге не, балки ҷон ато кардаед, равон бахшидаед.
Пас аз ин таронаи «Мушки тоза меборад, абри баҳмани Кобул»-ро бо ҳамин оҳанги эҷоднамудаи ҳунарманди тоҷик Акашариф Ҷӯраев хонандаҳои зиёде тоҷику афғон хондаанд ва ҳоло ҳам мехонанд. Ҳатто худи зиндаёд Зиё Қодирзода, ки бо тахаллуси «Кабӯтар» гоҳ-гоҳе овозхонӣ мекард, ин таронаро худ низ дар ҳамин оҳанг хонда ва дар радиои Кобул сабт намудааст. Дар бораи овозхонии шодравон Зиё Қоризода каме поён муфассалтар хоҳем гуфт. Вале ҳозир мехоҳем дар бораи сафари ҷавобии ҳунармандони Афғонистон бо Тоҷикистон, ки ҳамагӣ ду-се моҳ пас аз анҷоми сафари ҳунармандони Тоҷикистон ба Афғонистон сурат гирифт, чанд сухан бигӯем.
Дар ҳайати ин гурӯҳи эҷодии ҳунармандони афғонӣ овозхонҳои маъруфи афғонӣ Абдуҷалил Залонд, Ҳафизуллоҳи Хаёл, Юсуф Қосимӣ (фарзанди овозхони машҳур Қосим Афғон), Ношинос, Ҳусейн Ормон, Насим Ормон, Хонум Рухшона, Хонум Жило, Шермуҳаммади Ғазнавӣ, оҳангсози забардаст Салими Сармаст, рубобнавози бемисл Муҳаммад Умар ва дигарон буданд. Ҳунармандону ҳаводорони созу суруд дар Тоҷикистон бори аввал дар таърихи муосири худ бо санъаткорони афғонӣ аз наздик шиносоӣ пайдо карданд, ҳунарнамоии онҳоро бевосита дар саҳнаи театру қасрҳои фарҳангии худ диданд. Ин сафар боиси он гардид, ки дар санъати овозхонии миллии тоҷикон таҳаввулоти фараҳбахше ба вуқӯъ бипайвандад.
Аз ин ба баъд дар репертуари ҳофизони тоҷик сурудҳое пайдо шуданд, ки онҳоро мухлисони созу наво дар ҳама ҷо хуб мепазируфтанд ва батадриҷ ин таронаҳо ба сурудҳои маҳбуби мардум табдил ёфтанд. Сурудҳои «Чашми сиёҳ дорӣ, қурбонат шавам», «Имшаб Қамар ин ҷост», «Бе ту марг аст, ай парирӯ, бар сари мо зиндагӣ», «Оҳиста буру, моҳи ман, оҳиста буру», «Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад» ва ғайра аз ҷумлаи он таронаҳоеанд, ки на як наслу ду насли овозхонҳои тоҷик онҳоро сурудааст. Овозхони маъруф Ҳафизуллоҳи Хаёл бо хоҳиши масъулони фарҳангии Тоҷикистон ба хотири таҷрибаивазкунӣ бо ҳунармандони тоҷикӣ дар анҷоми ин сафар чанд моҳи дигар дар кишвари мо монд ва бо ҳампешагони худ ҳамкорӣ кард.
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Нуқра Раҳматова дар сӯҳбат бо мо он рӯзҳоро ба ёд оварда чунин гуфт: «Он замон маро навакак ба филармонияи давлатӣ ба кор қабул карда буданд. Оғои Ҳафизуллоҳи Хаёл вақте сурудхонии маро шунид, ба ман пешниҳод кард, ки як таронаи қадимии паштунӣ «Чавел чи моз дигарде»-ро, ки ба гуфти ӯ хеле машҳур, вале мутаассифона, дар Афғонистон низ он рӯзҳо аз ёдҳо фаромӯш шуда буд, бо кӯмаки ӯ таҳия намуда, сипас дар консертҳо бихонам.
Ман бо хурсандӣ ин пешниҳодро пазируфтам. Бояд бигӯям, ки бо кӯмаки Ҳафизуллоҳи Хаёл ману Ҳоҷатбегим Пиронова, сарояндаи хушовози филармонияи давлатии Тоҷикистон инчунин боз як таронаи машҳури афғонӣ «Имшаб Қамар ин ҷост»-ро таҳия намуда, аввалин бор дар саҳнаи тоҷик онро хондем».
Устод Зиё Қоризода соли 2008 дар кишвари Канада дур аз ватан вафот кардааст.
Ёдаш гиромӣ боду хонаи охираташ обод!
Варқаи Зайниддин,Узви ИЖ ҶТ, Аълочии матбуот ва фарҳанги ҶТ, шаҳри Бохтар
















