15:32:56 14-уми Июни 2026 сол

«Аҳмад Зоҳир ва Фурӯғии Бастомӣ»

(ба муносибати 80 солагии Аҳмад Зоҳир бахшида мешавад)

Мирзоаббос Фуруғии Бастомӣ аз суханварони маъруфи аввали асри XIX буда, дар таърихи адабиёти Эрон ҳамчун устоди ғазалсаро мавқеъи шоистаеро ишғол намудааст.

furughi bastomi az 6565874554Ӯ тамоми ққудрату маҳорати суханварии худро ба инкишофи ғазал бахшида, анъанаҳои Саъдиву Ҳофизро зинда мекунад ва ба ин шакли кӯҳани шеър аз нав латофату фасоҳат, соддагиву равонии пешинаи онро бармегардонад. Фурӯғ харчанд ашъори фаровоне сурудааст, вале то имрӯз намунаи каме аз эҷоди шоир боқӣ мондааст.

Табиист, ки дар чунин ҳолат ба љой мондани ашъори баланди дорои моҳияти иљтимоиву ахлоқии ӯ душвор аст. Бо вуљуди ин ашъори боқимондаи шоир, ки асосан аз ғазалиёт иборат аст, бо фасоҳату равонӣ, латофату ширинии худ аз маҳорату истеъдоди шоир гувоҳӣ медиҳанд. Фуруғӣ ҳанӯз дар замони зиндагиаш шӯҳрати босазое пайдо карда буд. Аз ин ҷост, ки дар сарчашмаҳои замони шоир дар бораи ӯ маълумотҳо сабт шуда, намунаҳои ашъораш зикр гардидаанд.

Хонандагони тољикро бори аввал бо намунаи осори Фурӯғии Бастомӣ ба ҳуруфи имрӯза адабиётшинос устоди зиндаёд 3оҳир Аҳрорӣ шиносо намудааст. Дар шумораи аввали соли 1981-и маљаллаи «Садои Шарқ » таҳти унвони « Фурӯғи сухан» мухтасари тарҷумаи ҳол ва 20 ғазали Фуруғӣ ба табъ мерасад.

Соли таваллуди шоирро баъзе аз муҳаққиқон, соли 1785 дониста, эшонро аз Бастом мешуморанд. Бархе аз сарчашмаҳо ҷои таваллуди шоирро аз аз Атобакони Ироқ мешуморанд

Баъди баровардани савод Аббос ба мутолиаи девони ашъори Саъдиву Ҳофиз пардохта маҳорату истеъдоди худро сайқал медиҳад ва дар тақлиду пайравии онҳо бо тахаллуси Мискин газалҳои навмашқона менависад. Аз рӯи маълумотҳо эшон ҳамроҳи модараш ба Машҳад рафта, дар роҳ ватани падару модараш Бастомро ҳам зиёрат кардааст.

Ба маълумоти Асадулло дар хусуси зиёда аз 20 ҳазор байт будани ашъори Фурурғӣ бовар кардан мумкин аст.

То имрӯз маълум карда шудааст, ки аз Фурӯғии Бастоми овозхони ҳамаи давру замонҳо ду ғазал хондааст.

Соли вафоти Фурӯғии Бастомӣ 25 муҳаррами соли 1233 дониста шудааст.

Устоди зиндаёд Аҳмад Зоҳир аз ин шоири маъруф 4 шеър сароидааст.

Сарчашмаи охирини эътимодбахши дар дасти мо мављуд буда, китоби охирини устоди зиндаёд Султони Ҳамад, бо номи “Таронаҳои ҷовидони Аҳмад Зоҳир”,ки соли 2022 интишор ёфтааст маҳсуб меёбад.

Тибқи маълумоти дар ин китоб омада Аҳмад Зоҳир аз ин шоир маъруф 4 шеър хондааст, ки онҳоро дар зер меоварем:

1.Магар Худо зи рақибон туроҷудо бикунад (оҳанги А.Зоҳир ).

2.То ба ҷафоят хушам, тарки ҷафо кардаӣ (оҳанги А.Зоҳир).

3. Чи хилоф сар зад аз мо,ки дари сарой бастӣ” (оҳанги А.Зоҳир).

4.Кай рафтаӣ зи дил, ки таманно кунам? (оҳанги номаълум).

Чи тавре, ки дар ин китоб ва навиштаҳои устод Муҳаммад Сипос омадааст айни замон 4 шеъри ин шоири маъруфи Ирон маълум карда шудааст. Ба се шеъри дар аввали рӯйхат овардашуда шахсан Аҳмад Зоҳир оҳанг эҷод намудаву сурудааст. Муаллифи шеъри чаҳорум “Кай рафтаӣ зи дил, ки таммано кунам?” айни замон номаълум боқӣ мондааст.

Оҳанги таронаи маъруфи “Ай булбули шӯрида ,шӯр аз ту,фиғон аз ман” то айни замон маълум карда нашудааст.Шояд ковишҳои ояндаи таҳқиқгарону дӯстдорони ҳунари овозхон онро муайян кунанд ва каминаи камтарин ба ин сахт боварӣ низ дорам.

Варқаи Зайниддин, Узви ИЖ ҶТ, Аълочии матбуот ва фарҳанги ҶТ, шаҳри Бохтар

Назари Шумо

Security code
навсозӣ