02:57:50 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

70 СОЛ ПАС АЗ ХУНИНТАРИН МУҲОРИБАИ ТАЪРИХ ДАР СТАЛИНГРАД

Ҳафтод сол қабл дар таърихи дуввуми феврали соли 1943, нирӯҳои Олмони фашистӣ дар Сталинград шикаст хӯрданд. Шикасте, ки як нуқтаи чархиш ва ҳалкунанда дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ шуд. Муҳорибаи Сталинград, ки аз тобистони соли 1942 то 2-юми феврали соли 1943 давом кард, яке аз хунинтарин ва сарнавиштсозтарин набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва тамоми таърихи башарият буд.

/images/stories/2013/02/02_stalingrad-02022013.jpgФатҳи ин шаҳр барои Гитлер аз он сабаб муҳим ба шумор мерафт, ки он сабаби канда шудани роҳҳои интиқолу борҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷануби ин кишвар аз тариқи дарёи Волга мешуд. Ин буд, ки артиши шӯравӣ бо фашистон сарсахтона муқовимат намуд ва дар кӯчаву хонаҳо бо олмониҳо ҷангид.

Пас аз чандин моҳи даргириҳои хунин, дар таърихи дуввуми феврали соли 1943 олмониҳо шикаст хӯрда 2500 афсари олирутба, ки 24 нафари онҳо генерал буданд, буданд, таслими артиши шӯравӣ шуданд.

Таърихнигорон менависанд, ки 1 миллиону 100 ҳазор тан аз сарбозони шӯравӣ барои дифоъ аз ин шаҳр ҷон бохта ё маҷруҳ беному нишон шуданд. Шумораи қурбониён аз ҳисоби мардуми оддӣ ва ғайринизомиён 400 ҳазор тахмин зада шудааст.

Дар қатори ҳазорон сарбози шӯравӣ, ки барои дифоъ аз ин шаҳр муқовимат карданд, садҳо тан аз фарзандони Тоҷикистон низ ширкат карданд. Хайрулло Усмонов, аз ҷумлаи он фарзандони Тоҷикистон буд, ки барои дифоъ аз ин шаҳр муқовимат карда ва зиндаву саломат ба ватан баргашт ва чандин сол ба ҳайси рӯзноманигор дар нашриёти "Ирфон" ифои вазифа намуд.

​​Бо амри тақдир аз соли 1996 то ба ҳол фарзанди вай Дониёр Усмонов дар шаҳре, ки падари ӯ мудҳиштарин рӯзҳои ҳаёти худро сипарӣ намуда ва бар ивази ҷон аз он дифоъ намудааст, зиндагӣ дорад. Дар рӯзи таҷлил аз 70-умин солгарди шикасти Олмони нозӣ дар ин шаҳр, нахуст аз ӯ дар мавриди наҳваи баргузории маросимҳо ба ин муносибат пурсидем:

Дониёр Усмонов: Имрӯз дар шаҳр паради ҳарбӣ гузашт ва собиқадорони ин ҷанг, гарчи теъдодашон хеле кам мондааст, аз шаҳрҳои мухталифи Русия ҳузур доштанд. Дар ин парад ҳудуди 20 ҳазор нафар ширкат дошт.

-Оё аз собиқадорони ҷанг аз Тоҷикистон касе иштирок дошт?

-На, аз Тоҷикистон касе иштирок надошт. Аммо мо тоҷикони муқими Волгоград дар ин маросим ширкат кардем.

-Дар шаҳри Сталингради чӣ хотираҳое аз ҷанг вуҷуд дорад?

-Дар «Санги мармарин» дар ҳамаи деворҳо ному насаби  қурбониён, аз ҷумла аз тоҷикҳо низ навишта шудааст.

-Дар расонаҳои русӣ ин хабар интишор ёфта буд, ки талошҳо барои дубора номгузорӣ шудани ин шаҳр бо номи Сталинград идома дорад. Ин хабарҳо то куҷо воқеият доранд?

-Ба Думаи давлатӣ бо имзои мардум як нома фиристода шудааст. Мардум талаб доранд, ки номи ин шаҳр Сталинград гузошта шавад. Аммо то ба ҳол масъала ҳалли худро наёфтааст. Аммо дар маъракаҳои расмӣ, чун 2-юми феврал ва Рӯзи Ғалаба, шиорҳо бештар бо номи Сталинград садо медиҳанд то Волгоград.

-Шаҳр аз он рӯзҳои мудҳиш, чӣ осореро бо худ дорад?

-Ҳар нуқтаи ин шаҳр шоҳиди ҷангу набард будааст ва дар ин ҷойҳо ҳайкалҳо гузошта шуда ва ҳамеша аз корнамоиҳои мудофеони шаҳр ёдоварӣ мешавад. Қадрдонӣ аз ҷонбозони Сталинград на танҳо дар иду маросимҳо, балки ҳамеша сурат мегирад ва мардум онҳоро ёддоварӣ менамоянд.

-Падаратон чӣ хотиротеро ба шумо аз ин муҳориба ҳикоят мекард…?

-Падарам ҳамеша аз ҷанг қиссаҳо мекарданд. Мегуфтанд, ки дар оғози муҳориба дар соли 1942 аҳвол ниҳоят вазнин буд. Нақл мекарданд, ки дар ибтидо ҳавопаймоҳои Олмон ба сари шаҳр борони оташ мерехтанд. Аз ҷониби дигар дар рӯзҳои ҷанги Сталинград сармои қаҳратун то ба 30 дараҷа мерасид…

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi