06:35:28 19-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ФИЛМИ КУРӮШИ КАБИРРО КӢ ҲАҚ ДОРАД БИСОЗАД?

Дар Эрон ду коргардон бо ду филмнома дар як вақт мудаии тавлиди филме дар бораи зиндагии Курӯши Кабир шуданд. Алӣ Муаллим таҳиякунандаи филми синамоии «Курӯш» аз ҳазинаи 70 миллион долларии тавлиди ин филми азими таърихӣ хабар дод.

/images/stories/2011/10/10_kurushi-kabir_9.10.11.jpgДар охирин изҳороти ду тарафи ин моҷаро, Алӣ Муаллим таҳиякунандаи филми синамоии «Курӯши Кабир», тавассути Масъуд Ҷаъфарии Ҷавзонӣ дархости парвона (иҷозатнома)-и сохти филм ба вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон ироа шуд. Пас аз як соли таҳқиқ ва пажӯҳиш бар рӯи зиндагонии Курӯш, акнун бо поён ёфтани нигориши китоби аввали ин филм, марҳилаҳои сохти он оғоз хоҳад шуд. Вай афзӯд: «Достони филм аз кохи Икботон ва дарбори Остиёг оғоз мешавад ва зиндагии Курӯш аз таваллуд то бунёнгузории тамаддуни Ҳахоманишӣ ва ҳукумати порсиёнро то марг дунбол мекунад».

Алӣ Муаллим унвон кард: «Бо судури расмии парвона сохти филм тайи як конфронси матбуотӣ шароити ҳамкории ҳунарӣ ва наҳваи мушоракат дар сармоягузории филм барои алоқамандон ташреҳ шуд».

Ба гуфти Алӣ Муаллим, вай то кунун аз афроди мухталиф беш аз 6 000 номаи электронӣ дарёфт кардааст, ки ҳар яки онҳо омодагии худро барои сармоягузорӣ дар ин тарҳ то 100 ҳазор доллар, эълом кардаанд, аммо нуктаи аҷиб он аст, ки ҳеч як аз масъулин дар ин бора изҳори назар накардааст. Бар илова, ҳангоми пешниҳоди ин тарҳ эшон гуфтаанд, онҳо низ чунин тарҳеро доранд, аммо тарҳи эшон чӣ гуна аст, номаълум. Курӯши Карбир бо имзои ман ба сабт расида.

Филмнома дар мароҳили идории Форёбӣ аст

Азизуллоҳи Ҳамид Нажд филмноманависи нусхаи дигари зиндагии Курӯш бо номи «Зулқарнайн» гуфт: «Филмномаи ин филмро 6 сол пеш навиштам, яъне соли 1382 (ҳиҷрӣ шамсӣ)-2002 баъд аз сохти филми «Ашки сармо» бо дидани филми зидди эронӣ «Искандар» рӯи ин мавзӯъ мутамарказ шудам ва пас аз таҳқиқоти аввалия хулосаи филмномаи синамоии Курӯши Кабир (Зӯлқарнайн)-ро дар бонки иттилооти филмномахонаи синамо (ва бунёди синамои Форобӣ) ба шумораи 9190-18/35, санаи 13-и озари соли 1384 ба сабт расонидам.  

Ҳамиднажод коргардони синамо ва филмноманависи «Курӯш (Зӯлқарнайн)» зимни баёни ин матлаб гуфт: «Пас аз сабт, филмнома сайри табиӣ ва мароҳили пешрафти худро тай кард ва акнун ҳам дар ҳоли баррасии ниҳоӣ барои тасвиби будҷа аст ва мароҳили пештавлидро сипарӣ мекунад».

Вай афзӯд: «Дар воқеъ ҳамаи аҳолии синамо медонистанд, ки ман нигориши ин филмномаро дар соли 84 (2004) ба поён расонидаам ва агар лозим бошад маҷмӯъи номанигориҳое, ки дар ин робита тайи шаш соли ахир ба муовинати синамоӣ, «Симофилм» ва бунёди Форобӣ навиштаамро мунташир мекунам».

Коргардони филми таҳсиншуда «Ашки сармо» дар идома афзӯд: «Синамои Эрон тавони сохти беш аз як филм бо мавзӯъи Курӯши Кабирро надорад ва навиди сохти чунин филмеро пеш аз оқои Ҷаъфарӣ ҷилӯи муовини синамои вақт, оқои Шоҳ Ҳусайнӣ, мудиромили пешини бунёди Форобӣ ва ҳамчунин оқои Мираълоӣ, мудири феълии ин бунёд дар мусоҳибаҳои худ унвон карда ва ба каррот гуфта шуда буд, ки филмномаи «Курӯши Кабир (Зӯлқарнайн)» қарор аст бо ҳимояти бунёди Форобӣ ба филмноманависии банда сохта шавад ва ин мавзӯъест, ки барои ҳеч фард ва ё ҳадди аққал аҳолии синамо пӯшида нест. Бо ин авсоф намедонам чаро иддае иқдом ба сохти тарҳи синамоӣ бо ин мазмун кардаанд?»

Ин филмноманавис дар идомаи сӯҳбатҳои худ афзӯд: «Аз ҳамин рӯ тайи ин шаш сол тамоми вақту энержии худро бар рӯи сохти ин филм гузоштам, то шояд дунё мутаваҷҷиҳи нигоҳи мутааҳҳидонаи мо нисбат ба шахсиятҳои миллиамон шаванд ва дигар ба решаҳои як миллати бузург ҳамла накунанд ва ё ин, ки ба роҳатӣ решаҳои як миллатро зери суол набаранд. Таъаҷҷӯб мекунам аз дӯстони ҳирфаӣ, ки бидуни ҳатто як тамоси телефонӣ бо банда ва ё таҳиякунанда корҳои журналистӣ мекунанд ва ғофил аз авоқиби он ҳастанд».

Вай дар поён гуфт: «Магар синамои Эрон зарфияти тавлиди чанд асари миллӣ бо як унвон дорад? Ҳар чанд умедворам рӯзе бирасад, ки Эрон ба зарфияти тавлиди даҳҳо филми фохир ва миллӣ бирасад. Шахсиятиҳои миллӣ ҳаргиз мутааллиқ ба шахс ё гурӯҳи хоссе нестанд. Аммо оё авлавияти кор бо касе нест, ки шаш сол вақт ва энержӣ гузошта, таҳқиқот карда, филмнома навишта ва таҳиякунанда барои ин тарҳ пайдо карда аст? Ман аз ҷумлаи касоне будам, ки ҳамвора дар андешаи сохти филме бо мавзӯъи Курӯш Кабир будаам, дар натиҷа интизор надошта бошанд ҳол, ки ин тарҳ ба зудӣ дар ҷараёни тавлид қарор хоҳад гирифт, ман сукут намекунам».

Миръалоӣ: Ҳақ бо Азизуллоҳ Ҳамиднажод аст

Аҳмад Миръалоӣ, мудиромили Форобӣ эълом кард, ки тайи таҳқиқоташ ба ин натиҷа расида, ки дар бораи сохти тарҳи Курӯш Кабир ҳақ бо Азизуллоҳ Ҳамиднажод аст, зеро хеле зудтар дунболи таҳқиқоти ин сюжа рафтааст. Миръалоӣ дар бораи тарҳи Алӣ Муаллим ва Масъуд Ҷаъфарии Ҷавзонӣ ҳам гуфт: «Ман барои ин ду азизи ҳамкор эҳтиром қоилам, аммо бояд бидонанд, ки Ҳамиднажод зудтар суроғи мавзӯъ рафта ва дар ҳоли ҳозир бо таваҷҷуҳ ба кам ҳазина будани филм фақат як нафар метавонад онро бисозад, ки ҳаққи Ҳамиднажод аст. Вай эълом кард, ки алоқаманд аст то поёни имсол филм ба тавлид бирасад ва асаре фохир ва ҷаҳонӣ дар сатҳи истондордҳои байналмилалӣ бошад.

Аммо Алӣ Муъаллим: «Курӯши Кабир як шахсияти таърихӣ аст, ки натанҳо оқои Ҳамиднажод, балки синамои Инглистон ҳам дар чанд соли гузашта эълом карда буд, ки қасд дорад чунин филмеро бисозад… Шахсияти таърихиро касе сабт намекунад, бинобар ин сохти ду филм дар бораи Курӯш Кабир метавонад иттифоқ биуфтад, чун эшон дидгоҳи худашонро матраҳ мекунанд ва мо ҳам дидгоҳи худамонро, ки вижагиҳои хосси худамонро дорад ва умедворем ин ду тарҳ дар ҷараёни ҳам идома пайдо кунад».

Манбаъ: «http:cinemaema.com»

Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi