15:16:03 24-уми Апрели 2026 сол

Номаи ҷонсӯз ба қиблагоҳи ҷовидонам ва модари азизам...

Падарҷони азизам, сутуни холимондаи хонадонам ва Модари ҷоннисорам, фариштаи беболу парам...

ahmadshohi sulton 54124545122Имрӯз боз ҳамон рӯзест, ки тақвим бо хати сурх ва дили ман бо хати хун нишон додаанд. Имрӯз рӯзи ба дунё омадани шумост, падарҷон. Рӯзе, ки солеҳе ба ин олам омад, то барои мо дунёро нурбахш ва зиндагиро маъно диҳад. Аммо афсӯс, ки имрӯз дар хонаи мо садои хандаи шумо намеояд ва ман наметавонам дастони коргару меҳрубони шуморо бибӯсаму бо лабханди пур аз меҳр гӯям: «Зодрӯз муборак, такягоҳи зиндагиям!»

Чанд сол шуд, ки шумо моро дар ин дунёи бераҳм танҳо гузошта, ба сафари бебозгашт рафтед. Ва дарду ҳасрати мо он гоҳ дучанд шуд, ки Модарам — он чароғи дуюми хонадони мо — тоқати дурии шуморо накарда, гӯё барои ҷустуҷӯи шумо ба дунболатон рафт. Шумо ҳарду рафтед ва тамоми орзуҳоеро, ки бо мо доштед, мисли як ганҷи ноёфт ба зери хоки сард бурдед. Чӣ қадар орзуҳое, ки бояд бо шумо медидем, имрӯз дар кунҷи диламон ба армон табдил ёфтаанд.

Падарҷон, Модарҷон, агар имрӯз мебудед ва медидед, ки чӣ гуна боғчаи зиндагии мо бо наберагони ширин шукуфтааст... Дилам хун мешавад, вақте мебинам, ки онҳо аз бузургтарин давлати дунё — дуову оғӯши бобою бибӣ маҳруманд.

Усмонҷони калонии ман, ки ҳоло қариб 4-сола аст, бо шӯхиҳояш хонаро пур мекунад. Ӯ ҳар бор ба сурати шумо нигоҳ карда, чизе мепурсад, ки ҷавобаш танҳо ашки ман аст.

Хадичаи кариб 2-солаам, ки мисли гул дар ин хона мешукуфад ва бо нигоҳҳои бегуноҳаш гӯё меҳри модарамро меҷӯяд.

Ва Султонҷон, писари дуюмам... Падарҷон, барои он ки номи шумо аз ин хонадон гум нашавад, барои он ки ҳар субҳ касе бо номи шумо садо дода шавад, ӯро "Султон" ном гузоштам.

Чӣ қадар дардовар аст, вақте Султонҷони хурдакакро садо мезанам, тамоми вуҷудам меларзад. Гӯё шумо дар симои ин кӯдак дубора ба мо баргашта бошед. Чӣ қадар орзу доштам, ки шумо Султони хурдакакро дар оғӯш мегирифтед, ба гӯшаш азон мегуфтед ва бо он дастони пур аз баракататон дуояш мекардед. Афсӯс, ки онҳо танҳо аз рӯи суратҳо медонанд, ки чӣ гуна бобою бибии фариштахисол доштанд ва ин бузургтарин армони зиндагии ман хоҳад монд.

Падарҷон, дар ин рӯзи зодрӯзатон як хушхабаре дорам, ки медонам рӯҳи шуморо дар ҷаннат шод мекунад. Фарзанди шумо, бародари азизи ман — Субҳиддинҷон, ҳамин ду рӯз пеш аз сафари муқаддаси Умра ва зиёрати Хонаи Худо баргашт. Ӯ аз канори Каъба бо сари баланд ва қалби пурнур омад.

Имрӯз дар хонаи шумо ва бародарам тамоми аҳлу оила, фарзандону пайвандон ҷамъ омадаем. Мо ҳама гирди ҳам нишастаем, то зодрӯзи шуморо ёд кунем. Аммо дар миёни ин ҳама ҷамъомад, ҷойи шумо дар нӯри хона холисту чашмони мо ҳамоно дар интизори даромадани шумост.

Модарҷон, агар шумо мебудед, имрӯз бо чӣ қадар ифтихору меҳрубонӣ барои Ҳоҷии худ дастурхон меоростед, испанд дуд мекардед ва бо ашки шодӣ ба қаду басти Субҳиддинҷон нигоҳ карда, шукрона мегуфтед. Имрӯз мо ҳама ҳастем, аммо бе шумо гӯё офтоб аз ин хона рафтааст.

Падарҷон, тӯҳфаи ман имрӯз барои шумо на гул асту на чизе аз матои ин дунё. Тӯҳфаи ман дуоҳои нимашабӣ, ашкҳои резон ва нури Каъбаест, ки Субҳиддинҷон бо худ овард ва мо онро ба рӯҳи поки шумо мебахшем. Мо аз Худованд бо тазарруъ мехоҳем, ки ин зиёрати бародарам ва ин ҷамъомади мо боиси мағфират ва баланд шудани дараҷаи шумо ва модарам дар ҷаннат гардад.

Зодрӯзатон дар назди фариштагони Арш муборак бошад, Султони қалби мо! Мо шуморо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем ва то нафаси охирин пазмони садои пойҳо ва бӯи оғӯшатон ҳастем. Бигзор хоки қабратон аз нури Илоҳӣ мунаввар ва ҷоятон дар паҳлӯи ҳам дар фирдавси барин бошад.

Мо шуморо то қиёмат дӯст медорем ва пазмонем...

Бо эҳтиром, ашки резон ва қалби пазмон, Аҳмадшоҳи Султон.