Устод Султони Ҳамад як инсони вораста, покзамир, миллатмеҳвар, фарҳангпарвар, хоксору пуртавозуъ, хушсуҳбат буданд
Ба дил гуфтам, кадомин шева душвор аст дар олам,
Нафас дар хун тапиду гуфт: поси ошноиҳо!
Ҳазрати Бедил
Ҷашни зодрӯзи устод Султони Ҳамадро ба аҳли хонадонашон, ба дӯстонашон, ба ҳамандешонашон, ба ҳама инсонҳои шарифу поктинат муборакбод мегӯям. Устод барои миллати мо басо корҳои бузургу сутургу мондагореро анҷом додаанд.
Нахуст аз ҳама, Аҳмад Зоҳирро-ин овозхони яктою маҳбуби ҳамтабору ҳамзабону ҳамхунамонро тавассути китобҳои хеш, озмунҳо ва маҳофили созмондодаи хеш ба аъзои ҳар хонадони тоҷик бишносониданд, оташи меҳри ӯро дар дилашон барафрӯхтанд. Аҳмад Зоҳир узви хонадони ҳар тоҷик шуд. Дуввум, китоби мусоҳабаҳои эшон таҳти унвони " Дар суҳбати соҳибдилон" худ як намунаи рӯшани чӣ гуна бояд будани жанри мусоҳаба аст.
Ҳамзамон, тавассути суҳбатҳои ҷолибашон бо даҳҳо инсонҳои бузург, онҳоро бо мо бишносониданд. Саввум, сомонаи "Рӯзгор"- як қомуси миллӣ ва фаромиллиеро тоъсис додаанд, ки ҳовии басо матолиби ҷолиб буду ҳаст. Чаҳорум, устод олим буданд ва олим ба маънии басо жарфу комилаш. Бозёфтҳои илмии устодро дар ҳар китоби он кас, азҷумла, китоби ахирашон "Лоҳутӣ оҳангсоз ҳам буд" бармало мебинем... Панҷум... Ин бозшумориро метавон хеле ва хеле идома дод.
Вале ин ҳама як сӯ! Устод Султони Ҳамад як инсони вораста, покзамир, миллатмеҳвар, фарҳангпарвар, хоксору пуртавозуъ, хушсуҳбат буданд, ки бо ҳама бузургишон аз ман-маниву ҳамҳамаву дамдамаву болонишинӣ канору дурӣ меҷустанд. Ман шод аз он ҳастам, ки бо чунин як инсони покгуҳар солҳо ифтихори дӯстиву бародарӣ доштам ва аз суҳбатҳои шаккаринашон баҳраҳои зиёде бурдаам. Устод дар маҳфили арӯсию домодии писарам Кова бо ҳузур ва ширкати пуршарофати хеш моро шод бинмуда буданд.
Ва, шукри Худованд, ки ин рафоқату дӯстиро бо фарзандони накӯноми эшон идома медиҳам. Мо мақрузи хидматҳои бузурги устод дар назди миллат ҳастем! (Азҷумла, инҷониб ният дорам, як чизаки бузургтаре дар бораи рӯзу рӯзгори устод бинвисам!) Аз Худои зулҷалол ва маннон таманнои онро дорам, ки манзили абади устодро дар каноре аз боғи биҳишташ ҷой бидиҳад. Ёди нозанинашон гиромӣ бод!
Тилав Расулзода