23:27:07 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

АҲМАД ЗОҲИР ВА СУЛТОНИ ҲАМАД

Ошиқе, ки хоста буд нома нависад, навишт. Номааш ба маъшуқа расид… Шоире дар талоши шеър буд… Шеърашро хонданд… Мусаввире сари тоблуе муддате заҳмат мекашид… Тоблуяш аржанги сонӣ номиданд… Инсон ҳамеша қодир буд ба андозаи тавоне, ки Парвардигор атояш карда, эъҷозе кунад.

Ahmad Zahir-va-Soltan Hamad 215487…Ва рӯзе садое бархост шӯрангез, рӯҳбахш, беҳамто. Садое, ки хурӯши рӯдҳо ва фарёди қалбҳоро тавонист дар худ гунҷонад. Садое, ки тавонист зиндагиро, зистанро, ҷавониро, ишқро, орзуҳоро тараннум намояд. Ин садо баланд шуд, дар қалбҳо шарар афрӯхт, зилзила кард, тасхир сохт ва то ҷовидонаҳо равона гардид…

… Зиндагонии як одамаке шӯрида… Як зиндагонии кӯчак ва рангин, ошиқона…

… Ва рӯзе, ки садои ошно баланд шуд ва тӯл кашид ҷовидона, Аҳмад Зоҳирро шинохтанд.

Аҳмад Зоҳир. Ҳамоне, ки султони қалбҳост. Маҳбубияти сурудаҳояш ба ҳадде кашида, ки ҳар яке аз алоқамандони сӯзу созаш ба гунае ошкор намудаанд дилбастагии худро нисбати «алмоси шарқ»

Яке деворҳои хонаашро бо сурати Аҳмад Зоҳир ороста…

Дигаре шеъре ба васфаш суруда…

Яке сурудҳояшро аз бар кардаву дигаре суруда.

Яке мӯйҳояшро ба тақлиди Аҳмад Зоҳир оро додаву дигаре дар телфонаш садои ӯро барои занг гузошта.

Яке мақолаҳо навишта.

Яке китобе.

Ин якеву дигаре издиҳомеянд бешумор ва ҳазорон ҳазор…

…Ва яке бештар аз дигарон дар зиндагонии худ садои Аҳмад Зоҳирро ҳамсафар қарор дода…Тавониста, ки дар ҷодаи мухлисият ба Аҳмад Зоҳир эъҷоз намояд…

… Чандин бор хостаем, ки чизе аз Аҳмад Зоҳир нависем… Натавонистаем.

…Ва ӯ тавониста… Чаро эъҷоз набошад он ҳама далоиле, ки дар китоби «Султони қалбҳо» фароҳам оварда шудаанд? Боре кӯшидаед, ки чунин кореро барои Аҳмад Зоҳир карда бошед? Ва оё тавонистаед?

Пас бояд пазируфт, ки дар роҳи мухлисият ба Аҳмад Зоҳир ӯ муваффақ шуда!

Ӯ СУЛТОНИ ҲАМАД аст…

Ҳоҷиқавом Афсаҳов

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi