Султони қалбҳо дар ёди дӯстон
АЙ ПАДАР, МО ҲАМАГӢ ЧАШМ БА РОҲАТ ҲАСТЕМ...
Ёди гиромиат то абад дар дилу дида хоҳад монд, Падарам! Имрӯз рӯзи Шумост, ай нури чашмонам. Рӯзе, ки субҳи барвақт барои табрики Шумо меомадаму бо як нигоҳи пур аз меҳру вафо сӯям менигаристед...
Ҳатто эҳсос мекардед, ки ман пушти дараму ба табрикии Шумо омадаам. Аммо имрӯз танҳо аз мулки ғариб бароятон аз даргоҳи Худованди меҳрабон, Фирдавси барринро талабгорам. ИншоАллоҳ ваъдаи Худованд аст, барои ҳама заҳматҳоятон баҳри мо фарзандону ҷамъияту кишвар ва моро ба роҳи Ҳаққ таълиму тарбият кардаатон, манзили охиратон пур нур асту дар яке аз боғҳои Биҳишт ҳастед. Ёдатон гиромӣ бод, Падари бузургворам!
Падарам, тоҷи сарам чашм ба роҳат будам,
Ҳама дам ошиқи лабханди нигоҳат будам.
Ай фалак, аз чи задӣ оташи ғам бар ҷигарам,
Кош ҷойи падарам, ман сари роҳат будам.
Ай сафаркарда ба Меъроҷ, ба ёдат ҳастем,
Ай падар, мо ҳамагӣ чашм ба роҳат ҳастем.
Ту сафар кардиву осуда шудӣ аз даврон,
Ҳама мотамзада, ҳар лаҳза ба ёдат ҳастем…
ҷаҳонгири Султон