15:09:19 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО: "ПАЙКАРАИ СУЛТОНИ ҲАМАД"

Abdulla Rahnamo 452154Рӯйи мармар дошт Султони Ҳамад,

Қадди ар-ар дошт Султони Ҳамад,

Дар муҳиту мактаби одамгарѝ,

Сабки дигар дошт Султони Ҳамад.

 

Кӯҳ буд, яъне, ки кӯҳи тоҷикӣ,

Бо ғуруру бо шукӯҳи тоҷикӣ,

Бар тавонмандии рӯҳи тоҷикӣ,

Сахт бовар дошт Султони Ҳамад.

 

1.sulton hamad 54548745Ҳамчу афсар буд виҷдони Ватан,

Ҷони ӯ пайваста бо ҷони Ватан,

Соати марги бузургони Ватан,

Дидаи тар дошт Султони Ҳамад.

 

Дар сиёсат низ марди роҳ буд,

Ёри Раббонию Аҳмадшоҳ буд,

Аз қимори Осиё огоҳ буд,

Фикри кишвар дошт Султони Ҳамад.

 

2.sulton hamad 54548745Чашму гӯшу ҳӯшу истеъдод буд,

Бегумон, кашшофи модарзод буд,

Сахт огоҳу хирадбунёд буд,

Ҳӯши бартар дошт Султони Ҳамад.

 

Аз такопӯҳои миллат бохабар,

Нури чашми мардуми соҳибназар,

Эй аҷаб, дар ҳар дару дар ҳар гузар,

Сад бародар дошт Султони Ҳамад.

 

3.sulton hamad 54548745Гоҳ аз ҳоли ҳунармандон вакил,

Гоҳ аз дарди муҳоҷир хастадил,

Гоҳ аз номардии ёрон хиҷил,

Рӯҳи пар – пар дошт Султони Ҳамад.

 

Чун фазояш гоҳ – гоҳе танг буд,

Сарпаноҳаш сангари фарҳанг буд.

Лек дар фарҳанг ҳам сарҳанг буд,

Ҳарфу минбар дошт Султони Ҳамад.

 

6.sulton hamad 54548745Ҷилди таърихи Ватан дар кабзи ӯ,

Ҳикмати Бурхи Валѝ дар набзи ӯ,

Мулки Вахё ҷонамози сабзи ӯ …

Дурру гавҳар дошт Султони Ҳамад.

 

Вусъати рӯҳи матинаш ёд бод,

Хандаҳои ростинаш ёд бод,

Дурбини дурбинаш ёд бод,

Сабки дигар дошт Султони Ҳамад…

 

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi