17:53:23 24-уми Июни 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

Ёди рӯзгори ширин аз Султони қалбҳо

Аҳмадҷони азиз, нолаю сӯзатонро дар бораи падар хондам! Хондам, хело самимӣ ва замини додарам. Ба назарам устоди азиз Султони Ҳамад беҳтарин шахсияти миллии мо баъди устод Муъмин Қаноат ба назар мерасид. Зиқию чашмони пурашки ӯро дар ҷанозаи устод Қаноат ва кайфияташро дар ҷашни 85 солагии устод Қаноат мушоҳида намуда будам.

ustad-s.hamad 89452112Бо ҳам бисёр вақт дар тамоси гуфтугӯи мешудем ва хело шакаршиканӣ мекардем. Марги ӯ ва хусусан беморияш барои ман ногаҳонӣ буд. Чанд боре занг задам, гӯширо нагирифтанд. Баъди чанд вақте бо тамосе ба акои Доди Қабодиёнӣ аз Вахёи боло шудам ва аз ӯ оиди акои Султон пурсидам ва ӯ ба ман хабар дод, ки устод бемори вазнин аст. Зуд ба тамос баромадам ва хушбахтона гӯширо бардоштед! Ӯро аҳволпурсӣ кардам. Аммо ба дидораш нарасидам. Ба ҳаминаш низ раҳмат, ки акои Дод ба ман хабар расонд ва бо тамоси телефонӣ бо устоди азиз дар сухан шудам ва суханҳои муассире барои дили бемор гуфтам….

Бо ӯ дар алоқаҳои телефонӣ ба таври низоми гӯиш доштам: полковник Султони Ҳамад шуморо полковник Варқаи Зайниддин аз Қурғонтеппа ташвиш медиҳад! Ӯ хело шод мешуд ва механдидем. Баъд ба суҳбати фарҳангию миллӣ ва манзараҳои зодгоҳамон мегузаштем. Воқеъан чунин инсонҳо бениҳоят кам мерӯянд дар ин дунё. Худо биёмурзад устод Султони Ҳамадро шахси биҳиштие дар замин буд, ки ба истилоҳи шоири навпардози мо Озари азиз «Бол кушоду рафт»!

Вақто, ки навори видиоии овозхононро аз оҳангхои Аҳмад Зоҳир дар охирин маҳфили ёдбуди   Аҳмад Зоҳир бо ширкати устод Султони Ҳамад тамошо кардам, соатҳо ашкам ҷорӣ шуд. Афсӯс мехӯрдам, ки эй кош ман низ онҷо мешудаму чор баромад оиди устод Султони Ҳамаду кори бузургаш нисбати Аҳмад Зоҳири дардошно ва фарҳангу тамадуни миллат қироат мекардам!             

Ёдаш ба хайр бодо устодро ва ҷояш Ҷаннати барин бошад. Омин ё РабалЪоламин!

Воқеан шумо касби журналистӣ доштаед ва навиштаҳоятон низ аз истеъдоди ирсии шумо дарак медиҳанд ва ба хотири падар домани ин касбро маҳкам доред. Шумо ҳатман дар ин ҷода муваффақ хоҳед шуд додари азиз! Дуо мекунем ва Худо подшох аст!  

Бо эҳтиром Варқаи Зайниддин - узви ИЖ ҶТ, ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi