01:26:08 26-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 17

Дар банди 4 – уми «Протокол оид ба масъалаҳои сиёсӣ», ки ҷузъи таркибии Созишномаи умумии Сулҳ аст, чунин омадааст: «Мақомҳои Ҳукумати Тоҷикистон баъди ба анҷом расидани марҳилаи дуюми татбиқи «Протокол оид ба проблемаҳои низомӣ», манъ ва маҳдудияти фаъолияти аҳзоб ва ҳаракатҳои сиёсии ҷузъи Иттиҳоди Мухолифини Тоҷик ва воситаҳои ахбори оммаро бартараф мекунанд». Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 маи соли 1998 «Дар бораи қабули қонуни ҳизбҳои сиёсӣ» маҳз ба ҳамин нуктаҳои Протоколҳои Созишномаи умумии Сулҳи байни тоҷикон мухолифат мекард.

 

Мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур маънои шикасти раванди истиқрори Сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишварро дошт. Зеро тибқи қонуни мазкур яке аз ҳизбҳои асосии ИНОТ Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дигар ҳуқуқ надошт арзи вуҷуд намояд, ҳатто баъди татбиқи пурраи Протоколи низомӣ наметавонист ба фаъолияти сиёсии худ аз нав машғул шавад. Ин иқдоми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо эътирози роҳбарияти ИНОТ, балки нигаронии Созмони Миллали Муттаҳид, кишварҳои Гурӯҳи Тамос, департаменти давлатии ИМА – ро ба вуҷуд овард. Онҳо аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб намуданд, ки нуктаҳои Созишномаи умумии Сулҳро риоя намуда ва татбиқи саривақтии онро дар ҳаёт таъмин намояд.

 

Барои ҳалли ин бӯҳрони сиёсӣ низ лозим буд мулоқоти Раиси КОМ бо Раиси Ҷумҳур баргузор шавад. Дар ин ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки барои ҳаллу фасли мушкили пешомада Комиссияи Созиш таъсис дода шавад, ки он бояд дар зарфи 20 рӯз моддаҳои 3 ва 4 – и Қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» - ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба натиҷаи қобили қабули ҳарду ҷониб бирасад.

 

Комиссияи Созиш, ки аз 12 нафар намояндагони дастгоҳи Раёсати Ҷумҳурӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи Оштии Миллӣ иборат буд, аз рӯзи 3 июн ба кори худ шурӯъ кард. Баҳсу мунозираҳо атрофи моддаи 3 – и қонуни мазкур чандон тӯлонӣ набуданд ва ҷонибҳо зуд ба мувофақа расиданд. Чуноне, ки дар боло қайд кардем дар банди аввали моддаи сеюм омадааст: «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳизбҳои сиёсии ҷумҳуриявие таъсис дода мешавад, ки дар аксарияти вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ибтидоӣ дошта бошанд».

 

Аз ин банд чунин бармеояд, ки ҳизби ҷумҳуриявӣ ҳанӯз расман таъсис наёфта, бояд ғайрирасмӣ ва ё дақиқтараш ғайриқонунӣ дар аксарияти шаҳру районҳои ҷумҳурӣ фаъолият намуда, ташкилотҳои ибтидоии худро созмон диҳад. Табиист, ки ин банди моддаи сеюми Қонун тағйир хӯрд ва тарафҳо ба чунин таҳрири он розӣ шуданд: «Баъди аз қайди давлатӣ гузаштан, ҳизбҳои сиёсӣ дар муддати 3 моҳ бояд дар аксарияти вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ташкилотҳои ибтидоӣ дошта бошанд».

 

Дар банди охири моддаи сеюми Қонуни мазкур омадааст: «Ҳизбҳои сиёсии ташкилшаванда бояд на камтар аз ҳазор нафар аъзо дошта бошад». Намояндагони ИНОТ дар Комиссияи Созиш бо мақсади пешгирӣ аз таъсиси аҳзобе, ки дар асоси маҳал ё минтақа ташкил дода мешаванд, пешниҳод намуданд, ки ин банд ба шакли зерин таҳрир ёбад: «Ҳизби сиёсӣ ба-рои аз қайди давлатӣ гузаштан, рӯйхати на камтар аз ҳазор нафар шаҳрвандони тарафдорашро, ки сокини аксарияти шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонанд, пешниҳод менамояд».  

 

Ҷониби Ҳукумат ин пешниҳодро низ пазируфт, вале чи тавре, ки пешбинӣ шуда буд, мунозираҳои асосӣ дар атрофи банди дуюми моддаи 4 – уми Қонун сурат гирифт. Ин банд дар Қонуни ба тасвибрасидаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсие, ки характери динӣ доранд, манъ аст».

 

Ҷониби Ҳукумат бо истинод ба моддаҳои 1 ва 8 – и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо дунявӣ будани низоми давлатдории кишвар ва аз давлат ҷудо будани дин таъкид мешавад, аз ихтисор кардани ин банди Қонун сарфи назар карданӣ буд. Намояндагони ИНОТ дар Комиссияи Созиш низ бо такя ба Конститутсияи Ҷумҳурӣ, асноди Созишномаи умумии Сулҳ ва таҷрибаи мамолики тараққикардаву демократии дунё, аз ҷумла ИМА, Фаронса, Олмон, Туркия, Федератсияи Русия ва ҳамчунин бо ишора ба суханронии Президент иброз намуданд, ки дунявӣ будани сохтори давлатдорӣ ва дар Сарқонун таъкид шудани ҷудоии давлат аз дин ба маънии манъи фаъолияти аҳзоби сиёсии характери динӣ дошта нест, зеро дар Конститутсияҳои ИМА, Фаронса, Олмон, Туркия, Федератсияи Русия ва ғайра низ ҷудоии дин аз давлат таъкид шуда ва ё сохтори давлатдории ағлаби онҳо дунявӣ эълон шуда бошанд ҳам, аҳзоби сиёсии характери динӣ дошта дар ин кишварҳо фаъолият мекунанд.

 

Баҳсу мунозираҳои тезу тунд дар Комиссияи Созиш низ беш аз ду ҳафта идома доштанд. Билохира сӯзиши қалбҳои аъзоёни ин комиссия барои тақдири Сулҳ, ояндаи миллату кишвар онҳоро ба созиш овард.  Рӯзи 18 июни соли 1998 дар ҷаласаи охири худ Комиссияи Созиш нисбати масъалаи мазкур низ ба мувофиқа расид. Қарор шуд, ки дар моддаи 4 – уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» банди дуюм аз матн хориҷ карда шавад ва ба ҷои он матни зерин пешниҳод гардад: «Ҳизбҳои сиёсӣ ва аъзои он дар фаъолияти сиёсиашон ҳақ надоранд, ки аз ташкилотҳои динӣ истифода намоянд».

 

Худи ҳамон рӯз ин қарори Комиссияи Созиш ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд ва аз ӯ хоҳиш карда шуд дар ин асос Қонуни қабулқардаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» барои баррасии такрорӣ ба Маҷлиси Олӣ бозгардонад. 18 июни соли 1998 Президент тавсияҳои Комиссияи Созишро қабул намуд ва ба Қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки пештар аз тарафи Маҷлиси Олӣ қабул шуда буд, вето гузошт.

 

Иҷлосияи 10 – уми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 12 – 13 ноябри соли 1998 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, дар қатори муҳокимаи мавзӯи муҳими рӯз, яъне ҳуҷуми нерӯҳои полковники исёнгар Маҳмуд Худойбердиев ба шимоли кишвар лоиҳаи Қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» - ро аз сари нав бо дарназардошти тағйироту иловаҳое, ки Комиссияи Созиш ба моддаҳои 3 ва 4 – и он ворид карда буд, мавриди баррасӣ қарор дод. Ин дафъа вакилони мардумӣ бо як овоз аз тағйироту иловаҳои пешниҳодкардаи Комиссияи Созиш ҷонибдорӣ намуданд.

 

Бад ин минвол моддаҳои 3 – 4 – и Қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» баъди аз нав қабул шудани қонун аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сурати зайл таҳрири ниҳоии худро пайдо кард:

 

Моддаи 3. Таъсиси ҳизбҳои сиёсӢ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳизбҳои сиёсии ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда метавонанд.

 

Ҳизбҳои сиёсӣ аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона, бидуни ҳеҷ як иҷозат дар анҷумани (конференсия, маҷлис) муассисон таъсис дода шуда, дар он оиннома қабул мегардад ва мақомоти роҳбарикунандаи ҳизб ташкил карда мешавад.

 

Ҳизби сиёсӣ барои аз қайди давлатӣ гузаштан рӯйхати на камтар аз ҳазор нафар шаҳрвандони тараф-дорашро, ки сокинони аксарияти шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонанд, пешниҳод менамоянд.

 

Ҳизб аз рӯзи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш шахси ҳуқуқӣ ҳисоб мешавад.

 

Баъди аз қайди давлатӣ гузаштан ҳизби сиёсӣ дар муддати 3 моҳ бояд дар аксарияти вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ташкилотҳои ибтидоӣ дошта бошад.

 

Дар бораи шаҳр, ноҳия ва санаи гузаронидани анҷумани (конференсияи, маҷлиси) муассисон, инчунин муқаррароти асосии Оинномаи ҳизб гурӯҳи ташаббускор оид ба таъсиси ҳизби сиёсӣ дар воситаи ахбори умум на дертар аз як моҳ пеш аз даъват карда шудани анҷумани (конференсияи, маҷлиси) муассисон хабар медиҳад.

 

 Моддаи 4. Маҳдудиятҳои таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ

Таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсие, ки мақсад ё амалашон ба зӯран сарнагун кардани сохти конститут-сионӣ ва ташкил намудани гурӯҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, маҳаллӣ, иҷтимоӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ карда мешавад.

 

Ҳизбҳои сиёсӣ ва аъзои он дар фаъолияти сиёсиашон ҳақ надоранд, ки аз ташкилотҳои динӣ истифода намоянд.

 

Дар мақомоти бехатарии давлатӣ, корҳои дохилӣ, прокуратура, гумрук ва мақомоти андоз, адлия, судҳо ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, инчунин дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мактабҳои миёна ва олӣ, таъсис додан ва фаъо-лият кардани ташкилоти ҳизбҳои сиёсӣ мумкин нест.

 

Дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, аз он ҷумла сохторҳои он манъ аст».

 

(идома дорад)

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/3322----lr-17.html



Шарҳҳо   

 
+2 #1 Guest 20.10.2010 23:03
Бехтарин кор кардед, ки ёдоштхои устод Нуриро тахти унвони "Оштинома" барои алокамандони маводхои таърихи чоп кардед. Чизхое, ки нашр шуданд, мутаассифона, фаромушшада истодаанд. Ин бошад, кори хуб нест. Шумо хуб мекунед, ки боз якбор ба хотир меоред, ки Сулх чи гуна ба даст омад.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi