Ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак бод, дӯстони азиз!
19 сол қабл дар ҳамин рӯз дар Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштӣ дар кишвар аз сӯи раҳбарони ду ҷониби гуфтушунидкунанда бо миёнҷигарии намояндаи вижаи СММ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Дар арафаи аввалин солгарди ин рухдоди муҳими сарнавиштсоз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бузургдошти ин санаи таърихӣ бо як фармони худ ҷашни «Рӯзи ваҳдати миллӣ»-ро таъсис дод, ки он бояд ҳар сол дар рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштӣ таҷлил шавад.
Нахустин таҷлил аз ин ҷашни умумимиллӣ рӯзи 27-уми июни соли 1998 дар Боғи марказии фарҳанг ва истироҳати пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, ки имрӯз номи устод Рӯдакиро дорад, бо ҳузури роҳбарони ҳарду ҷониби сулҳкунанда баргузор гардид. Кишвар ва мардуми Тоҷикистон баъди панҷ соли ҷанги мудҳишу харобиовар аввалин самараҳои дарахти сулҳу оштиро бо ҳам мечашид.
Банда ҳамон вақт бо як аксбардори оддӣ аз ин чорабинӣ чанд лаҳзаи онро ба навор гирифта будам. Бо нашри акси яке аз лаҳзаҳои таърихии нахустин гиромидошти солгарди «Рӯзи ваҳдати миллӣ» даст ба дуъо мебардорам, ки Парвардигори бузург ин сулҳу оштиеро, ки ба қиммати хеле гарон насиби ин миллати азияткашида кардааст, то абад пойдору устувор нигаҳ дошта, нагузорад, ки абрҳои сиёҳи кинаву кудурат фазои ваҳдати миллиро лаҳзае бошад ҳам тира бисозад.
Дӯстони азиз, биёед, якҷо дуъо кунем, ки Худованди азимушшаън аз сари ин миллати шариф газандҳои осмониву заминиро дур андохта, мардумро боз ҳам бештар баҳри обод кардани кишвар сарҷамъ бисозад, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар ин Ватан таҳким бубахшад ва мардуми Тоҷикистони азизро комёбу сарбаланд дар паноҳи раҳмату исматаш ҳамеша нигаҳбон бошад. Омин ё Раббалъоламин!