13:50:16 21-уми Июли 2017 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Июл 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Шабистарӣ дар бораи кумаки Эрон ба фароянди сулҳи тоҷикон

Алиашрафи Муҷтаҳиди Шабистарӣ, сафири нахустини Эрон дар Тоҷикистон (солҳои 1992-1997) мегӯяд, ки дар раванди дастёбӣ ба сулҳи тоҷикон борҳо ҷони худро ба хатар андохтааст.

shabistari 589454545Оқои Шабистарӣ, ки шоми панҷшанбеи 9 октябр дар маҳфили “Муколамаи тамаддунҳо” суҳбат мекард, дар ин замина ба иттифоқе ишора кард, ки дар моҳи ноябри соли 1994 дар шаҳри Хоруғи Бадахшон рух дода буд.

Бар асоси тавофуқи миёни давлати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифони ин кишвар дар даври сеюми музокирот дар шаҳри Исломободи Покистон аз 20 октябр то 1 ноябри соли 1994 қарор буд рӯзи 5 ноябри соли 1994 дар шаҳри Хоруғ табодули усаро ва зиндониён анҷом шавад.

Тибқи ин тавофуқ, давлати Тоҷикистон 27 зиндонии мухолифонро аз тариқи ҳеликуптер ба Хоруғ интиқол дод. Ливию Брутту, намояндаи СММ, Никулос Бурсингер, намояндаи Салиби Сурхи ҷаҳонӣ ва Алиашрафи Шабистарӣ, сафири вақти Эрон дар Тоҷикистон, мебоист бар раванди табодули усаро назорат кунанд.

Аммо Ризвон Садиров, фармондеҳи нерӯҳои Иттиҳоди мухолифони Тоҷикистон, аз иҷрои ин тавофуқ сарпечӣ карда ва хостори озодии билофосилаи Алӣ, мулаққаб ба “Боксёр”, шуд.

Ба гуфтаи оқои Шабистарӣ, ӯ ва Никулос Бурсингер, намояндаи Салиби Сурхи ҷаҳонӣ, маҷбур шудаанд барои музокира бо Ризвон Садиров ба минтақаи Баҳораки Афғонистон, ки аз марзи Тоҷикистон беш аз 100 килуметр фосила дошту роҳҳояш хароб буд, раванд.

Ӯ гуфт: "Дар шаҳри Хоруғҳайсияту эътибори сиёсӣ ва диплумотики худро ба хатар андохтам. Агар муваффақ намешудам, вазири хориҷаи Эрон, ки аз сафари ман хабар надошт, мегуфт, чиро он ҷо рафтӣ? Чун нияти нек доштам, ба нияти худ расидам. Лутфи худованд буд."

Пас аз музокироти тӯлонӣ Ризвон Садиров, фармондеҳи мухолифон, розӣ шудааст, ки 27 асир аз ҷумлаи нерӯҳои давлатиро бо шумори мушобеҳи зиндониёни мухолифон мубодила кунад.

Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Шабистарӣ, вақте ки дар моҳи октябри соли 1992 нерӯҳоиҶабҳаи Халқ ба Душанбе ҳамла карданд, ҳамаи диплумотҳои хориҷӣ аз Душанбе фирор карданд. Танҳо ӯ дар ҳутели “Октябр” монд, дарбонҳо рафта буданду муҳофизе ҳам надошт.

Ӯ гуфт: "Тарсе набуд, зеро медонистам, ки мардуми тоҷик ба ман ва эрониҳо ҳусни назар доранд. Як хабарнигор аз ман пурсид, ки чиро ман намеравам? Гуфтам, ҳар иттифоқе, ки ба дӯстони тоҷик меуфтад, бигзор ба ҳам уфтад."

Раҳмонов кумаки Эронро рад кард

Дар моҳҳои октябру ноябри соли 1992 вилояти Кӯлоб дар ҷануби Тоҷикистон дар муҳосираи иқтисодии рақибони худ қарор дошт ва мардуми ин минтақа аз камбуди шадиди маводди ғизоӣ ранҷ мебурданд. Дар он замон давлати Эрон ба Тоҷикистони ҷангзада ба миқдори зиёд маводди ғизоӣ ирсол карда буд.

Сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе бо мақомоти вилояти Кӯлоб дар тамос шуда ва мавзӯъи ирсоли кумакҳои ғизоӣ ба ин минтақаро матраҳ кардаанд.

Алиашрафи Муҷтаҳиди Шабистарӣ гуфт, ки вақте бо Эмомалӣ Раҳмонов, ки он замон риёсати вилояти Кӯлобро ба уҳда дошт, суҳбате телефунӣ дошт, ӯ давлати Эронро ба пуштибонӣ аз мухолифони давлати Раҳмон Набиев муттаҳам карда ва аз пазируфтани ин кумакҳо имтиноъ ҷуст.

Зимнан, ба гуфтаи бархе аз вақоеънигорон, дар тазоҳуроти густардаи мухолифони давлати Тоҷикистон дар баҳори соли 1992 парчами Эрон боло шуда ва аз шиъорҳои донишҷӯёни Эрон, ки ба ҳангоми Инқилоби исломӣ садо дода буданд, дар ин тазоҳурот истифода мешуд.

Аз ҷумла, шиъори “Золимин, золимин, марг ба найрангатон, Хуни шаҳидони мо мечакад аз чангатон” мисли шиъори донишҷӯёни эронӣ алайҳи Омрико буд, ки дар тазоҳуроти Тоҷикистон вожаи “Омрико” ба “Золимин” иваз шуда буд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Шабистарӣ: "Иттиҳом мезаданд, ки Эрон ба Тоҷикистон силоҳ меоварад. Касе андеша намекард, ки Эрон бо Тоҷикистон марзи муштарак надорад. Аз тариқи ҳавопаймо низ имконпазир набуд, зеро фурудгоҳҳо аз ҷониби нерӯҳои Русия назорат мешуд. Ин таблиғоти душманони мо буд."

Аз ин лиҳоз, занни он мерафт, ки Эрон аз тазоҳуроти мухолифони давлати Тоҷикистон пуштибонӣ кунад ва рақибони мухолифон дар ин замина ангушти иттиҳомро ба сӯйи давлати Эрон ишора рафта буданд.

Аммо давлати Эрон ин иттиҳомро рад карда ва ҳамеша таъкид дошт, ки хостори истиқрори сулҳу субот дар кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги Тоҷикистон аст.

Билохира пас аз музокироти тӯлонӣ оқои Раҳмонов ба вуруди кумакҳои ғизои Эрон ба вилояти Кӯлоб розӣ шуда ва аз тариқи се парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба шаҳри Кӯлоб маводди ғизоӣ мунтақил шуда буд.

Хатари гароиш ба гурӯҳҳои тундрав

Дар ҳамоише дар иртибот ба солгарди Абдураҳмони Ҷомӣ ва Рӯзи Забон дар рӯзи шанбеи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, аз афзоиши мавориди пайвастани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои тундрави исломӣ, аз ҷумла Доъиш, ибрози нигаронӣ кардааст.

Аз ҷумла, Президент Раҳмон гуфтааст, ҳудуди 200 тан аз ҷавонони тоҷик дар суфуфи нерӯҳои “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия ё Доъиш дар набардҳо ширкат карда ва чанд нафари онҳо дар ин ҷангҳо кушта шудаанд.

Алиашрафи Муҷтаҳиди Шабистарӣ, ки дар ин ҳамоиш ширкат дошт, гуфт, донишмандону нухбагони тоҷик бояд дар заминаи таҳкими сулҳу сабот дар Тоҷикистон ба раиси ҷумҳурӣ кумак кунанд. Ба гуфтаи ӯ, бояд онҳо пажӯҳиш анҷом диҳанд, ки чиро ҷавонон ба ин гуна гурӯҳҳои тундрав мепайвананду ҷони худро ба хатар меандозанд.

Ӯ гуфт: "Бояд ҷаҳолат аз байн бурда шавад. Бояд ҷавонон динро ва фарҳанги худро донанд. Он замон ҳеч идеулужии бегона онҳоро наметавонад мунҳариф кунад. Ҷавоне, ки фаҳмиш надорад, ба ҳар гурӯҳ мегаравад."

Сафири пешини Эрон дар Тоҷикистон гуфт, ки сулҳ дар ин кишвар бароҳатӣ ба даст наёмада ва аз ин лиҳоз, ҳам мақомоти давлатӣ ва ҳам аҳзобу созмонҳои ғайридавлатӣ дар ҳифзу нигаҳдории он бояд саҳми фаъъол бигузоранд.

Рақобати Эрону Русия дарТоҷикистон

Сафорати Эрон аз нахустин ниҳодҳои диплумотики хориҷӣ дар Тоҷикистон маҳсуб шуда ва кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия, баъдан сафоратхонаҳои худро дар шаҳри Душанбе боз кардаанд.

Алиашрафи Муҷтаҳиди Шабистарӣ гуфт, Мечеслав Сенкевич, сафири нахустини Русия, ки тоза ба Тоҷикистон омада буд, барои дидор ва ошноӣ ба сафорати Эрон омад. Он солҳо Русия ва Омрико бо ҳам дӯст ва наздик шуда буданд. Ҳар ду алайҳи Эрон ҳарфҳои бад мезаданд.

Оқои Шабистарӣ гуфт: "Дар авоили соли 1992 ман дар ҳутели “Октябр” (ҳоло “Авесто”) ба сар мебурдам. Оқои Сенкевич ба утоқи ман омаду ҳанӯз нанишаста, гуфт, ки ҷаноби сафир медонед, ки мо ин ҷо 70 сол будему дар оянда низ хоҳем буд. Гуфтам бинишинед. Нишасту ҳанӯз аз мавзеъи болотар суҳбат мекард, гуфтам, дуруст гуфтед, шояд 70 ё 100 сол ин ҷо будед, аммо мардуми тоҷик мегӯянд, ин ҷо чаҳор ҳазор сол ҳастем. Баъд ором шуд. Ӯ байни мо рақобат эҳсос мекард. Фикр мекард, Эрон дар Тоҷикистон ҷойи Русияро мегирад."

Баъди ширкати мақомоти баландпояи диплумотики Русия дар музокироти сулҳи тоҷикон муносибати Русия бо Эрон иваз шуд ва дар дастёбии ҷонибҳо ба сулҳ саҳми Русия низ бузург буд.

Ба гуфтаи ӯ, маҳз дар шаҳри Маскав дар рӯзи 27 июни соли 1997 мувофиқатномаи сулҳи тоҷикон ба имзо расида ва ба ҷанги панҷсолаи дохилӣ дар Тоҷикистон хотима гузошт.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1