13:50:43 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 30 31

Мақомот: "Бозгашти Бозор Собир ба интихобот рабте надорад"

Мақомоти тоҷик мегӯянд, бозгашти шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир ба интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ рабт надорад. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 30-юми май дар ҳошияи пазироии Бозор Собир аз сӯи раисиҷумҳур, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо мо ва ББС гуфт, расонаҳои Тоҷикистон аз бозгашти шоир Бозор Собир «ҳангомае» оростанд, ки воқеият надорад.

bozor-sobir 30052013Ба таъкиди Абдуфаттоҳ Шарифзода, Эмомалӣ Раҳмон, аз рӯзҳои аввали раҳбариаш шиори баргардонидани муҳоҷирони тоҷик ба Ватанро пеш гирифта буд ва бозгашти шоир Бозор Собир ҳам дар чорчӯби ҳамин барнома аст. Сухангӯи раисиҷумҳур таъкид кард, ки бозгашти Бозори Собир ба интихоботи президентӣ рабте надорад, чунки .қаблан ҳам борҳо аз Бозор Собир даъват шуда буд, то ба Ватан баргардад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 30 май шоири саршиноси тоҷик Бозори Собирро дар Қасри Миллат ба ҳузур пазируфт. Баъди мулоқот бо президент, Бозори Собир гуфт, ки “сӯҳбати мо сӯҳбати ду фарзанди як хонавода ва сӯҳбати дӯстонаву бародарона” буд.

Хабарнигори мо мегӯяд, дар нахустин лаҳзаҳои пазироӣ аз Бозори Собир, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ҳанӯз замони дар Маскав буданашон тариқи Талбак Назаров, вазири умури хориҷии вақти Тоҷикистон мехостанд, то шоири маҳбуби мо баргардад, аммо вай радд карда буд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки чанд бори дигар тариқи намояндаи Тоҷикистон дар СММ аз Бозоир Собир хоҳиш кардем, то ба ватани худ бозпас биоянд, аммо ин дафъа даъвати моро пазируфтанд. Ба ин далел раисиҷумҳури Тоҷикистон Бозори Собирро хушомадед гуфт ва афзуд, "Мо шуморо дӯст медорем."

Ба навбати худ Бозори Собир ҳам таъкид кард, ки "дар воқеъ вазири хориҷаи вақти Тоҷикистон Талбак Назаров ва намояндаи кишвар дар СММ барои баргаштан ба Ватан бо ӯ тамоси телефонӣ доштанд, вале он замон вазъи сиёсӣ мусоид набуд. Аммо ин дафъа бевосита раисиҷумҳур даъват карданд ва ман омадам."

Бозори Собир ба унвони армуғон як китоби худро ба раисиҷумҳур тақдим кардааст. Пас аз пазироӣ раисиҷумҳур Тоҷикистон Бозори Собирро бо Қасри Миллат ошно намуд.

Бозори Собир баъди анҷоми мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "инки дар ин 20 сол аз мадди назари ҳукумат дур нашудам, бароям ифтихор аст." Ӯ аз ҳукумат барои даъваташ ба ватан изҳори сипос кард ва гуфт, ин даъвати расмӣ эътибори ин сафари ӯро боло мебарад.

Бозори Собир, шоири шинохтаи тоҷик, шоми душанбеи 27 май ба Тоҷикистон баргашт. Бозори Собир, ки тайи 19 соли мусофираташ дар Амрико дастикам 3 дафъа ба Тоҷикистон омада буд, баъди берун шуданаш аз фурудгоҳ ба хабарнигорон гуфт, ки ӯ ҳар бор худаш меомад, вале ин бор бо даъвати бевоситаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргаштааст. Бозори Собир ҳамчунин гуфт, ки фикр мекунад, ин дафъа барои доим омадааст.

Ҳамин тавр, бори аввал гурӯҳҳои наворбардори телевизионҳои давлатӣ низ барои наворгирӣ аз бозгашти шоир дар фурудгоҳ қарор доштанд. Иттифоқоте ки дар сафарҳои қаблии шоир ба Душанбе мушоҳида нашудааст.

Бозори Собир аз соли 1994 дар Сиэтлли Амрико ба сар мебурд. Мақомоти дипломатии Тоҷикистон дар Амрико чанд моҳ боз талош доштанд шоири 74-солаи тоҷикро барои доим ба ватан баргардонанд.

Бозор Собир соли 1938 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Ӯ дар солҳои 70 ва 80 дар саргаҳи ҷунбиши бедории мардуми тоҷик қарор дошт ва бо шеърҳое, чун "Забони модарӣ", "Девори Бухоро", "Ватан" ва "Тоҷикистон" дар радифи Мӯъмин Қаноату Лоиқ ва Гулрухсор аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар поёни солҳои 80 ба ҷунбиши Растохез пайваста, соли 1990 вакили Шӯрои олӣ - парлумони вақти Тоҷикистон - интихоб шуд.

Баъди пирӯзии Фронти халқӣ ва ба қудрат омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон Бозор Собирро дар оғози соли 1993 барои 9 моҳ ба зиндон кашонданд ва ӯ дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ раҳо ёфта, ба Маскав ва аз онҷо соле баъд ба Амрико кӯчид.

Дар Амрико Бозори Собир бисёре аз ақидаҳои қаблиашро дигар ва шеърҳои пешинашро аз нав таҳрир кард. Дар ашъори солҳои охири ӯ бештар ҳасрат аз хубиҳои даврони Шӯравӣ эҳсос мешавад.

Намояндагии Тоҷикистон дар СММ чанд моҳ боз бо Бозор Собир ва пайвандонаш дар Амрико шароити бозгашти ӯ ба Душанберо музокира мекард. Қаблан як идда аз шахсиятҳои саршинос аз мақомоти давлатии Тоҷикистон хоста буданд, ки ин шоири шинохтаро ба ҳар қимате ба ватан баргардонанд.

Аммо бозгашти Бозори Собир дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро бархе як қартаи дигари пешазинтихоботии ҳукумат низ маънидод мекунанд. Худи Бозор Собир шоми 27 май дар сӯҳбати кӯтоҳаш бо хабарнигорон инро ба гунае эътироф ҳам кард ва гуфт, аз ҳизби зиёд дар Тоҷикистон зарар аст, то фоида ва ба назари ӯ, дар чунин шароит зиёиён бояд дар атрофи раисиҷумҳур муттаҳид шавад. 

Бозор Собир гуфт, як сабаби пазируфтани даъвати Эмомалӣ Раҳмон барои бозгашт ба ватан ҳамин буд. Вале афзуд, сабаби дигараш синни ӯст, ки ришаш ҳам сафед шудааст ва мурдан дар мусофират, ба гуфтаи шоир,  хеле гарон ҳа дар Амрико, барои мисол, то 10 000 доллар мехоҳад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi