13:48:03 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Шикояти Зайд Саидов аз дарди меъда ва баҳси қазияи ӯ дар мулоқоти аҳзоб бо Мюллер

Вакили мудофеъи Зайд Саидов мегӯяд, дар боздоштгоҳ дарди меъдаи муваккилаш хуруҷ кардааст. Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони дифоъи Зайд Саидов рӯзи 28 май ба мо гуфт, ки Зайд Саидов дар мулоқоти аз вазъи нохуби саломатии худ шикоят кард. «Шароити СИЗО барои ҳама маълум аст, дар онҷо бемории меъдаи Зайд Саидов хуруҷ кардааст ва ӯ аз дарди зиёди меъда шкоят мекард,» - гуфт оқои Табаров.

saidov zaydullo 2013Исҳоқ Табаров меафзояд, ки ҳарчанд дар ворид кардани давою дору мамониат нест, вале назорати ҳамаҷониба аз тарафи  пизишк муҳим аст, чунки ин беморӣ метавонад боз сангинтар шавад. «Зайд Саидов маъюби гурӯҳи дувум аст ва дар нисбати ӯ бояд додгоҳ ҳангоми баррасии ҳукми ҳабси думоҳааш гузашт,» - гуфт ин вакили мудофеъ.

Намояндагони аҳзоби мухолиф рӯзи 28 май қазияи Зайд Саидовро дар мулоқоти шиносоӣ бо сафири нави САҲА Маркус Мюллер низ дар миён гузоштаанд. Ба бовари онҳо, таъқиби ин соҳибкор ангезаҳои сирф сиёсӣ дорад ва дар ҷараёни боздошту тафтиши парвандаҳояш ҳуқуқи ӯ ошкоро поймол шудааст. Намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ рӯзи 25 май дар Душанбе як кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи конститутсионии Зайд Саидовро низ таъсис додаанд.

Рузи 27 май додгоҳи шаҳри Душанбе  шикояти вакилони мудофеъ аз ҳукми рӯзи 22 майи додгоҳи ноҳияи Фирдавсиро напазируфт. Исҳоқ Табаров мегӯяд, додгоҳ ҳатто пешниҳоди гарав дар ивази баҳоии Саидов ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зистро қабул накард ва ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсиро ба қувваи худ боқӣ гузошт.

Зайд Саидов рӯзи 19 май баъди бозгашт аз сафари Аврупо дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд. Маҷлиси шаҳри Душанбе танҳо рӯзи 20 май масунияти вакилии ӯро лағв кард ва додгоҳи Фирдавсӣ рӯзи 22 май ҳукми ҳабси пешакии ӯ барои 2 моҳро содир кард. Зайд Саидовро шаби 24 май ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ интиқол доданд.

Мақомот ин соҳибкори шинохтаро ба ҷиноёте, чун порагирӣ, сӯъиистифода аз мақом ва бисёрзанӣ айбдор мекунанд. Аксари иттиҳомоти иқтисодии зидди раиси собиқи Шӯрио анҷуманҳои соҳибкорони Тоҷикистон марбут ба давронест, ки ӯ дар мақоми вазири саноати Тоҷикистон кор мекард. Зайд Саидов соли 1999 тибқи саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси Кумитаи саноат таъйин шуд ва аз соли 2001 то оғози 2007 вазири саноат буд.

Зайд Саидов ва тарафдоронаш мегӯянд, ин ҳама иттиҳомот решаҳои сиёсӣ дорад ва парвандаҳои зидди ӯ баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав шурӯъ шуданд. Зайд Саидов бо ҷамъе аз ҳамфикронаш рӯзи 6 апрел эълон кард, ки як ҳизби нави сиёсии марказгаро бо номи Тоҷикистони навро таъсис медиҳанд. Созмони Хонаи Озодӣ, мақараш дар Амрико, ахиран боздошти соҳибкори тоҷикро намунаи набуди рақобати солими сиёсӣ дар Тоҷикистон ва идомаи саркӯбии дигарандешон арзёбӣ кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi