04:21:15 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мулоқоти омбудсмен Зариф Ализода бо Зайд Саидов

Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон Зариф Ализода рӯзи 23 май бо Зайд Саидов дар ҳузури ҳарсе вакили мудофеъаш мулоқот кардааст. Дафтари матбуоти ваколатдори ҳуқуқи инсон хабар дод, ки дар ин дидор пиромуни шароити нигоҳдорӣ ва имконияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ гуфтугӯ сурат гирифтааст ва оқои Саидов “аз шароити ҷойи нигоҳдорӣ ва муносибати кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия изҳори миннатдорӣ намуд.”

zaid-saidov 24052013

Исҳоқ Табаров, яке аз вакилоне, ки дар ин дидор ширкат дошт, ба мо гуфт,  ки мулоқоти Саидов бо Ализода ним соат идома кард ва муваккили онҳо дар ин дидор бори дигар ба бегуноҳии худ пой фишурда, ба сиёсӣ будани қазияаш таъкид кардааст. Аммо дар мавриди як нуктаи омада дар хабари дафтари матбуоти ваколатдори ҳуқуқи инсон, ки мегӯяд, дар мулоқот бо Ализода “З.Саидов иброз намуд, ки дар атрофи номи ӯ аз ҷониби шахсони алоҳида ва воситаҳои ахбори омма ҳангомаҳо ташкил шуда истодаанд, ки онҳо нодаркоранд ва ба ӯ лозим нестанд”, Исҳоқ Табаров гуфт, дар ҷараёни дидор чунин сӯҳбате аз сӯи Саидов нашудааст.

Дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон мегӯяд, мулоқот бо Зайд Саидов бо ибтикори Зариф Ализода сурат гирифтааст. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Зариф Ализода, ки дар гузашта ба ҷараёни тафтиши парвандаҳо тақрибан дахолат намекард, баъид нест, агар баъди матраҳ шудани ин масъала аз ҷониби як фиристодаи баландпояи Милали Муттаҳид чунин тасмим гирифта бошад. Рӯзи 22 май Иван Шимонович - ёвари дабири кулли СММ Бан Ки Мун – зимни боздидаш аз Тоҷикистон қазияи боздошти Зайд Саидовро бо мақомоти ин кишвар, аз ҷумла бо вазири умури дохила Рамазон Раҳимов ва ваколатдори ҳуқуқи инсон Зариф Ализода дар миён гузошт.

Дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон мегӯяд, ки Зариф Ализода қазияи Зайд Саидовро ҳамчунон пайгирӣ хоҳад кард.

Зайд Саидов соати сеи шаби 19 май баъди бозгашт аз сафар дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд. Рӯзи 20 май маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе  бо аксарияти оро дахлнопазирии вакилии ӯро бекор кард. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 22 май ҳукми ҳабси Саидов барои 2 моҳи ояндаро содир кард.

Зайд Саидов дар ин мурофиа гуфтааст, ки худро гунаҳкор намешуморад ва ин ҳама таъқиботи ӯ баъди эълони азмаш барои сохтани ҳизби Тоҷикистони нав оғоз ёфт. Зайд Саидов танҳо тавҷеҳи ҷониби тафтишот барои тамдид замони ҳабси ӯро, ки рӯбарӯ кардани ӯ бо мудири собиқи корхонаи кимиёвии Исфара Низомхон Ҷӯраев буд, тӯҳмат номида, радд кардаааст.  Саидов гуфтааст, ӯ тамоми сарвате, ки дар хориҷҷамъ карда буд, барои рушду ободии кишвараш сарф кардааст ва аз Ҷӯраев пора нагирифтааст ва мӯҳтоҷи пули ӯ ҳам набуд.

Ифтитоҳи парвандаҳо алайҳи соҳибкори шинохта Зайд Саидов баъди он оғоз шуд, ки ӯ рӯзи 6 апрел бо ҷамъе аз ҳамфикронаш аз таъсиси Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод. Додситонии Душанбе низ рӯзи 11 май хабар дод, ки алайҳи Саидов бо иттиҳоми бисёрзанӣ парванда боз кард. Ожонси зиддифасод ҳамчунин ширкати "Тоҷсохтмон байналмилал"-ро, ки низ ба ин соҳибкор марбут дониста мешавад, ба изофанависӣ ба маблағи 2 миллион сомонӣ дар ҷараёни сохтани "Душанбе-Плаза"- баландтарин бинои пойтахт муттаҳам кардааст.

Аммо баъди боздошти Саидов ин ниҳод гуфт, ки дар ҷараёни тафтиши парвандаи мудири собиқи корхонаи кимиёвии Исфара Низомхон Ҷӯраев, ки аз моҳи апрели соли 2012 дар як шароити нимабоздошт дар ихтиёри Ожонси зиддифасод қарор дорад, ҳолатҳои порагирӣ, қаллобӣ ва сӯъиистифода аз мақоми Зайд Саидов дар замони вазири саноат буданаш ошкор шуд.

Ин ҳама парвандаҳо баъди он эълон шуданд, ки Зайд Саидов рӯзи 6 апрел аз азмаш барои сохтани ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод. Гурӯҳи ташаббускори ҳизби ҷадид мегӯяд, таъқиби раҳбараш решаҳои сиёсӣ дорад. Худи Зайд Саидов қабл аз бозгашташ ба Душанбе дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Озодӣ иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд карда, гуфта буд, ин ҳама фишорҳо ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ ва талоши таъсиси ҳизби сиёсиаш рабт мегирад.

Зайд Саидов 54 сол дошта, соли 1999 тибқи саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси кумитаи саноат таъйин шуд. Ӯ аз соли 2001 то 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд ва баъди тарки ин мақом ба соҳибкорӣ баргашт ва асосан ба бунёди биноҳои баландошёна дар Душанбе машғул буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi