21:53:34 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Изҳороти Гурӯҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав”

 Сарфи назар аз таъкиди пайваста аз хусуси он, ки ҳадаф аз ташаббус дар мавриди таъсиси ҳизби сиёсии «Тоҷикистони Нав» тақвияти сулҳу субот ва мусоидат ба равандҳои созандаи марказгаро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар аст, бо вуҷуди он ки иқдоми мазкур саропо дар мутобиқати комил бо муқаррароти қонунгузории ҷумҳурӣ ба маърази умум пешниҳод шудааст, дар ҳоле ки ин ташаббус аз масъулияти бузурги муаллифонаш манша мегирад, ки моҳияташ заррае ҳам ворид накардани халал ба ҳаёти ҷомеъа ва амнияти давлат мебошад, мутаассифона аксуламали мақомоти марбутаи давлатӣ дар ин ҷода беш аз пеш аз худ дарак медиҳад.

1.tojikistoni-nav-19052013Алҳол дар ин рабт нуқтаи ниҳоии бағоят нигаронкунанда амали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бавижа Агентии мубориза алайҳи фасод нисбат ба сарвари гурӯҳи ташаббускор – Зайд Саидов аст. Мавсуф, чуноне пайваста расман тазаккур додааст, чун далели самимияту садоқату эътимод ба арзишҳои чи ахлоқиву чи ҳуқуқӣ бозгашт аз сафари корӣ аз хориҷи кишварро барои ҳалли қазияҳое, ки ба ҷурми иттиҳом ба ину он гуноҳ аз ҷониби мақомоти давлатӣ феълан нисбаташ матраҳ шудаанд, тадбир донистааст.

Зимнан, чуноне ҳатто аз мавқеъгирии вазорату идораҳои қудратӣ то охирин лаҳзаи дар сафар будани Зайд Саидов тариқи расонаҳои хабарӣ маълум буд, ягон асосе барои ҳатто гумон дар содир кардани ҷиноятҳои махсусан хавфнок аз ҷониби Ӯ вуҷуд надошт. Барои мисол изҳороти расмии худи Агентии мубориза алайҳи фасод, ки амалаш то ба 19 майи соли равон эътибор дошт, хулосаи мазкурро собит мекунад. Ва чуноне маълум аст, ин изҳорот дар пояи санҷишҳои ҳамаҷонибаи паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти Зайд Саидов ифшову баён гардида буд.

Тоҷикистони нав: Боздошти Зайд Саидов азми моро заррае коҳиш надодааст

Аз ин рӯ, амале, ки дарҳол зимни ба Ватан бозпас гаштани Зайд Саидов сурат гирифт, ногаҳонӣ буд. Ӯ, бидуни ҳама гуна огоҳии хешу пайвандону ҳаммаслаканаш, чуноне дертар маълум шуд, ба идораи шаҳрии Агентии мубориза алайҳи фасод бурда шуд ва то ба ҳол (интиҳои рӯзи 19 майи соли равон) он ҷо нигаҳдорӣ мешавад. Амали мазкур бо дағалона поймол шудани ҳуқуқҳои номбурда сурат гирифтааст.

Аз ҷумла, вакилони мудофиа имкони на танҳо ширкат дар амалиёти мурофиавӣ, балки ҳатто робита бо Ӯро тайи зиёда аз 12 соатро надоранд. Мартабаи мурофиавии Зайд Саидов номаълум аст, аз ҳолаш, бахусус аз вазъи саломатиаш ягон иттилое вуҷуд надорад. Ҳамаи ин дар ҳолест, ки мавсуф вакили маҷлиси вакилони шаҳри Душанбест ва аз ин рӯ тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ расмиёти марбутае, ки ба хотири дахлнопазириаш кафолат дода шудааст, бояд риоя бишавад. Ҳолатҳои басо дағалона поймол шудани талаботи қонун бо мисолҳои мазкур маҳдуд намешаванд.

Тафсилоти мавриди зикр ва муҳити то ба ҳол фарогири фаъолияти гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби сиёсии «Тоҷикистони Нав» аз вуҷуд доштани решаҳои сиёсии қазия далолат медиҳанд. Мақсад аз чунин вокуниш низ аллакай ҳама гуна шӯбҳаву гумонро аз он хусус, ки рӯйи саҳнаи сиёсии кишвар омадани чунин як ҳизби марказгаро баъзе аз доираҳои расмии давлатиро хуш наомадааст, аз байн бурдааст.

Гурӯҳи ташаббускор изҳор медорад, ки халалдор шудани талаботи Конститутсияи кишвар (моддаи 28-и он), бахусус фишор ба аъзои гурӯҳ ва қабл аз ҳама ба сарвари он – Зайд Саидов далели вазъи ногувори кишвар дар мавриди таъмини волоияти қонун ва риояи ҳуқуқу озодиҳои шахсиву шаҳрвандист.

Аксуламали мазкур азми аъзои гурӯҳро бобати таъсиси ҳизб наметавонад заррае ҳам коҳиш бидиҳад, баръакс итминонамон бар он аст, ки танҳо таъсису фаъолияти чунин як ҳизби марказгаро барои раҳоӣ аз вартаи мушкилиҳои мардуму кишвар тадбир аст. Дастгирии рӯзафзуни мардум аз иқдоми гурӯҳ далели ин гуфтаҳост. Чунончи, даҳҳо ҳаводорону ҷонибдорон имрӯзҳо ба мо изҳори пайвастагӣ мекунанд. Сафи аъзои гурӯҳи ташаббускор низ рӯ ба афзудан дорад. Имрӯз (19.05) аллакай чеҳраҳои маъруфу маҳбуби кишвар – профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коргардони машҳур Барзу Абдуразоққов ва чанд нафари дигар расман бо мо пайвастанд.

Боз ҳам эълом медорем: аз касеву чизе ҳарос надорем! Ба ҷуз аз Худои мутаъол! Ва боз як чизи дигар: на аз хиёнати дӯстон, на аз фитнаву иғво, найрангу тафриқаангезиҳои душманон. Балки аз бетарафон, ки бетарафиашон боиси ҳам хиёнат асту ҳам душманӣ!

Биёед ба ҳам ойем ва канори ҳам ба хотири ободиву пешрафти Ватан бошем!

Гурӯҳи ташаббускор



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi