07:19:33 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 27
28 29 30        

Писари Зайд Саидов: "Алайҳи падарам парвандаи ҷиноӣ боз шуд"

Хонаводаи Зайд Саидов, тоҷири саршиноси тоҷик, ки ахиран бо эъломи талошаш барои таъсиси ҳизби сиёсии ҷадиде бо номи "Тоҷикистони нав" вориди саҳнаи сиёсӣ шуд, аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ хабар доданд. Ин хабар дар ҳоле пахш мешавад, ки рӯзе қабл гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" бо баргузории нишасти матбуъотии таъҷилӣ аз фишорҳо бар Зайд Саидов, раҳбари ин гурӯҳ хабар доданд.

zaid 11052013Рӯзи шанбеи 11-уми май манобеъи гурӯҳи "Тоҷикистони нав" ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки гурӯҳе аз мақомоти интизомӣ ба манзури бозрасӣ вориди манзили зисти Зайд Саидов дар шаҳри Душанбе шуда ва эълом кардаанд, ки алайҳи Зайд Саидов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Хайруллоҳ Саидов, писари Зайд Саидов дар сӯҳбати телефунӣ ин ҳарфҳоро таъйид карда ва гуфт, ки чанд нафар, ки худро кормандони додситонии шаҳрӣ муъаррифӣ карданд, ба манзури анҷоми ҷустуҷӯ ва бозрасӣ вориди манзилашон шудаанд.

Хайруллоҳ Саидов гуфт ин афрод қабл аз вуруд ба манзил қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро ба онҳо нишон додаанд, ки иҷозаи анҷоми ҷустуҷӯро ба онҳо медиҳад. Хайруллоҳ Саидов гуфт: "Қарори додгоҳ бар асоси боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи падарам ба иттиҳоми сезанагӣ дода шудааст. Инҳо акнун дар инҷо гуё далел мекобанд."

Хайруллоҳ Саидов иттиҳомоти ворида алайҳи падарашро рад кард.

Ин дар ҳолест, ки худи Зайд Саидов дирӯз, 10-уми май ба унвони раиси Иттиҳодияи варзикшорони тенниси рӯйи миз барои ширкат дар Ҷоми Ҷаҳонии Тенниси рӯйи миз озими Порис шуда ва дар Душанбе нест. То ҳоло мақомоти додситонии шаҳрӣ ва додситонии кулл боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи оқои Саидов таъйид ё рад накардаанд.

Хабар дар бораи боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Зайд Саидов дар ҳоле мерасад, ки интизор мерафт мақомоти интизомӣ баръакс шикояти Зайд Саидов дар мавриди таҳдид ба ҷони ӯро таҳқиқ кунад. Рӯзи ҷумъа, 10-уми май гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" бо баргузории нишасти хабарӣ ва интишори баёнияе аз ворид шудани таҳдидҳо бар ҷони алайҳи Зайд Саидов хабар доданд.

Гуфта шуд, ки оқои Зайд Саидов тавассути телефуни ҳамроҳ паёмҳои таҳқиромез дарёфт кардааст, ки дар он аз ӯ тақозо шуда аз таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" даст кашад. Дар ин паём таҳдид шудааст, ки дар ғайри ин сурат алайҳи вай "чораҳои ҷиддӣ" андешида хоҳад шуд. Ин гурӯҳ хабар дод, ки ба Вазорати кишвар ва Кумитаи амнияти миллии кишвар дар бораи ин таҳдидҳо иттилоъ дода шудааст.

Зайд Саидов, тоҷири шинохта ва вазири пешини саноеъи Тоҷикистон дар бораи таъсиси ҳизби ҷадиди сиёсӣ таҳти унвони "Тоҷикистони нав" дар авоили моҳи апрел хабар дод. Аммо гурӯҳи мубтакирони ин ҳизб дирӯз, 10-уми апрел дар нишасти хабарии худ аз фишорҳо ва мавонеъ дар роҳи сабти номи ҳизби "Тоҷикистони нав" ибрози нигаронӣ карданд.

Дар баёнияи ин гурӯҳ ҳамчунин гуфта шуд, ки илова бар ин, фишорҳои фазояндае бар фаъолиятҳои иҷтимоъӣ ва иқтисодии Зайд Саидов, раҳбари гурӯҳи "Тоҷикистони нав" ворид мешавад. Аз ҷумла акнун ҳамаи ширкатҳои вобаста ба ин соҳибкори саршинос, ки қасди ворид шудан ба саҳнаи сиёсӣ дорад, аз ҷониби мақомоти мухталиф мавриди бозрасӣ қарор гирифтаанд.

Зайд Саидов ба ҳангоми эъломи ин хабар, ки мехоҳад ҳизби "Тоҷикистони нав"-ро таъсис бидиҳад гуфта буд, ки таъсисдиҳандагони ҳизби нав, ки худро технократ мехонанд, мехоҳанд нерӯи худро барои тағйири вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоъии Тоҷикистон ба харҷ бидиҳанд.

Ӯ гуфт "Мо мебинем, ки фазои навмедӣ кишварро фаро гирифтааст. Ноумедӣ ба ояндаи хубу дурахшон" ва афзуд, ки тарафдорони "Тоҷикистони нав" ин вазъиятро тағйир хоҳанд дод.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi