01:10:38 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Номзади Ҳизби аграрӣ иддао дорад, ки дар Восеъ пирӯз шудааст

Номзади Ҳизби аграрии Тоҷикистон иддао дорад, ки дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи Восеъ-39, баранда шудааст. Зайниддин Сафаров, вакили Ҳизби аграрӣ рӯзи 6-уми май ба мо гуфт, ки вай дар ҳавзаи рақами 39-и Восеъ бо ба даст овардани орои бештари интихоботкунандагон, пирӯз шуд.

intikhobot-06052013Вай афзуд, дақиқ намедонад, ки чанд дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст, зеро ба қавли ӯ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ имрӯз, 6-уми май шумораи орои ба дастовардаи номзадҳоро эълон хоҳад кард. Зайниддин Сафаров аз додани ҳаргуна шарҳ дар мавриди барномаи вакилиаш дар парлумон то замони нишастанаш дар курсии МН, худдорӣ кард.

Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи натиҷаҳои муқаддамотӣ аз ҳавзаи Восеъ-39, гуфта мешавад Зайниддин Сафаров 74 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст. Ҳамчунин Ибодулло Неъматов аз Ҳизби ҳокими халқӣ демократӣ 17 дарсад ва Раҷаби Мирзо (Мараимов) 7 дарсади раъйи воҷидини шароитро соҳиб шуданд.

Қарор аст, дар эътироз ба тақаллубкорӣ дар раванди интихоботи миёндаврии Восеъ-39, журналисти варзида Раҷаби Мирзо ва нозирони интихоботии вай ҳамин рӯз дар шаҳри Душанбе нишасти хабарӣ баргузор кунанд. Натоиҷи дақиқи интихобот имрӯз, 6-уми май эълон хоҳад шуд.

Дар ин ҳавза 3 номзад – хабарнигори маъруф Раҷаби Мирзо (Раҷаб Мараимов), номзади ҳизби аграрӣ муовини раиси Ожонсии давлатии амволи махсус Зайниддин Сафаров ва узви ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ раиси ҷамоати Мичурини ноҳияи Восеъ Ибодулло Неъматов барои курсии вакилӣ вориди мубориза шуданд.

Мудири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии минтақаи Кӯлоб Ҷӯрабек Қурбонов, ки номзадии худро ба тариқи худпешбарӣ гузошта буд, рӯзи 3 май, дуруст дар остонаи интихобот номзадиашро пас кашид. Курсии вакили маҷлиси поёнии парлумон аз ин ҳавза дар пайи интисоби Рустам Латипов, намояндаи ҳизби аграрӣ ба мақоми раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ холӣ шуд. Ҳавзаи Восеъ-39 ноҳияҳои Восеъ, Темурмалик ва Балҷувонро дар бар мегирад.

Мақомот: Дар ҳавзаи Восеъ беш аз 80 фоизи мардум овоз доданд

Рӯзи 5 май, дар интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Восеъ-39 мардум аз миёни 3 номзад вакили худ дар Маҷлиси намояндагонро интихоб карданд. Соати 20 ба вақти маҳаллӣ раъйгирӣ дар ҳавзаи Восеъ ба поён расид ва шумориши оро дар қитъаҳои интихоботӣ оғоз ёфт.

Муҳаммад Давлатёров, раиси куммиссиюни интихоботии ҳавзаи Восеъ баъд аз анҷоми овоздиҳӣ ба мо гуфт, алакай то соати 18 81,7 фоизи мардум дар интихобот  овоз дода буданд. Оқои Давлатёров афзуд, шумориши оро дар қитъаҳо шояд то соати 22 тӯл бикашад ва сипас асноду протоколҳо барои ҷамъбасти ниҳоӣ ба куммисиюни ҳавза ироа хоҳанд шуд. Ба гуфтаи раиси ҳавза, натиҷаҳои муқаддамотии интихобот ғолибан субҳи душанбе эълон хоҳанд шуд, зеро ба гуфтаи ӯ, шумориши оро аз 93 қитъа фурсати зиёдеро металабад.

Аммо дар ситоди номзади мустақил Раҷаби Мирзо ба мо гуфтанд, ки чунин фоизи баланди овоздиҳӣ дар қитъаҳо танҳо баъд аз хуруҷи эътирозии нозирони онҳо муяссар шудааст. Раҷаби Мирзо алакай баъд аз зӯҳри якшанбе нозирони худро аз қитъаҳои интихоботӣ фаро хонд.Раҷаби Мирзо ба мо гуфт, далели ин тасмим эълон шудани натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар ду қитъа аст, ки яке қисми низомист ва дувумӣ - рустои дурдасти Қарағоч.

Ба ақидаи ин номзад, натиҷаҳо тақаллуб шудаанд ва мушоҳидаи нозирон дар ситоди ӯ ин андешаро тақвият медиҳад, ки идомаи ширкат дар ин маърака маъное надорад: «Мо таҳрим ё бойкот мекунем, нагуфтем. Гуфтем, ки мо ба нишони эътироз аз мавқеъгирӣ ва дахолати дағалонаи роҳбарияти ноҳияи Восеъ нозирони худро аз қитъаҳои интихоботӣ фаро хондем. Гуфтем, ки дигар зарурат барои ширкат дар чунин намоишнома (спектакл) нест.»

Ба иддаои ситоди Раҷаби Мирзо, дар қитъаи интихоботии қисми низомии Восеъ, ки 270 нафар раъйдиҳанда дорад, 17 нафар ба ӯ, 16 нафар ба номзади Ҳизби халқӣ – демократӣ ва бақия ба номзади Ҳизби аграрӣ овоз додаанд. Ҳамчунин тавозуни овозҳо дар деҳаи дурдасти Қарағочи Восеъ, ки 344 интихобкунанда дорад, низ бо касби 165 раъй ба нафъи номзади Ҳизби аграрӣ анҷом шудааст. Раҷаби Мирзо 20 ва Ибодулло Неъматов, номзади ҲХДТ 121 раъй гирифтаанд.

Раҷаби Мирзо мегӯяд, азбаски раиси ноҳияи Восеъ Рустам Латипов, ки то ду моҳи пеш вакили Маҷлиси намоядагон аз ҳамин ноҳия будааст, аслан узви Ҳизби аграрӣ мебошад, саъйд дорад, ки номзади ҳизбаш барандаи интихоботи миёндавраӣ бошад.

Муҳаммад Давлатёров, раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии Восеъ мегӯяд, аз Раҷаби Мирзо шикояти зиёде ба ӯ расидааст, ки таҳқиқ хоҳанд шуд, аммо иддаои ӯ дар бораи раиси ноҳия Рустам Латипов сиҳат надорад: «Мо намебинем. Он чиро, ки мегӯянд, ҳеҷ гоҳ мушоҳида накардем. Агар дар қитъаҳо бо истифода аз номи раис касе чизе гуфта бошад, хабар надорам. Аммо дар ҷаласаҳо ҳеҷ гоҳ раис дар ин масъала суҳбат накардааст ва ҳатто маро ҳамчун раиси ҳавза даъват карда, дар ин маврид суҳбат ё ҳидоят ҳам накардааст, ки аз касе ҷонибдорӣ кунем. Ин ҳарфҳоро аслан нашунидаам.»

Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки низ ба хотири ҳимоят аз номзадии сухангӯи ҳизбаш Раҷаби Мирзо ба Восеъ рафтааст, тавассути телефон ба мо гуфт, тасмими ситоди Раҷаби Мирзо як навъ эътироз ба дахолати мақомоти маҳаллӣ дар раванди раъйгирист. Оқои Исмонов гуфт, "дахолати дағалона"-и мақомоти маҳаллӣ ҳузури нозирони онҳо дар қитъаҳои интихоботиро беҳуда мегардонад, зеро маълум шуд ки ҳузури нозироон пеши роҳи дахолати ин мақомотро гирифта наметавонад. Ӯ афзуд, эътирози онҳо на ба ҳукумат ё ниҳодҳои интихоботӣ, балки ба мақомоти маҳаллии ҳавзаи Восеъ аст, ки ба гуфтаи Исмонов, худсарона ба интихобот дахолат мекунанд.

Раҷаби Мирзо мегӯяд, дар ҳайати нозирони ӯ ҳудуди 50 рӯзноманигор аз Душанбеву Кӯлоб кор мекунанд, ки тақаллуби зиёд, аз қабили раъйдиҳии такрорӣ, ба ҷои чанд нафар овоз додани як нафар, варақаҳои ҷаълӣ ва ғайраро ҳатто сабт кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Сабур Султонов, сарвари ситоди Ибодулло Неъматов, номзади Ҳизби халқӣ – демократӣ мегӯяд, то ба ҳол нозирони онҳо мавориди тақаллубро ошкор накардаанд ва ба ҳамчунин даъвоҳои ҷой доштани онҳо бовар надорад: «Мардум аз мову шумо ё ягон номзад намепурсад, ки ба кӣ раъй диҳад. Мо мунтазири натиҷаҳо ҳастем. Вақте ғалберро бардоштем, ҳар чӣ дар дег ҳаст, берун меояд. Насиб бошад, мо пирӯз мешавем.»

Коршиносон интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Восеъро як имтиҳон ё ҳатто репетитсияи интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон меноманд ва мегӯянд, ҳамин корзор нишон хоҳад дод, ки оё мақомоти ин кишвар то куҷо барои баргузории як интихоботи озоду демократӣ омодаанд. То кунун ягон интихоботи доиршуда дар Тоҷикистони пасошӯравӣ аз сӯи нозирони ғарбӣҷавобгӯи меъёрҳои интихоботи демократӣ эътироф нашудааст.

Дар маҳофил дар пешорӯи раъйгирии имрӯза ҳадс мезаданд, ки шояд мақомот курсии вакилӣ аз ҳавзаи Восеъро боз ҳам ба намояндаи ҳизби аграрӣ, ки то мансаб гирифтани Рустам Латипов дар Маҷлиси намояндагон ду вакил дошт, бидиҳанд. Раҷаби Мирзо дар посух ба ин овозаҳои бархоста дар бораи “номзади худӣ”-и мақомот дар ҳавзаи Восеъ аз масъулин даъват кард, то ба мардум имконият бидиҳанд, ки худ вакилашро интихоб кунад. Худи Зайниддин Сафаров – номзади ҳихби аграрӣ- ин сарусадоҳоро радд карда, гуфтааст, муносибати мақомоти маҳаллӣ ба ҳамаи 4 номзад яксон ва баробар аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi