13:07:22 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Интихоботи озодро бояд қонун таъмин кунад, на яке аз номзадҳо

Мунтақидон ба ваъдаи Эмомалӣ Раҳмон ба баргузории интихоботи озоду демократӣ дар моҳи ноябр бовар надоранд. Бахтиёр Сатторӣ, донишманди тоҷики муқими Маскав, ваъдаи Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории интихоботи озоду демократиро “як изҳороти маъмулӣ” номид, ки қабл аз ҳар интихобот садо медиҳад, вале дар ниҳоят интихоботҳо дар Тоҷикистон боз ҳам бо тахаллуфи зиёд ва тибқи хости мақомот сурат мегиранд.

bakhtiyor-sattori-26042013Ба ақидаи оқои Сатторӣ, ки то латукӯбаш аз сӯи афроди ношинос дар моҳи феврал ба таҳияи тарҳи алтернативии қонуни интихоботи президентии Тоҷикистон машғул буд, интихоботу озоду шаффофро бояд қонун таъмин кунад, на президент ва он ҳам нафаре, ки ҳамчун яке аз номзадҳои эҳтимолӣ дар ин маърака тарафи манфиатдор ба шумор меравад. Танҳо тавасссути ислоҳи қонун аз байн бурдани заминаҳои дахолати мақомот дар умури интихобот, ба ақидаи ин таҳлилгар, метавонад шароити интихоботи озоду демократӣ дар Тоҷикистонро таъмин кунад.

Бахтиёр Сатторӣ гуфт, шеваи интихоботҳои гузашта нишон медиҳад, ки раҳбари Тоҷикистон интихоботи озоду демократиро ба як гунаи хоси ӯ мефаҳмад, вале қонуни кунунии интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи пуррақобатро таъмин карда наметавонад, балки танҳо бо ҳадафи таъмини тамдиди давраҳои раёсати Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудааст. Бахтиёр Сатторӣ гуфт, агар оқои Раҳмон дар паёмаш ба зарурати ислоҳи ин қонун таъкид мекард, дар он сурат мешуд ба ваъдаи ӯ дар бораи интихоботи озод бештар бовар кард.

Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲУСДТ) дар вокуниш ба паёми президент гуфт, ки он чӣ ки мехост шунавад, дар паёми президент набуд. Раҳбари сотсиал-демократҳо мегӯяд,мебоист Эмомалӣ Раҳмон  дар бораи шеваи кафолати шаффоф баргузор шудани интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурӣ сӯҳбат мекард ва мегуфт, ки интихобот дар заминаи қонунҳои кунунӣ, аз ҷумла «Қонуни интихоботи президент» чи гуна сурат хоҳад гирифт.

Оқои Зоиров гуфт, дар паёми президент мо нашунидем, ки барои баргузории интихобот ба парлумон ва мақомоти масъул чи вазифаву масъулият ироа шудааст. Раҳматуллоҳ Зоиров афзуд: «Ман дар матбуот пешниҳод кардам,ки тибқи қонун, Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи пешбарии номзадии худашро ба интихоботи моҳи ноябр надорад, вале президент аслан дар бораи ширкаташ ҳарфе назад.»

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш, ки субҳи 26 апрел ироа кард, гуфт, баргузории интихоботи озоду демократиро дар моҳи ноябр кафолат медиҳад. Вале ӯ ҳамзамон ҳушдор дод, ки ҳизбҳои сиёсӣ ва афроди "ҳавасманд" зиёд ба умеди "хоҷагони хориҷӣ"-ашон нашаванд.

Ба ақидаи раҳбари сотсиал-демократҳо, «дар бораи анъанаҳои миллӣ, шукронаву гадо бошем - дар ватани худ бошем, берун аз ин паём ҳам ҳаррӯз дар ҷаласаҳову барномаҳои телевизионҳои давлатӣ мешунавем.Мо мунтазири шунидани роҳҳои ҳалли масоили иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар бар руи нақшаи мушаххас будем, вале муттаассифона, паёми Эмомалӣ Раҳмон чунин барномаро надошт. » Вале ба ҳар сурат, гуфт Зоиров, паёми имсолаи президент ба чаҳорчуби паёмҳое, ки ӯ дар гузашта ироа мекард, монанд набуд.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик бар ин назар аст, ки ирода барои баргузории интихоботи шаффофу демократӣ аз сӯи раҳбарияти давлати Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Ин сиёсатшиноси тоҷик дар вокуниш ба изҳороти презедент Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки «ин бори дуюм аст, ки раиси ҷумҳур таваҷҷӯҳи худро нисбат ба интихоботи президентии моҳи ноябр баён мекунад ва ин ба он маънист, ки ҳарчанд интихобот чун интихоботҳои пеш маъмулӣ хоҳад буд, аммо беҳбудиҳо низ хоҳанд шуд».

Зеро ба таъкиди Парвиз Муллоҷонов, ба беҳтар шудани фазои интихоботи президентии Тоҷикистон, интихоботе, ки дар Русия сурат гирифт, таъсир мегузорад.

Ба гуфтаи ин сиёсатмадор, марҳалаи феълӣ дар минтақа хеле ҳассос аст ва албатта, вокуниш аз сӯи ҳукумат дар нисбати мухолифон дар интихобот ба вуҷуд хоҳад омад, ҳамон гуна, ки дар интихоботи Русия ба мушоҳида расид.

Дар ҳамин ҳол, Шоира, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, субҳи имрӯз тақрибан ду соат бо кӯдаки бемораш дар бемористон маътал мондааст, чунки аз тамоми табибон тақозо шудааст, ки корро боздошта, барои шунидани паёми раисиҷумҳур ҷамъ шаванд. Шоира мегӯяд дар берун ҳаво сарду боронист ва кӯдакаш ҳам таб дорад ва намефаҳмад, ки чаро ходимони бемористонро дар соати корӣ аз иҷрои вазифаи бевоситаи онҳо, ки табобати маризон аст, манъ кардаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi