16:26:49 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ғ.Афзалов: «Сафсаттахонҳо сари қудрат омаданианд»

 Раиси вилояти Хатлон гуфт, бархе аз гурӯҳи «сафсатахонҳо» мехоҳанд, дар Тоҷикистон сари қудрат биоянд. Аз ин рӯ, Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон ёддоварӣ аз ҳодисаҳои солҳои навдуми асри гузаштаро «теша задан ба решаи сафсатаҳои онҳо» арзёбӣ кард.

raisi viloyat-010413Раиси вилоят, ки дар як вохӯрӣ бо сокинони шаҳри Кӯлоб сӯҳбат мекард, гуфт, имрӯз бархе доираҳои муайян дар миёни мардум «сафсата» мехонанд, ки набояд ба ҳарфи онҳо бовар кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин гурӯҳи «сафсатахонҳо» соли 1992-и асри гузашта ҳукуматро гирифта, мардумро «бадбахт карда буданд.»

Ӯ аз афрод ё гурӯҳи муайяне ном набурд, аммо гуфт, дар бораи он ҳодисаҳо бояд дар матбуот зиёд навишт, то мардум дубора ба иштибоҳ роҳ надиҳанд: «Ҳамин сафсатахонҳо ҳукуматро гирифта буданд. Мо ҳукуматро ба онҳо дода будем. Ин ҷо нависед. Баъзеҳо барои навиштан омадаанд, ки раиси вилоят чӣ мегӯяд. Ҳукуматро додем, дидед, ки чӣ кор карданд. Чӣ хел карданд ҳукуматро? Чаро ҳукуматро гирифта натавонистанд? Кӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид? Кӣ ташкил кард? Ҳозир ҳамон мардум аст, ки боз даъвои ҳукумат мекунанд. Коҳи кӯҳна бод кунем? Мекунем, ки мардум бифаҳмад. Мардум бояд хизматҳои Ҷаноби олиро бифаҳмад.»

Ҳарчанд, дар ин сӯҳбат аз гурӯҳи муайяне ном бурда нашуда бошад ҳам, аммо коршиносон аз мантиқи ҳарфҳои Афзалов ангушти ишораро сӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боло мекунанд, ки дар арафаи интихоботи президентӣ фаъол шудааст.

​​Аммо Маҳмадшариф Набиев, раиси минтақавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири ободонии Тоҷикистон набояд дигар аз он рӯзҳо ёд кард. Ӯ мегӯяд, дар ҳоле, ки садҳо бор ҳодисаҳои солҳои навадуми Тоҷикистонро таҳмилӣ медонанд, дар ин сурат ҷониберо муҷирим шинохтан кори савоб нест:

«Бояд чизи хубро дар ҷомеа тарғиб кард ва аз чизҳои бади асабхароши гузашта ёддоварӣ кардан хуб нест. Фикр мекунам, ки барои расидан ба ҳадаф бояд дигар василаҳоро истифода кард. Чунин шеваро пеш гирифтан ба фикри ман ноҷавонмардист. Дар ҳар коре, ки бошад, василаҳои хубро бояд истифода кард.»

Дар ҳамин ҳол, Маҳмадсидиқ Саидов, коршиноси маҳаллӣ ва узви Ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, аз ҷанги шаҳрвандӣ ёд кардан хуб аст, аммо бояд ин ёддоварӣ бидуни таҳриф ва бозгӯи воқеият бошад:

«Аз ҳамон хатогиҳое, ки дар солҳои навадум кардем, тарафдорам, ки ёддовар шаванд. Лекин бе ғаразу таҳрифкорӣ. Ҳар сари қадам бояд ҳақиқати ҳолро гӯем. Тарафдорам, ки гӯем, ки ҳарду ҷониб то куҷо ва чӣ хато карданд. Ҳақиқатро, ки гуфтем, мардум ҳатман ибрат мегиранд.»

Аммо Ғайбулло Афзалов, ки бо сокинони Кӯлоб сӯҳбат мекард, аз мардум даъват кард, бо ёддоварӣ аз ҳодисаҳои солҳои навадум дар атрофи ҳукумати кунунӣ муттаҳид шаванд. Афзалов гуфт, президенти кишвар ба шаҳри Кӯлоб таваҷҷӯҳи хос дорад ва дар як ҳафта се маротиба аз вазъи сиёсиву иқтисодии мардуми Кӯлоб аз ӯ пурсон мешавад.

Раиси вилоят инчунин гуфт, вилояти Хатлон наздики се миллион аҳолӣ дорад, ки бештари он дар минтақаи Кӯлоб зиндагӣ мекунанд. Вохӯрии раиси вилоят бо сокинон Кӯлоб мавсимӣ аст, ки бояд ҳар сол бо сокинони ҳар шаҳру навоҳӣ анҷом пазирад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi