08:39:50 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 27
28 29 30        

ВИКТОР ИВАНОВ: "НИЗОМИ РАВОДИД ВОРИДОТИ МАВОДИ МУХАДДИРРО КАМ МЕКУНАД"

Виктор Иванов, сардори Хадамоти федералии назорати гардиши маводи мухаддири Русия, аз ҷоришавии низоми раводид бо кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон ҷонибдорӣ кардааст. Ба иддаои ин мансабдори рус, низоми раводид боиси то 30 дар сад коҳиш ёфтани воридоти маводи мухаддир ба Русия мешавад.

/images/stories/2013/03/17_viktor-ivanov-170313.jpgВиктор Иванов ҳангоми мусоҳиба бо шабакаи давлатии телевизиони «Россия-1» гуфт, ки кишварҳои Осиёи Миёна интиқолдиҳандагони аслии маводи мамнӯъ ба хоки кишвараш ҳастанд ва низоми нарму содаи вуруд ба ҳудуди Русия ба шаҳрвандони ин давлатҳо имкон медиҳад, ки бидуни мамониат маводи мухаддирро ба Русия ворид созанд.

«Интиқолдиҳандагони маводи мухаддир ба тоҷирони моҳир табдил ёфтаанд ва аксари онҳо дар як сол то 100 маротиба марзи Русияро мегузаранд. Кайҳо фурсати он расидааст, ки ин амалкардро ба низом даровард», - изҳор дошт Виктор Иванов.

Баҳси ҷоришавии низоми раводид бо ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла бо Тоҷикистон, солҳои зиёд аст, ки дар ҷомеаи Русия матраҳ аст. Ин мавзӯъро ғолибан сиёсатмадорони миллатгарову тарафдори гуруҳҳои нажодпараст пуштибонӣ мекунанд.

Ин ҳам дар ҳоле ки сафири супоришҳои вижаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Анвар Азимов шоми 13 март дар суҳбат бо телевизиони интернетии “Дождь” гуфта буд, ки Русия омода аст, ба хотири таъмини амнияти марзҳояш бо Осиёи Марказӣ равобит бо Тоҷикистон  ва Ӯзбакистонро аз тариқи раводид ба роҳ монад.

Сафири супоришҳои вижаи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар суҳбат бо барномаи "Госдеп-3" ба ин суол, ки "Оё Русия омода аст, барои Тоҷикистону Узбакистон низоми виза ҷорӣ кунад?", гуфт, «Инро президенти мо гуфта буд. Ба фикрам, аз соли 2015 мо ин корро мекунем.» Ин барнома ба мавзӯи бекоршавии виза барои сафари шаҳрвандони Русия ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ихтисос ёфта буд.

​​Аммо чанде пас ин дипломати баландпояи рус ҳангоми суҳбат бо мо аз изҳороти қаблиаш даст кашид ва гуфт, ки изҳороти ӯ роҷеъ ба ҷоришавии низоми виза барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон дар соли 2015 “аз матн канда шудааст”.

Азимов таъкид дошт, ки Русия равобиташ бо кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақилро қадр мекунад ва «ҳеҷ гоҳ масъалаи ҷорӣ кардани виза барои шаҳрвандони ин кишварҳоро матраҳ накардааст ва нахоҳад кард.»

Вай гуфт, “мо намехоҳем, ки равобити мо бо ин кишварҳо халалдор шаванд”. Ба гуфтаи ӯ, манзури вай “таъмини муассири назорати ҷараёни муҳоҷират аст ва бо ҳамин ҳадаф президент Путин дар паёмаш ба маҷлиси федералӣ пешниҳод карда буд, ки аз соли 2015 шаҳрвандони ИДМ ба Русия бо паспортҳои хориҷӣ ворид шаванд.»

Ҳамасола беш аз як миллион сокини Тоҷикистон ба Русия барои кор меравад ва аз ин ҳисоб зиндагии хонаводаҳои худро таъмин мекунад. Тибқи ҳисобҳои Бонки Марказии Русия, соли 2012 аз ин кишвар ба Тоҷикистон 3,6 миллиард доллар ворид шудааст, ки бахши аъзами онро ҳаққи заҳматҳои муҳоҷирон ташкил медиҳанд.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi