23:54:39 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МУҲИДДИН КАБИРӢ: «БА ГИРОМИДОШТИ БУЗУРГОНИ РЕҲЛАТКАРДА МО НИЁЗ ДОРЕМ, НА ОНҲО»

Имрӯз, 15-уми марти соли 2013, ба рӯзи таваллуди устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, собиқ Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ, собиқ Раҳбари Иттиҳоди Нерӯҳои Опозитсиони Тоҷик ва собиқ Раиси ҲНИТ 66- сол пур мешавад.

/images/stories/2013/03/15_muhiddin-kabiri-14032013.jpgБа ин муносибат рӯзи 13-уми март дар дафтари марказии ҲНИТ дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Тоҷикистони муосир» ҳамоише баргузор гардид, ки дар он дар баробари аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ инчунин шахсиятҳои шинохтаи дини мубини исломи кишвар, сиёсатмадорон, раҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва намояндагони корпуси дипломатии муқими пойтахти Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Муҳиддин Кабирӣ, Раиси ҲНИТ дар суханронии худ дар ин ҳамоиш аз раҳбарони фақиди ҲНИТ устодон Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ба некӣ ёд намуда изҳор дошт, ки онҳо ба он тааҳҳуде, ки бо Худои худ баста буданд, то ба дами шаҳодат расидан содиқ монданд.

Дар идомаи суханронии худ Муҳиддин Кабирӣ афзуд: «Шаш сол пеш, яъне як сол пеш аз даргузашти устод Нурӣ, дар ҲНИТ ҳамоиши бузурги ёдбуди эшонро баргузор карда будем. Баъди он баъзе аз дӯстон моро ба зери тозиёнаи танқид гирифтанд, ки «шумо низ мисли дигарон шахспарастӣ мекунед».

Ба ақидаи онҳо боз зарари ин шахспарастиҳо дар ин аст, ки «бо баланд бардоштани мартабаи устодон шумо ҳизб ва насли баъдиро зери фишори маънавӣ, рӯҳӣ ва фикрии наслҳои қаблӣ мебаред ва ҳизбро дар ҳолати рукуд қарор медиҳед, мегуфтанд онҳо. Иҷозат намедиҳед, ки ҳизб аз зери султаи фикрии наслҳои аввал берун биравад. Тавсия доданд, ки беҳтар аст, ки Шумо дар бораи оянда гап занед ва гиромидошту бузургдошти устодонатонро як каме дар ҳолати рамзӣ ва хеле ҳам маҳдуд баргузор кунед».

Аксҳо аз ҳамоиши «Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Тоҷикистони муосир»

Бояд иқрор кард, ки мо низ то ҳадде ба ин фикрҳо моил шуда будем. Чун билохира содиқона ва холисона тавсия медиҳанд кас бояд гӯш кунад. Солҳои баъди реҳлат устодон мо ба ин тавсияҳо пайравӣ мекардем,- гуфт дар идомаи суханаш Муҳиддин Кабирӣ. Вале ахиран эҳсос кардем, ки бояд як тағйироте дар ин раванд ворид карда шавад. Дигар ин бузургон зарурат ба ин гуна ҳамоишҳои бузург надоранд.

Мо дарк кардаем, ки худамон ниёз ба андешаҳои эшон дорем. Ҳарчи қадаре, ки аз эшон дур мешавем ҳамон қадар ин ниёз ва заруратро дарк мекунем. Агар масъала масъалаи шахспарастӣ ҳаст фикр намекунам, ки гиромидошти як шахси реҳлаткарда шахспарастӣ шавад. Маъмулан падидаи шахспарастӣ хоси зиндаҳост. Хоси касоне, ки дар сари қудрат ҳастанд, ҳокимият доранд, аз қарору тасмими онҳо ҳаёти мардум вобастагӣ дорад».

Ба андешаи Муҳиддин Кабирӣ дар масъалаи ҷамъоварӣ ва дастраси мардум кардани осори устодон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз ҷониби ҲНИТ каме саҳлангориву бетаваҷҷуҳӣ зоҳир шудааст. «Мо мансубияти ин бузургонро дар доираи танги ҳизбӣ, хешутаборӣ ва ҳатто хонаводагӣ маҳдуд кардаем, Дар сурате, ки ин бузургон барои миллат ва кишвар хизматҳои арзандаеро ба ҷо овардаанд».

Дар ин ҳамоиш Саидҷаъфар Усмонов, раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон, нақши устод Нуриро дар хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хеле бузург арзёбӣ кард. Ба фикри раиси ҲДТ агар иродаи қотеъ ва талошҳои пайвастаи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар роҳи ба даст овардани сулҳ намебуданд, шояд мо суботу оромиеро, ки дорем, намедоштем.

Ойниҳол Бобоназарова, ходими ҷамъиятӣ низ аз фаъолиятҳои серсоҳаи устод Нурӣ ёдовар шуда қайд намуд, ки дар замони шӯравӣ устод Нурӣ аз ҷумлаи камтарин уламои дин буд, ки пинҳонӣ бошад ҳам, бо системаи давлатдории вақт дар мубориза буд. Ӯ тавонист ҳамфикрони худро дар ҳаракати мутташакил муттаҳид созад. Ӯ инчунин аз замони фаъолияти Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба ҳайси раиси Комиссияи Оштии Миллӣ ёд кард.

Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ, таҳлилгари масоили сиёсии тоҷик дар суханронии худ иброз дошт, ки устод Нурӣ аз ҷумлаи он сиёсатмадороне буд, ки дар амалкарди худ мустақил буд. Ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ ба гуфтаи дигарон, ба хусус кишварҳои хориҷ амал намекард. Ӯ дар ҷодаи сиёсат як қутбнамое дошт, ки танҳо аз рӯи он амал мекард ва ин қутбнамои ӯ манофеи миллӣ ва давлати Тоҷикистон ном дошт.

Ба назари Мӯътабари Раштӣ, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Оштии Миллӣ», устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ шахсиятест, ки дар солҳои 70-уми қарни гузашта  дар масъалаи худшиносиву Худошиносии мардуми мусалмони Тоҷикистон хизматҳои беандоза бузурге кардааст. Ӯ шояд аз камтарин сиёсатмадорони кунунии Тоҷикистон бошад, ки барояш эҳсоси маҳалгароӣ тамоман бегона буд.

Дар гирду атрофи ӯ шумо ҳам дар ҳамон даврони пинҳонкории замони шӯравияш ва ҳам дар замон, ки раиси ИНОТ буд ва ҳам ҳине, ки ба ҳайси раиси КОМ фаъолият мекард, намояндагонро аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ медидед. Аз ин рӯ лозим аст, ки зиндагиномаи ин абармарди таърихи миллати мо ҳарчи тезтар бо тамоми паҳлӯҳояш дастраси мардуми кишвар ва тамоми ҷаҳон гардад.

Мавлавӣ Абдулҳай, яке аз донишмандони маъруфи динӣ дар суханронии худ таъкид намуд, ки дар кишваре, ки ҳам дар сиёсат ва ҳам дар ҳаёти иҷтимоии мардум ба нақши мусбати дин қоил ҳастанд, ба мушкилоти дар зиндагӣ камтар мувоҷеҳ мешаванд. Зеро дину давлат мисли хоку обанд. Агар яке аз ин ду унсур набошад, биноеро сохтан амри маҳол аст. Аз сӯи дигар ӯ даъват ба амал овард, ки таълимоти диниро нек биёмӯзанд, зеро демократияи асилро аз ислом пайдо кардан мумкин аст. Дар хотима ӯ шеъри дар васфи устод Нурӣ навиштаашро ба ҳозирин қироат кард.

«Рӯзгор»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi