20:04:01 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"ҚОЧОҚИ МУХАДДИРОТ БА ГУСТАРИШИ ФАСОД ДАР ТОҶИКИСТОН МУСОИДАТ КАРДААСТ"

Рӯзи сешанбе гузориши солонаи Департаменти давлатии ИМА дар бораи ҳамлу нақли маводи мухаддир дар саросари олам ба табъ расида, ки як бахши он ба назорат бар гардиши маводи мухаддир дар Тоҷикистон бахшида шудааст.

/images/stories/2013/03/06_mavodimukhaddir-060313.jpgТоҷикистон яке аз роҳҳои асосии транзити маводи мухаддири Афғонистон ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад. Ин ҷумҳурӣ бо Афғонистон, ки тахминан 80 дар сади афюн ва ҳероини оламро тавлид мекунад, наздик ба 1300 киолометр (749 мил) марзи муштарак дорад.

Ба навиштаи департаменти давлатии ИМА, ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи мухаддир ба рушди фасод дар тамоми сатҳҳои ҳукумати Тоҷикистон кӯмак расонда, манбаи муҳими даромади ҷангҷӯёну террористон дар Афғонистон аст.

Агентии назорат бар гардиши маводи мухаддир ва ҷинояти муташаккилонаи СММ (UNODC) тахмин мекунад, ки солона аз  Афғонистон ба Осиёи Марказӣ то 90 тонна маводи мухаддир қочоқ мешавад, ки аз ин байн аз 75 то 80 тоннаи он тавассути Тоҷикистон мегузарад.

​​Аммо сухангӯи Агентии назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон Бобоҷони Шафеъ ба ин омор розӣ нест. Ӯ мегӯяд, ин рақамҳо тахминӣ ҳастанду касе ҳисоб накардааст, ки воқеан тавассути масири шимолӣ чӣ миқдори маводи мухаддир қочоқ мешавад:  “Аз хатсайри шимол, ки  Узбакистону Туркманистон ҳам шомили он ҳастанд, ҳамагӣ 20 дар сади маводи мухаддир қочоқ мешавад, боқӣ аз марзҳои Покистону Эрон интиқол меёбад."

Дар Тоҷикистон 7255 нафар ба ҳайси муътоди маводи мухаддир сабти ном шудаанд, вале бар пояи омори Салиби Сурх ва СММ, дар ин ҷумҳурӣ то 70 ҳазор нафар маводи мухаддир истеъмол мекунанд, ки баробар ба 1 дарсади саршумори умумии аҳолии Тоҷикистон аст.

Соли 2010-ум дар Тоҷикистон Стратегияи миллии назорати марзҳо қабул шудааст, ки дар таҳияи он Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо саҳм дорад. Моҳи августи соли 2011-ум бо имзои президенти Тоҷикистон идораи муттаҳидаи мубориза бо маводи мухаддир ташкил шуд. Вале ба қавли департаменти давлатии ИМА, ҳамкорӣ дар ин чорчӯб заиф аст, зеро баъзе вазоратҳо ба ташкили чунин ниҳоди муштарак зиёд таваҷҷӯҳ надоранд.

Агентии назорат бар гардиши маводи нашъаовари Тоҷикистон гузориш додааст, ки соли 2012-ум ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон 5980 килограмм маводи мухаддир мусодира кардаанд, ки дар муқоиса бо як соли пеш 41 дарсад бештар аст. Аз ин байн 515 килограм ҳероин, 627 килограмм афюн ва боқимонда 4830 кг. шоҳдона будааст.

Дар ҳоле ки соли гузашта вазорати умури дохилӣ, Кумитаи Амният ва хадамоти Гумрук миқдори бештар маводи мухаддир мусодира кардаанд, Агентии назорат бар гардиши маводи нашъаовар дар муқоиса бо як соли пеш  2,6 дарсад миқдори камтари маводи мухаддир мусодира кардааст.

Василаи асосии қочоқи маводи мухаддир

Идораи назорати бар гардиши маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилонаи СММ  мегӯяд, аз 70 то 75  дар сади қочоқи маводи мухаддири Афғонистон ба Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба воситаи мошинҳои боркаш мегузарад. Ҳамчунон таъкид шудааст, ки 15-25% қочоқи маводи мухаддири Афғонистон ба воситаи ҳавопаймоҳо сурат мегирад.

Ибтидои соли равон низомиёни ИМА як ширкати ҳавоии хусусии Афғонистон бо номи Ком Эйрро бо қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон муттаҳам карда, ҳамкорӣ бо онро мутаваққиф намуда буданд, вале ин айбнома аз тарафи ҷониби афғон ва фурудгоҳи Тоҷикистон рад шуду низомиёни ИМА ҳамкорӣ бо ширкатро аз сар гирифтанд.

Миқёси муомилоти ағйриқонуни бо маводи мухаддир

СММ тахмин мекунад, ки дар соли 2010-ум кишварҳои Осиёи Марказӣ аз муомилот бо маводи мухаддир тахминан 1 миллиарду 400 миллион доллар фоида ба даст овардаанд, ки ба 21 дарсади тавлиди нохолиси миллиии Тоҷикистон баробар аст. Маоши хурди афсарони ниҳодҳои интизомӣ яке аз омилҳои ташвиқкунандаи онҳо ба тиҷорати ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир аст.

​​Ҳукумати Тоҷикистон истеҳсоли маводи мухаддирро ташвиқ намекунад ва бар зидди муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи мухадддир қиём кардааст, вале Агентии назорати маводи мухаддир таҳқиқи афроди боздоштшударо пайгирӣ намекунад ва аз ин рӯ, баъзан афроди боздоштшуда бо кӯмаки хешу табори бонуфуз ва ё додгоҳи фосид  аз  муҷозоти ҷиддӣ раҳо мешаванд.

Аммо сухангӯи Агентии назорат бар гардиши маводи мухаддир ин гуфтаҳоро қабул надорад: “Соли гузашта ягон парвандае, ки аз тарафи Агентӣ пешниҳод шуда буд, рад нашудааст ва тамоми муттаҳамҳо тибқи қонун ҷазои воқеӣ гирифтанд.”

Ӯ афзуд, ки соли гузашта бародари муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва раиси бахши мубориза бо маводи мухаддири вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир аз озодӣ маҳрум шуданд.

Ҳамкорӣ бо ИМА

ИМА дар чорчӯби ташаббуси зидди маводи мухаддир ба Агентии назорат бар гардиши маводи мухаддир кӯмак мерасонад. Аз соли 2003-ум ба ин тараф ИМА ба ин ниҳод ба маблағи 11,3 миллион доллар ёрӣ расондааст.

Билохира ИМА дар чорчӯби ташаббуси беҳбуди назорати марзҳо ба зарурати беҳбуди назорат дар пули болои Панҷи Поён ва мубориза бо фасод дар ниҳодҳои ҳукуматӣ ишора кардааст. Ба қавли ИМА ҳукумати Тоҷикистон шадидан тарафдори ҳамкорӣ дар мубориза бо экстремизм ва ифротагроӣ аст, ки аз он сӯи марз ба Тоҷикистон меояд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi