22:25:44 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАСМИМИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИСТИРДОДИ А.АБДУЛЛОҶОНОВ

Тоҷикистон тасмим гирифтааст, аз Украина расман истирдоди сарвазири собиқ Абдумалик Абдуллоҷоновро тақозо намояд.

/images/stories/2013/02/16_abdullajanov-160213.jpgМуовини аввали Додситони кулли Тоҷикистон Абдуқодир Муҳаммадиев дар сӯҳбат ба хабаргузории русии ИТАР-ТАСС гуфтааст, асноди лозим дар чаҳорчӯби Паймони Минск таҳия шуда, рӯзи душанбеи 18-уми феврал ба Киев фиристода хоҳанд шуд. Оқои Муҳаммадиев гуфтааст, ин аснод бар пояи 60 ҷилди парвандаест, ки ҳанӯз соли 1998 дар ғайбаш алайҳи Абдуллоҷонов боз шудааст.

Бар пояи ин парвандаҳо Абдуллоҷонов дар Тоҷикистон ба содир кардани ҷиноятҳои сангине, чун таъсиси созмони ҷиноӣ, талоши ғасби қудрат, терроризм, диверсия ва дуздии пулу моли давлат айбдор мешавад.

Бархе аз ҳуқуқшиносони тоҷик мегӯянд, агар Абдуллоҷонов аз давлати Амрико паноҳандагии сиёсӣ гирифта бошад, ӯро ба Тоҷикистон истирдод карда наметавонанд. Раҳматулло Зоиров, ҳуқуқшинос ва раҳбари Ҳизби умумимилли сотсиал-демократии Тоҷикистон мегӯяд, мувофиқи қонунҳо байналмилалӣ, паноҳандаи сиёсиро ба кишваре, ки аз он фирор кардаааст, истирдод кардан мумкин нест.

Аммо Зоиров иброз дошт, ки тааҷубовар аст, ки ҷониби Амрико то ҳол ба қазияи Абдуллоҷонов таваҷҷуҳ накардааст дар ҳоле, ки гуфта мешавад вай аз ин давлат паноҳандагии сиёсӣ дарёфт кардааст:

“Ҳарчанд Абдуллоҷонов дар Амрико ба сар мебурд, вале то ин замон сари чанд вақт ба кишварҳои ИДМ хусусан Узбакистон ва ҳатто Русия низ бемамоният сафар мекард ва ӯро боздошт накарда буданд. Тӯли 15-16 сол парвандаи ӯ дар Прокуратура хоб буд ва касе онро баррасӣ намекард. Вале имрӯз дар остонаи интихоботи президентӣ боздошт ва истирдоди Абдулоҷонов якбора муҳим шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Прокуратураи генералӣ дар тасмимгириҳои хеш мустақил нест.”

Вале Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки Тоҷикистон чун узви “Паймони Миснк” метавонад аз кишварҳои дигари он истирдоди шаҳрвандони дар қаламраваш ҷиноят содиркардаро талаб кунад:

”Истирдоди шахсоне, ки дар бинобар ҷиноят содир карданашон дар ҷустуҷӯ қарор доранд дар қаламрави кишварҳои ИДМ вуҷуд дорад. Ҳар нафаре, ки дар таъқиби ҷиноӣ қарор дорад, бояд барои барраси парвандааш ба кишвари ҷиноят содиршуда интиқол дода шавад. Украина бошад узви ҳамин созмон аст ва ин паймонро имзо кардааст.”

Абдулмалик Абдуллоҷонов рӯзи 5-уми феврал дар фурудгоҳи Борисполи Украина бо дастури Интерпол, ки ӯро аз соли 1997 таъқиб мекард, дастгир шуд ва то 18 март ба ҳабс гирифта шуд. Худи Абдуллоҷонов иттиҳомоти эълоншударо сиёсӣ хонда, гуфтааст, дар Амрико мақоми паноҳандагӣ дорад, ки ин истирдоди ӯро манъ мекунад.

Гуфта мешуд, ки боздошти ӯ тибқи дархости Тоҷикистон ва бар асоси талаботи полиси байналмилалии Интерпол сурат гирифтааст. Рӯзи 7 феврал Абдуллоҷонов ба боздоштгоҳи муваққати Вазорати умури дохилаи Украина, воқеъ дар канораҳои Киев, интиқол ёфт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi