11:51:05 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

АБДУЛМАҶИД ДОСТИЕВ: “БА БОЗДОШТИ АБДУЛЛОҶОНОВ НАБОЯД ТОБИШИ СИЁСӢ ДОД”

Сарвазири пешини Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов рӯзи сешанбе дар фурудгоҳи Борисполи шаҳри Киев - пойтахти Украина, боздошт шудааст.

/images/stories/2013/02/06_a.dostiev-060213.jpgСафири Тоҷикистон дар Русия замони сарвазирии Абдулмалик Абдуллоҷонов дар солҳои 1992-1993 муовини аввали ӯ дар будааст. Дар як тамоси телефонӣ бо Маскав аз ҷаноби Достиев хостем, назари худро ба боздошти Абдуллоҷонов дар Киев бигӯяд. Вай гуфт, “дар ин бора бояд додситон, мақомоти ҳифзи қонун ва онҳое гап зананд, ки боздошти ӯро дархост мекарданд”. Дипломати баландпояи тоҷик гуфт, ки Абдуллоҷоновро бо кӯмаки Интерпол дастгир кардаанд ва агар “далелҳои боэътимоду мутақоидкунанда набошад, вай ташкилот ҳеҷ касро боздошт намекунад”.

Вай одам раиси шӯрои вазирон буд, ки дар сессияи 16-ум (шаҳри Хуҷанд , соли 1992) интихоб шуд. Сафири Тоҷикистон дар Маскав буд. Номзад ба интихоботи президентӣ буд. Баъди ин Тоҷикистонро тарк кард. Дигар мо дар борааш чизе нашунидем. Ёдам ҳаст, солҳои 2005 дар Вашингтон, дар як нишасти САҲА будем, шунидем, ки дар Амрико, дар Калифорния зиндагӣ мекунад, - гуфт Достиев.

Дар ҳоле, ки баъзе сокинони Тоҷикистон менависанд, эҳтимолан боздошти Абдуллоҷонов махсус дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон сурат ​​гирифтааст, ки номзади калидии он президент Эмомалӣ Раҳмон аст, Достиев гуфт, ин ҳодисаҳо ба ҳам ҳеҷ иртиботе надоранд. Вай гуфт: "Ин боздошт ягон маънои сиёсӣ надорад. Ба ин одам прокуратура ва мақомоти ҳифзи қонун кор доранд, Раҳмон ба ӯ чӣ кор дорад?

Аз ҳар ҷиҳат додани тобиши сиёсӣ ба ин қазия дуруст нест, зеро ки вай дар интихоботи президентии имсола ширкат ҳам карда наметавонад, барои он ки даҳ соли охир дар Тоҷикистон набуд. Тибқи конститутсияи мо, ҳар касе метавонад номзадиашро пешбарӣ кунад, ки даҳ соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ кардааст", - гуфт ӯ.

Рӯзи сешанбе, 5 феврал дар фурудгоҳи Борисполи шаҳри Киев  собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов боздошт шуд. Баъди нисфирӯзии 6 феврал дар Киев  мурофиаи додгоҳии  ҳабси истирдодии ӯ шурӯъ шуд. Масъули дафтари матбуоти ВУД Украина Ирина Лемешева дар сӯҳбат бо мо аз шаҳри Киев гуфт, ки "додгоҳ масъалаи ҳабси истирдодии Абдуллоҷоновро имрӯз баррасӣ мекунад. Ин ба он маъност, ки дар сурати мувофиқати додгоҳ бо ҳабси ин шахс, то замони истирдод шуданаш, вай дар боздошт қарор хоҳад дошт".

Лемешева гуфт, ки феълан соати баргузории мурофиаи додгоҳӣ маълум нест. Ба саволи мо оид ба дастрасии боздоштшуда ба вакили дифоъ, ӯ гуфт, "Тибқи муқаррарот, вай ҳатман ба адвокат дастрасӣ хоҳад дошт, вале барои мо маълум нест, ки ин вакил давлатӣ аст ё бо роҳҳои хусусӣ истихдом шудааст". Лемешева гуфт, ки Абдуллоҷонов бо иттиҳоми "даст доштан дар ҷиноятҳои сангин боздошт шудааст" ва аз додани тафсилоти бештар худдорӣ кард.

Тибқи қонунҳои Украина, ҳабси истирдодии шахси гумонбар то замони таслим шудани ӯ ба кишвари талабгони муттаҳам 18 моҳ давом меёбад.

Собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов рӯзи 5 феврал дар фурудгоҳи Борисполи шаҳри Киев аз ҷониби ходимони Сарраёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати умури дохилаи Украина ва бо тақозои полиси байналмилалии Интерпол боздошт шуд. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимов дар сӯҳбат бо Итартасс гуфт, ки боздошти Абдуллоҷонов бо дархости Тоҷикистон сурат гирифтааст. Вазорати умури дохилаи Украина дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки қазияи Абдуллоҷоновро таҳқиқ  ва масъалаи эҳтимолии истирдори ӯ ба Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.

/images/stories/2013/02/06_abdullojonov-060213.jpgШаби 5 ба 6 феврал намояндаи расмии "Интерпол" дар Украина дар сӯҳбат бо мо хабари боздошти сарвазири собиқи Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷоновро дар фурудгоҳи Киев тасдиқ кард ва афзуд, ки ҷузъиёти бештари ин боздошт тавассути дафтари матбуотии "Интерпол" пахш хоҳад шуд.

Бино бар хабарҳо, Абдуллоҷонов бо ҳавопаймои Лос-Анҷелес-Амстердам-Киев ба пойтахти Украина расида, дар ҳоле боздошт шудааст, ки  исмаш дар рӯйхати "Интерпол" ҳамчун фарди муттаҳам бо ҷиноятҳои созмонёфта, байналмилалӣ ва терроризм мавриди пайгарди қонунӣ қарор доштааст.

Масъулони сафорати ИМА дар шаҳри Киев мегӯянд, ки машғули таҳқиқи мақоми ҳуқуқии Абдумалик Абдуллоҷонов мебошанд, ки тибқи баъзе хабарҳо, дорандаи Корти Сабз ё ҳақи иқомати Амрико мебошад. Маълум нест, ки оё Абдуллоҷонов, ки тӯли солҳои охир дар Амрико зиндагӣ кардааст, дар ин кишвар мақоми паноҳандаи сиёсӣ дорад, ё на.

"Ҳоло ба мо аз фурудгоҳи Бориспол телефон карда дархост карданд, ки мақоми Абдуллоҷоновро барояшон тавзеҳ диҳем. Мо ҳамин ҳоло машғули таҳқиқи парвандаи ӯ шудем ва айни замон ҳеҷ иттилое роҷеъ ба мақоми ҳуқуқи ӯ дар ИМА гуфта наметавонем", гуфт дар сӯҳбат бо мо як масъули сафорати ИМА дар Киев. Зоҳиран ҳоло Абдуллоҷонов дар боздоштгоҳи муваққати фурудгоҳи Киев нигаҳдорӣ мешавад.

Абдуллоҷонов аз чеҳраҳои шинохтаи даҳаи аввали соли 1990 аст. Ӯ 21-уми сентябри соли 1992 бо қарори Шӯрои олии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи нахуствазир ва сипас 20-уми ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Қасри Арбоб, нахуствазири Тоҷикистон таъин шуда, то 18-уми декабри соли 1993 дар ин вазифа кор кард. Сипас муддате сафири Тоҷикистон дар Русия буд.

Пас аз бохти сабқати президентии моҳи ноябри соли 1994 ба рақибаш Эмомалӣ Раҳмон (он замон Раҳмонов) ӯ аз кишвар хориҷ шуд. Абдуллоҷонов дар ғиёб бо даст доштан дар сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳур, ҳамкорӣ бо полковники шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев, ки дар соли 1998 аз қаламрави Узбакистон ба шимоли Тоҷикистон ҳуҷум кард ва як идда ҷиноятҳои иқтисодӣ гунаҳкор дониста шудааст. Солҳои охир Абдумалик Абдуллоҷонов дар шаҳри Лос-Анҷелеси Амрико мезист ва соҳиби корти иқомат ё Green Card-и Амрикост.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi