13:49:33 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 26
27 28 29 30      

ЗАРИФӢ: БАҲСҲОИ МАРЗӢ ҒОЛИБУ МАҒЛУБ НАДОРАД

Тоҷикистон мехоҳад, ба санадҳои солҳои 1924 -1929, дастрасӣ пайдо намуда, онҳоро дар муайян кардану аломатгузории марзҳои худ бо Узбакистону Қирғизистон истифода барад.

/images/stories/2013/01/18_hamrokhon-180113.jpgИн маълумот дар бойгониҳои Русия маҳфузанд ва ба гуфтаи вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ, Душанбе аз мақомоти Русия хостааст, дар дастрасӣ ба ин ҳуҷҷатҳо мусоидат кунад. Ҷаноби Зарифӣ мегӯяд, Тоҷикистон умедвор аст, ки санадҳои мазкур ба ҳалли дурусти баҳсҳои марзии Қирғизистону Узбакистон кӯмак хоҳанд кард. Вай рӯзи 18-уми январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт:

«Ин масъалаи хеле ҷиддӣ аст.  Ва мо аллакай бо Чин мушкили марзиро ҳал кардем. Аммо бо Қирғизистону Узбакистон дар мушаххас кардани марз мушкил ба амал омадааст, зеро хати марз аз минтақаҳои аҳолинишин мегузард. Ва барои ҳалли ин мушкилот гуфтушунидҳои ҷиддӣ бо ҳамсоякишварҳо зарур аст. Дар ин гуфтушунидҳо ҷониби ғолибу мағлуб нахоҳад буд. Мо зимни аломатгузории марзҳо аз асноди таърихие, ки дар бойгониҳо маҳфузанд истифода мекунем.»

Ҷаноби Зарифӣ аз ҷумла афзуд, мавҷудияти мушкилоти марзӣ  миёни ҳамсоякишварҳо метавонад  боиси  сар задани низоъҳои мухталиф шавад. Бинобар ин, ба гуфтаи ҷаноби Зарифӣ, барои дастрасӣ ба асноди таърихӣ, ахиран аз Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, ки рӯзи 17 –уми январ дар Душанбе буд, кӯмак хостааст.

Гуфта мешавад, то кунун мушкилоти таъйини хатҳои марз миёни Тоҷикистону Узбакистон 80 дарсад ҳал шудааст. Тоҷикистон бо Узбакистон ҳудуди 1400 км марзи муштарак дорад, ки манотиқи баҳсбарангези ин хат дар қисмати ҷануб ва шимоли Тоҷикистон аз масъалаҳои умдаи таъйин ва аломатгузории марз ба шумор мераванд. Ин минтақаҳо дар ноҳияи Турсунзодаву, Шаҳритус ва ноҳияи Ашту Конибодом ва Спитамени вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон мавҷуданд.

Тоҷикистон  бо Қирғизистон 940 километр марз дорад ва танҳо 50 дарсади он дақиқ шуда, баҳсҳо атрофи 471 километри марз солҳост идома дорад. Манотиқи баҳсноки марзӣ асосан дар вилояти Ботканди Қирғизистон, ки ҳаммарз бо вилояти Суғд аст, воқеъ шудаанд ва минтақа борҳо шоҳиди низоъҳои лафзӣ ва ҷанҷоли сокинони ду тараф гаштааст. Сокинони ноҳияи марзии Тоҷикистон баъзе аз заминҳои кишти манотиқи баҳснокро аз они худ медонанд, аммо сокинони Қирғизистон мегӯянд, ки он заминҳо моли кишвари онҳост. Аҳолии ду тараф барои сафар ба минтақаи дигари кишвари худ маҷбуранд, борҳо марзҳои ду кишварро убур кунанд.

Вале оё санадҳои бойгонии Маскав то куҷо ба ҳалли ин мушкилот кӯмак хоҳанд кард. Коршиноси тоҷик Қосими Бекмуҳаммад, мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд ҳуҷҷатҳои мухталиф ё духӯра баҳсро печидатар хоҳанд кард. Вай афзуд, дар мавриди тааллуқи бахше аз манотиқи Осиёи Марказӣ асноди мухталиф вуҷуд дорад, ки ҳар тараф метавонад, ин мадорикро ба манфиати худ истифода кунад:

«Яъне дар як санад ҳуввияти минтақаи хос ба номи Тоҷикистон буда, аммо дар санади дигар ба номи Қирғизистон. Ва ин ки мо тарҷеҳ медиҳем, санаде, ки ба суди мост он асоси гуфтушунидҳо қарор бигирад, аз тарафи дигар , кишварҳои дигари ҳаммарзи мо ба дунболи онанд, ки ҳуҷҷате мавриди таваҷҷӯҳи ду тараф қарор бигирад, ки бештар ба анфъи онҳост.»

Дар ҳамин ҳол таҳлилгари дигар  Аҳмадшоҳи Комилзода, мегӯяд, мушкии марзҳои мушаххасношуда ба абзори фишори  кишварҳои ҳамсоя табдил ёфтааст:

«Дар замони Шӯравӣ имкони бурузи чунин норизоият вуҷуд надошт. Вале имрӯз, ки ин ҷумҳурияҳо як миқдор мустақилият ба даст оварданд,табиист, ки яке ба сари дигари мехоҳад фишор биёрад. Ин мушкилиҳо дар Осиёи Марказӣ бештар аз дасти Узбакистон аст, ки ба ҳар ҷумҳурии дигар  мушкил эҷод менамояд ва мехоҳад зургӯӣ  кунад. Дар ҳоле, ки ҳеҷ яке аз ин кишварҳо аз нигоҳи сиёсӣ ин чизро қабул надоранд.»

Бо ин ҳама ба таъкиди коршиносон, яке аз дигар мавзӯъҳои ҳассос ин аст, ки Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон акнун бояд ё ба асли тағйирнопазирии марзҳо содиқ монанд ва ё бояд минтақаҳоеро миёни худ тақсим кунанд, ки дар тӯли як қарни гузашта макони зисти намояндагони миллатҳои гуногун буданд. Ва расидан ба як нуқтаи тавофуқ дар ин масъала ҳам иродаи сиёсиро талаб мекунад ва ҳам қудрати розӣ нигаҳ доштани мардумони ин минтақаҳоро.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi