04:38:01 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

ИЗҲОРОТИ КЭТРИН ЭШТОН ПАС АЗ МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Ман хеле фараҳманд аз онам, ки имрӯз меҳмони Тоҷикистонам. Бо ҷаноби Зарифӣ, Вазири умури хориҷии кишвар, аввали ин ҳафта дар шаҳри Бишкек дар ҷараёни мулоқоти Вазирони ИА ва Осиёи Марказӣ вохӯрда будам, имрӯз бошад сарафрозам аз мулоқот бо Президент Раҳмон.

/images/stories/2012/11/30_eshton-emomali-301112.jpgМан бо мақсади имконияти баррасии масоили гуногун байни мамолики Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин имконияти ташрифи шахсӣ ба чанде аз ҷумҳуриҳо дар асоси дутарафа сафари минтақа бар дӯш гирифтам. Дар рафти мулоқот бо Президент Раҳмон имрӯз ман ояндаи Афғонистон ва давомнокии фаъолиятамонро дар ин мамлакат пас аз соли 2014 баррасӣ намудам. Ҳамҷоя бо Президент Раҳмон зарурияти идомаи расонидани кӯмак ба мардуми афғон дар ояндаро дида баромадем.

Мо инчунин масоили захираҳои обӣ ва нерӯро муҳокима намудем. Мо дарки он мекунем, ки масоили обу нерӯ барои мамолики минтақа душвории асосиро дар бар мегирад. Иттиҳоди Аврупо хеле хуб дарк менамояд, ки Тоҷикистон ниёзи воҷибе бар нерӯ дорад, ва мо инчунин баҳри ҳаллу фасли душворӣ зарурияти ҳамкорӣ дар ин масъаларо дида баромадем.

Равшан аз он намудам, ки Иттиҳоди Аврупо тайёр аст ба Тоҷикистон барои ҳалли ниёзи нерӯ, алахусус дар фароҳам овардани кӯмак барои зоҳир намудани хулосаҳои алтернативии роҳҳои гуногуни таъминоти нерӯ дасти ёрӣ дароз намояд. Дар ин марҳила ҳам Президент Раҳмон, ва шахсан ман қабули он намудем, ки фаъолияти Бонки Ҷаҳонӣ хеле муҳим аст.

Мо майли он дорем, ки мадади хешро бар истилоҳоти соҳаҳои иқтисодӣ давом диҳем. Ҳамроҳшавии дарпешистодаи Тоҷикистонро ба Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо, ҳамчун асоси мусоидаткунандаи рушди савдо ва сармоягузорӣ пазироӣ менамоем.

Фахр аз он дорам, ки таи бист соли охир ба Тоҷикистон мо кӯмаку мададро дар ҳаҷми зиёда аз 600 млн. евро расонидаем. Боиси хурсандист, ки ҳоло ҳозир боз як шартномаи молиявиеро имзо намудам, ки он боиси баланд бардоштани рақобатнокии агробизнеси тоҷик хоҳад буд.

Барнома 16 млн. евро арзиш дошта, бар рушди соҳаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, инчунин иҷроиши рӯзномаи ҳукуматӣ дар роҳи истилоҳоти  соҳаи хоҷагии қишлоқ равона шудааст. Барнома тавассути ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушт амалӣ хоҳад гардид.

Умед аз он дорам, ки дар ин барнома Шумоён мисоли бомуваффақияти ҳамкории мутақобила ва дастгирии давомноки моро дар оянда мебинед.

Масоили волоияти қонун ва риояи ҳуқуқи инсонро махсусан таъкид намуда, бо Президент инчунин дастгирии ҳамешагии мо ба истилоҳоти сиёсиро дар Тоҷикистон баррасӣ намудем. Зикри он намудам, ки мавҷудияти ҷомеаи шаҳрвандии мустаҳкам ва мукаммал пурра бар манфиати Тоҷикистон буда, инкишофёбӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ раво бошад.

Ин на танҳо барои озодиҳои мардум зарурияти хоса дорад, балки волоияти қонун ва ҷомеаи шаҳрвандии мустаҳкам барои ҷалб намудани сармоягузории хориҷ мусоидат хоҳанд намуд. Мӯътақиди он бояд шуд, ки ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фаъолияти хеш маҳдуд нестанд. Ишора бар он аст, ки ташкилотҳои ба монанди Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони “Ампаро” ва ташкилотҳои байналмилалии ба монанди International Alert, ки дар ин мазраа фаъолияти муҳимро иҷро менамоянд, барои рушди мамлакат аҳамияти хоса доранд.

Дар охир инро қайд карданиям, ки сарфарозам аз ташриф ба ин макон, ва аз Ҷаноби Президент барои муддати дареғнадоштаашон миннатдорӣ изҳор менамоям. Умедворам аз он, ки ташрифи ояндаи тӯлонитари ман дер интизор намекашад.

Ташаккури зиёд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi