15:19:09 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КУМИТАИ ТАДОРУКОТИ ЭЪТИЛОФ БАРОИ ИСЛОҲОТИ ДЕМОКРАТӢ

9-уми ноябри соли 2012 дар маҷлисгоҳи Коллегияи адвокатҳои «Сипар» ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукоти эътилоф «Барои ислоҳоти демократии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Ҷаласаро Зариф Наимов, раиси  Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (ҷинои Ғаффоров) пеш бурд. Дар рӯзномаи ҷаласа шаш масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

/images/stories/2012/11/11_jalasai-tadorukot-111112.jpgДар аввал аъзои Кумитаи тадорукоти эътилоф  Зариф Наимов (ҲСТ, ҷинои Ғаффоров), Ҳ. Абдуллоев (Ҳизби демократи Тоҷикистон, ҷинои Масъуд Собиров), Ҳикматуллоҳ Саидиён (раиси Ҳизби номнависнашудаи «Ваҳдат»), Шералӣ Кенҷаев (раиси Ҳизби Сотсиалистӣ (ҷинои Мирҳусейн Назриев), Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода (сардабири ҳафтаномаи «Наҷот»), Амният Абдуназаров (ташкилоти ҷамъиятии «Демократия»), Мирҳусейн Назриев, ходими ҷамъиятӣ, Зариф Ғуломов (коршиноси ҳуқуқӣ) аз натиҷаи корҳои дар зарфи як ҳафта анҷомдодаи худ гузоришҳо доданд.

Суханронҳо иброз доштанд, ки тӯли ҳафтаи сипаришуда дар сафарҳои ба шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ анҷомдодаи хеш бо мардуми касбу кори гуногун вохӯрда бо онҳо дар бораи ҳадафу вазифаҳои Кумитаи тадорукоти эътилоф сӯҳбатҳо ва мулоқотҳо гузаронидаанд. Ҳини мулоқотҳо варақаҳои иттилоотиеро, ки дар онҳо аз натоиҷи кори дар ин авохир анҷомдодаи Кумитаи тадорукоти эътилоф маълумот дода шудааст, ба мардум дастрас намудаанд.

Дар ҷаласаи мазкур аъзои Кумитаи тадорукоти эътилоф аризаи Бобо Исломов, раиси созмони «Ошкоро»-и шаҳри Кӯлобро мавриди баррасӣ қарор дода ӯро ба узвияти Кумитаи тадорукоти эътилоф қабул карданд.

Ҳангоми баррасии масоили дигари рӯзнома суханронҳо бештар рӯи он таъкид намуданд, ки Кумитаи тадорукоти эътилоф бо васоити ахбори омма робитаҳои хешро аз ин ба баъд  ҳам боз хубтар намуда ҳарчи тезтар сомонаи хешро дар шабакаи ҷаҳонии Интернет фаъол созад.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи тадорукоти эътилоф «Барои ислоҳоти демократии Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ду моҳ қабл таъсис ёфтааст. Кумитаи тадорукот аз 3 ташкилоти ҳуқуқиву ҳифзи ҳуқуқ: - Коллегияи адвокатҳои ҷумҳуриявии «Сипар», Коллегияи адвокатҳои мустақили ш. Душанбе, Консортсиуми юридикии Тоҷикистон, чаҳор ҳизби сиёсӣ: - ҲУСДТ, ҲНИТ, ҲДТ ва ҲСТ (аз ду ҳизби мазкур намояндагони ҷиноҳҳо ширкат доранд), ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳафтанома ва шахсиятҳои алоҳида иборат мебошад. Ба ғайр аз ин, намояндаи ҳизби сабтиномнашудаи «Ваҳдат» низ ба ҳайати Кумита шомил мебошад.

Кумитаи тадорукоти эътилоф рӯзи 13-уми октябр дар ҷаласаи худ пешниҳодотеро таҳти унвони «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия намуданд, ки тибқи он пешниҳод шудааст, ки ба ба Қонуни конститутсионии Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» се тағйироти ҷиддӣ ворид карда шавад:

1.Ба моддаи 13 пас аз ибораи «ва на камаш чор нафар аъзо», ба қисми 1 моддаи 15 пас аз ибораи «дар ҳайати 15-19 аъзо» ибораи «дар асоси намояндагии баробари ҳизбҳои сиёсие, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд», илова карда шавад;

2.Аз қисми 1 моддаи 24 матни ин қисм пас аз ибораи «аз тарафи ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Қонун ба қайд гирифта шудаанд» ва қисми 4 – уми  ҳамин модда хориҷ карда шавад. Ба қисми 1 моддаи 24 ибораи «Шаҳрвандони ғайриҳизбӣ низ ҳақ доранд, номзадии худро ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ҳар ҳизби сиёсие, ки дар Вазорати адлияи ҶТ ба қайд гирифта шудааст, тибқи тартиби муқарраркардаи ин қонун, пешниҳод намоянд». Қисми 2 ва 3 моддаи 24 ба қисми 1 ҳамин модда мутобиқ карда шавад;

3.Қисми 6 ва 7 моддаи 32 дар таҳрири зайл баён карда шаванд. Қисми 6. «Натиҷаи ҳисобкунии овозҳо дарҳол пас аз анҷом додани он дар маҷлиси кушод ва оммавии комиссияи интихоботии участкавӣ муайян карда, ба протокол дохил карда мешавад. Протокол дар се нусха аз тарафи раис, муовини раис, котиб ва аъзоёни комиссия имзо карда мешавад ва як нусхаи он дарҳол дар ҳудуди комиссияи участкавӣ дар ҷойи намоён ва дастрас ба мӯҳлати се шабонарӯз овезон карда мешавад.

Дигар нусхаи протокол ба комиссияи интихоботии ҳавзаи дахлдор ба тартибе, ки Комиссияи марказии интихобот оид ба интихоботи Президенти ҶТ муқаррар кардааст, фиристода мешавад. Нусхаи севвум ба хуҷҷатҳои истеҳсолии комиссияи участкавӣ замима карда мешавад». Қисми 7. «Раис, муовини Раис ва котиби комиссияи участкавӣ вазифадор аст, ки нусхаи тасдиқшудаи протоколро ба ҳар нозири ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ватанӣ ва байналмилалӣ, шахсҳои боэътимоди номзад ба вазифаи Президенти ҶТ ва ВАО, ки тибқи қонуни мазкур аз ҷониби комиссияҳои интихоботӣ ба қайд гирифта шудаанд, дарҳол  дастрас намоянд».

Ҷаласаи навбати Кумитаи тадорукоти эътилоф рӯзи 16-уми ноябр дар маҷлисгоҳи Коллегияи адвокатҳои «Сипар» баргузор хоҳад шуд.

АКСҲО АЗ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КУМИТАИ ТАДОРУКОТИ ЭЪТИЛОФ БАРОИ ИСЛОҲОТИ ДЕМОКРАТӢ

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi