14:39:47 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СОЗИШҲОИ НАВИ МИЁНИ МАСКАВУ ДУШАНБЕ: КӢ БУРД, КӢ БОХТ?

Таҳлилгарони умури сиёсӣ бурду бохти шаш созиши нави миёни Тоҷикистону Русияро аб гунаҳои мухталиф шарҳ медиҳанд. Санадҳоеро, ки дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Русия дар Душанбе имзо шуданд, наметавон барои Тоҷикистон сарнавиштсоз номид, аммо онҳо, бидуни шак, барои ҳарду кишвар ба навъе муҳиманд.

/images/stories/2012/10/06_mashvarat-061012.jpgАз нигоҳи сиёсатшиносону таҳлилгарони тоҷику рус, ки сафари расмии раҳбари Русияро пайгирӣ мекарданд, агар созиш дар бораи мақом ва тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бештар ба манфиати Маскав бошад, аз дигар санадҳо Душанбе бурд хоҳад кард.

Бар пояи созиши ҳосилшуда миёни Душанбеву Маскав, пойгоҳи низомии Русия барои 30 соли оянда, яъне то соли 2042, дар Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд. Дар ивази ин санад, ки бар пояи он ҳамчунин сарбозу афсарони Русия дар қаламрави Тоҷикистон аз мақоми дахлнопазирӣ бархӯрдор хоҳанд шуд, Тоҷикистон лағви пардохтҳои гумрукии фаровардаҳои нафтӣ ва ваъдаи модернизатсия ё навсозии нерӯҳои мусаллаҳи худ ва таҳкими ҳамкориҳои густурдаи иқтисодӣ бо Русияро ба даст овард.

Анатолий Чехоев, сиёсатшиноси рус, мегӯяд, Тоҷикистон дар вазъи Осиёи Марказӣ ва хатарҳое, ки баъд аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ба минтақа таҳдид мекунанд, ба яке аз кишварҳои калидӣ табдил шавад. Аз нигоҳи ӯ, барои ин ба Тоҷикистон ҳампаймонҳои нерӯманду санҷидашуда заруранд ва Душанбе Русияро ин гуна ҳампаймон интихоб кардааст. Сиёсатшиноси рус меафзояд, созишро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон пирӯзии дипломатияи рус ё бохти дипломатияи тоҷик номид, зеро, ба бовари ӯ, ҳарду ҷониб аз он манфиат мебинанд.

​​Анатолий Чехоев илова кард, Тоҷикистон ба дарёфти маблағ барои иҷораи пойгоҳи низомии Русия муваффақ нашуд, аммо ба ҷойи ин аз Русия ваъда гирифт, ки нерӯҳои мусаллаҳашро бо силоҳи муосир таъмин мекунад: "Бовар кунед, масъалаи ҳамкориҳои низомиву техникӣ ва мудофиавӣ, аз ҷумла, навсозии артиш барои Тоҷикистон на камтар аз дарёфти маблағ муҳим аст - чӣ фарқ дорад, ки Шумо ба ман тонк медиҳед ё пул медиҳед, ки ба он ман тонк харидорӣ кунам."

Артем Улунян, устоди Пажӯҳишгоҳи таърих ва сиёсат дар Маскав, дар сӯҳбат бо мо гуфт, дар вазъи феълӣ барои ҳукумати Тоҷикистон он нукта муҳим аст, ки Русия дар қатори кишварҳои мухолифи режими феълии Душанбе набошад. Аз нигоҳи ӯ, пас аз сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон он сардие, ки солҳои охир миёни Душанбеву Маскав иттифоқ  уфтода буд, аз байн хоҳад рафт. Аммо як нуктаи созиш - аз мақоми дипломатӣ бархӯрдор шудани низомиёни руси мустақар дар Тоҷикистон, аз нигоҳи сиёсатшинос Артем Улунян баёнгари он аст, ки Маскав мехоҳад афсарони сарбозонашро аз зери назорати ҳукумати Тоҷикистон комилан берун кунад.

​​Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, ин мақом бар зарари худи низомиёни рус аст ва шояд онҳоро дар назари сокинони бумӣ манфур созад, зеро мардум мебинанд, ки онҳо ҳар коре хоҳанд анҷом медиҳанд ва касе наметавонад ҷилави онҳоро бигирад. "Хислати одамӣ ҳамин аст, ки агар бубинад масъул нест, ҳеҷ қонунро риоя намекунад"-, мегӯяд Саидумар Ҳусайнӣ.

Мусоҳибони мо ҳадс мезананд, ки беназоратии низомиёни рус шояд боис ба ширкати фаъолтари онҳо дар қочоқи маводи мухаддир ва сангҳои қиматбаҳо аз Тоҷикистон ҳам гардад. Артем Улунян мегӯяд, Русия, бидуни шак, барои густариши нуфузи низомияш дар Осиёи Марказӣ талош хоҳад кард. Ӯ ҳатто имкони бозгашти марзбонҳои рус ба марзҳои ҷанубии Ҷомеаи кишварҳои ҳамсудро аз эҳтимол дур намедонад. Сабаби инро мусоҳиби мо ин гуна ташреҳ кард: "Омили ба истилоҳ “хатари беруна” аз сӯи раҳбарони Русия фаровон истифода хоҳад шуд ва ҳадафи он имкони густариши ҳузури ниҳоӣ дар кишварҳое хоҳад буд, ки бо Афғонистон ҳамсарҳаданд. Манзур, аз ҷумла, Тоҷикистон аст."

Ӯ дар идома гуфт, "фаромӯш набояд кард, ки омили хуруҷи нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ аз Афғонистон, шояд аз сӯи Маскав ба инобат гирифта шавад."

Сайидқосими Қиёмпур, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi