00:46:18 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 30 31    

ПОЙГОҲИ 201 ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 30 СОЛИ ДИГАР БОҚӢ МЕМОНАД

Созишнома миёни Тоҷикистону Русия ҳузури пойгоҳи низомии 201-ро то соли 2042 дар назар мегирад. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар поёни дидору гуфтугӯи ҳайатҳои Тоҷикистону Русия, дар як нишасти матбуотӣ хабар дод, ки «бар асоси созишномаи мақом ва шартҳои ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон», ин пойгоҳ барои 30 соли оянда, яъне то соли 2042 фаъол хоҳад буд».

/images/stories/2012/10/05_rahmon-putin-051012.jpgВай таъкид кард, ки имзои ин санад ва буду боши пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон, ба манфиати таъмини амният дар минтақа хоҳад буд. Вай зимни он, ки аз дидору гуфтугӯҳо дар ҷараёни сафари расмиаш изҳори хушҳолӣ кард, гуфт, дар ҳама масоили мавриди таваҷҷӯҳ ба тавофуқ расидем ва ин имкон хоҳад дод, то ҳамкориҳои мо бештар густаришу тақвият ёбад.

Хоса, президенти Русия имзои ёддошти тафоҳум миёни вазоратҳои энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Русия дар заминаи воридоти маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи гумрукиро барои беҳ шудани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон ва ҳамин тариқ тавсеа ва рушди ҳамкориҳои ду кишвар зарурӣ арзёбӣ кард.

Ҳамчунин Путин гуфт, ки дар чорчӯби санадҳои имзошуда, ба Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф, ба хусус мубориз бо қоҷоқи маводи мухаддир ва ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ -фаннӣ кӯмакҳоеро ироа хоҳад дошт.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ натоиҷи сафари ҳамтои русаш Владимир Путинро барои боз ҳам рушду тавсеа ёфтани муносиботи ду кишвари страегӣ пураҳамият хонд.

Вай бевосита аз имзои созишномаи мақом ва шарти буду боши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва ёддошти тафоҳум дар заминаи воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ёддоварӣ кард ва гуфт, ки талош хоҳад шуд, то иҷрои ин санадҳо ҳамкориҳои ҳар ду кишварро ба сатҳи сифатан нав бардорад.

Хабарнигори мо мегӯяд, созишномаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар хоки Тоҷикистонро дар ҳузури президентони ин кишварҳо вазирони дифоъ - Шералӣ Хайруллоев ва Анатолий Сердюков тасвиб карданд. Тибқи ин созишнома, мӯҳлати ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар хоки Тоҷикистон 49 сол муқаррар шуда, аз замони имзои созишномаи нахустин дар таърихи 25 маи соли 1993 ҳисоб мешавад. Дар баробари ин, як ёддошти тафоҳум роҷеъ ба ҳамкориҳо дар риштаи низомӣ ба имзо расидааст.

Ин хабар аз қавли Юрий Ушаков, ёвари раиси ҷумҳурии Русия пахш шудааст. Ушаков гуфтааст, ки ин санад санади нав созишномаи то соли 2014 амалкунандаро табдил хоҳад кард. "Баъди гузашти ин мӯҳлат, шароити тамдиди мӯҳлати созишномаи мазкур баррасӣ хоҳад шуд", гуфт ёвари Путин дар сӯҳбат бо хабарнигорон.

Тибқи иттилои расида, дар поёни дидору гуфтугӯи як ба яки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ва музокироти ҳайатҳои ҳар ду кишвар дар «Кохи Миллат» санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар соҳаҳои  ба имзо расид.

Нахуст, Шералӣ Хайруллоев ва Анатолий Сердюков, вазирони дифоъи Русия ва Тоҷикистон созишнома миёни Тоҷикистон ва Русия дар бораи мақом ва шартҳои буду боши пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон ва ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои дифои Тоҷикистон ва Русия дар масоили ҳамкориҳои низомиро имзо карданд

Баъдан Рустам Назаров ва Виктор Иванов, раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухадири Тоҷикистон ва Русия созишнома байни Агентии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон ва Хадамоти федералии маводи мухаддири Русия дар заминаи кӯмак ба муқобила бо маводи мухаддирро имзо намуданд.

Ёддоштҳои тафоҳум дар заминаи ҳамкорӣ дар интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва дар соҳаи энергетикаро Гул Шералӣ ва Александр Новак, вазирони энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Русия имзо карданд.

Сафиулло Девонаев ва Константин Ромадановский, ёддошти тафоҳум дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро ба тасвиб расониданд.

Аз ин қабл Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия зимни мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки сафари вай ба Тоҷикистон робитаҳои минбаъда миёни ду кишварро такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Владимир Путин ҳамунин ба фаъолияти ҳайатҳои кории ду ҷониб дар омода кардани санадҳои нави ҳамкорӣ, баҳои баланд додааст.

Дар мулоқоти хосаи сарони Тоҷикистон ва Русия, ки дар «Кохи Миллат» баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ гуфтааст, ки кишвараш аз рушди муносибатҳои гуногунҷанба бо Маскав, манфиатдор аст.

Дар "Кохи миллат"-и Душанбе мулоқоти рӯбарӯи раҳбарони Тоҷикистон ва Русия ҷараён дорад. Хабарнигори мо мегӯяд, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия зимни маросими бошукӯҳе аз сӯи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни «Кохи Миллат» истиқбол шуд.

Ин лаҳзаҳо мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар формати «тет-а-тет» оғоз шудааст, ки маҷмӯъи масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ дар меҳвари ин музокирот қарор дорад.

Аз рӯи барномаи расмӣ, сипас музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Русия бо ширкати раисони ҷумҳурии ҳар ду кишвар низ ҷараён хоҳад гирифт. Дар поёни ин музокирот мақомоти Тоҷикистон ва Русия чанд санади ҳамкориро ба имзо мерасонанд.

Ба иттилои манобеъи расмӣ, сафари Владимир Путин бо боздид аз мақари пойгоҳи низомии Русия, воқеъ дар шаҳраки Гипроземи пойтахти Тоҷикистон ва ошноӣ бо фаъолияти низомиёни рус ба поён мерасад. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, нимашаби 4 ба 5 октябр бо як сафари расмӣ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд.

Путинро дар ин сафар  як ҳайати баландпояи ҳукумати ин кишвар ҳамроҳӣ мекард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси ҷумҳури Русия Владимир Путинро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аъзои ҳукумати кишвар, раҳбарият ва намояндагони сафорати Русия дар Тоҷикистон истиқбол карданд. Владимир Путин дар оғози сафараш ба Тоҷикистон дар фурудгоҳ бо хабарнигорон сӯҳбат накард.

​​​Ёвари раисиҷумҳури Русия Юрий Ушаков қабл аз парвози Путин ба Душанбе дар Маскав гуфт, ки Путин ва Раҳмон аз пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон низ дидан хоҳанд кард. Сарнавишти ин пойгоҳ, ки замони ҳузураш баъди 2 сол ба поён мерасад, аз мавзӯъҳои аслии сафари Путин ба Душанбе унвон мешавад.

Ушаков гуфт, имкони бунёди нирӯгоҳҳои хурду миёна дар рӯдҳои дохилии Тоҷикистон ва масъалаи муҳоҷират низ дар рӯзнома ҳаст. Ӯ афзуд, ин сафар дар рӯзи 60-солагии Эмомалӣ Раҳмон иттифоқ меуфтад ва Путин ҳамтои тоҷикашро ба ин муносибат табрик хоҳад кард. Путинро дар ин сафар як ҳайъати аршад, бо шумули вузарои хориҷаву дифоъ ва иқтисоду энержии Русия ҳамроҳӣ мекунанд.

​​Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари соҳибназарони тоҷик тахмин мезананд, ки ин сафари Владимир Путин дар рӯзи зодрӯзи раиси ҷумҳури Тоҷикистон маҳз марбут ба баррасии масъалаи тӯлкашидаи тақдири минбаъдаи пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон ва рӯшан кардани мавқеи Русия дар баробари баҳсҳои обии Осиёи Марказӣ иртибот мегирад.

Қаблан Юрий Ушаков, ёвари раисиҷумҳури Русия, ба хабаргузориҳои ин кишвар гуфта буд, ки сарнавишти пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон, аз мавзӯъҳои меҳварии гуфтугӯи ҷониби Маскав бо Душанбе хоҳад буд. Хабаргузории ИТАР-ТАСС 3-юми октябр ба нақл аз ёвари раисиҷумҳури Русия навишт, зимни сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон ба ҳамкориҳо дар бахши таъмини амният ва бехатарӣ дар Осиёи Миёна таъкид хоҳад шуд ва пойгоҳи низомии 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон, нақши кафили амният ва бехатариро ифо хоҳад намуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi