07:40:12 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АБДУЛАТИПОВ ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 3000 МЕТРИ МУРАББАЪ ЗАМИН ДОРАД

Рамазон Абдулатипов, сафири собиқи Русия дар Тоҷикистон, дар ин кишвар маскан ва қитъаи замине дар ихтиёр дорад. Ин иттилоъ дар сойти расмии Думои Русия, ки оқои Абдулатипов дар он аз Ҷумҳурии худмухтори Доғистон намояндагӣ мекунад, мунташир шудааст.

/images/stories/2012/08/21_abdulatipov-ramazan-210812.jpgИн дар ҳолест, ки тибқи қавонини Тоҷикистон, атбоъи хориҷӣ аз ҳаққи харидории маскан дар ин кишвар бархурдор нестанд, ҳарчанд гуфта мешавад оқои Абдулатипов шаҳрванди ифтихории Тоҷикистон аст. Гузашта аз ин, дар Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат маҳсуб шуда ва мавриди хариду фурӯш қарор намегирад.

Маҷаллаи “Огонек”-и чопи Маскав низ бо интишори феҳрасти аъзои Думои Русия, ки дар хориҷ аз кишвар дороиҳое дар ихтиёр доранд, исми оқои Абдулатиповро дар радаи аввал гузоштааст. Дар ин феҳраст асомии 26 узви Думо оварда шудааст, ки дар кишварҳои мухталиф соҳиби қитаъоти замин ва маскан мебошанд.

Мақоми аввали Рамазон Абдулатипов дар ин феҳраст танҳо ба ҳарфи нахусти алифбо дар исми хонаводагиаш марбут нест. Тибқи оморе, ки дар сойти расмии Думои Русия оварда шудааст, масоҳати қитъаи замине, ки оқои Абдулатипов дар Тоҷикистон дорад, бештар аз дороиҳои вакилони дигар аст.

Оқои Абдулатипов ин оморро шахсан зимни интихобаш ба Думои Русия ироа кардааст. Бар асоси ин манбаъ, вай дар Тоҷикистон 3127 метри мураббаъ қитъаи замин "барои сохтмони манзил" ё ба истилоҳ "замини наздиҳавлӣ" дорад. Ҳамзамон оқои Абдулатипов дар Тоҷикистон маскане низ дар ихтиёр дошта, ки масоҳаташ 122,2 метри мураббаъ мебошад. Вале дар бораи маҳалле, ки ин маскан дар он ҷо воқеъ аст, иттилоъе ироа нашудааст.

Дар сойти Думои Русия ҳамчунин иттилоъе вуҷуд дорад, ки ин вакили порлумони Русия боз дар шаш маҳал дар Русия қитаъоти замин ва маскан дорад. Дар як соли ахир вай ҳудуди шаш милюн рубли русӣ маъош гирифтааст. Оқои Абдулатипов дар моҳи декабри соли гузашта ба намояндагӣ аз ҳизби ҳокими “Русияи муттаҳид” ба узвияти Думо интихоб шуд ва симати муъовини раиси яке аз кумитаҳоро бар уҳда дорад.

Вай аз соли 2005 то соли 2009 сафири Русия дар Тоҷикистон буд. Ба эътиқоди соҳибназарон, оқои Абдулатипов бо мақомоти тоҷик, бавижа Президент Раҳмон ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, равобити қавии дӯстона доштааст. Ба гуфтаи онҳо, оқои Абдулатипов талошҳоеро барои густариши равобити миёни Тоҷикистон ва Русия ба харҷ додааст. Бо ин вуҷуд, дар яке аз охирин нишастҳои матбӯъотии худ дар Душанбе вай изҳор дошт, ки натавонистааст ҳамаи барномаҳои худро иҷро кунад.

Таҳлилгарон муътақиданд, ки баъд аз анҷоми маъмурияти оқои Абдулатипов дар Тоҷикистон ва интисоби сафири ҷадиди Русия дар Душанбе равобити ин ду кишвар ба сардӣ гароидааст. Оқои Абдулатипов баъд аз анҷоми маъмурияташ дар Тоҷикистон раҳбарии яке аз донишгоҳҳои Маскавро бар уҳда дошт. Вале соли 2011 дар пайи шикоёти мукаррари донишҷӯён ва асотиди ин донишгоҳ, ки ӯро ба бесалоҳиятӣ муттаҳам мекарданд, аз симати худ истеъфо дод.

Дар ҳамин ҳол, масъулони ҳеҷ яке аз ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон ҳозир нашуданд дар бораи дороиҳои Рамазон Абдулатипов дар ин кишвар изҳори назар кунанд. Ин дар ҳолест, ки қавонини Тоҷикистон харидории маскан дар ин кишвар аз сӯйи атбоъи хориҷиро мамнӯъ кардааст. Чунин имтиёз танҳо ба шаҳрвандони ифтихорӣ дода шудааст.

Ба гуфтаи манобеъи расмӣ, Рамазон Абдулатипов бар асоси тасмими шаҳрдории Душанбе аз 11 ноябри соли 2008 "барои саҳми арзандааш дар рушди муносибатҳои дӯстона" байни пойтахтҳои Русия ва Тоҷикистон унвони "шаҳрванди ифтихории Душанбе"-ро дарёфт кардааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi