07:09:25 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН МАҚОЛАИ "FRANKFURTER RUNDSCHAU"-РО "ФАРМОИШӢ" НОМИДАНД

Рӯзнома Тоҷикистонро гузаргоҳи асосии маводи мухаддири Афғонистон номид. Ба навиштаи ин нашрия, солона аз шимоли Афғонистон 80 тонна ҳероин ва 20 тонна тарёк ба Тоҷикистон ворид мешавад. Дар шимоли Афғонистон аслан сарбозони Олмон дар таркиби нирӯҳои байналмиллалии кӯмаки амниятӣ ё ISAF ҳузур доранд.

/images/stories/2012/08/16_imomuddin-sattorov-160812.jpgБа навиштаи ин рӯзнома, нахустин пойгоҳ барои ҳамлу нақли ин миқдор маводи мухаддир, аз ҷумла соле 80 тонна ҳероин вилояти Кундузи Афғонистон ба шумор меравад, вилояте, ки дар он низомиёни Олмон дар таркиби нируҳои байналмиллалии кӯмаки амниятӣ мустақаранд.

Аммо Баяман Нуришод-масъули иттилооти сиёсии нируҳои Олмон дар вилояти Кундуз гуфт, онҳо масъулияти назорат бар ҳамлу нақл ё қочоқи маводи мухаддир дар дохили Афғонистонро бар ӯҳда надоранд ва ин кор бар дӯши пулиси Афғонистон вогузор шудааст.

Бо вуҷуди изҳороти сухангӯи нируҳои Олмон дар Кундуз, Обид Наҷиб - муовини сафири Афғонистон дар Берлин мегӯяд, баъд аз соли 2001 яъне баъд аз истиқрори нирӯҳои байналмиллалӣ дар Афғонистон қочоқи маводи мухаддир аз ин кишвар ба самти Тоҷикистон камтар шудааст ва марзбонони Тоҷикистон низ нисбат ба солҳои 1996-2000 амнияти марзи миёни ин ду кишварро беҳтар таъмин мекунанд.

Ҷаноби Наҷиб гуфт, "Ин навиштаи Frankfurter Rundschau воқеият надорад, ки Олмон худро бетараф мегирад, дар соҳаи онҳо ин кор сурат бигирад ва онҳо чизе нагӯянд. Frankfurter Rundschau-ро мутолиа кардам ва воқеан муттаассир ҳастам, ки дар бораи соҳаи кори нируҳои Олмон ин хабар чоп шудааст”.

Ба гуфтаи муовини сафири Афғонистон, қочоқи маводи мухаддир тавассути марзҳои миёни Тоҷикистону Афғонистонро касе ҳисоб накардааст ва рақаме, ки оварда шудааст, асос надорад.

Дар мақолаи Frankfurter Rundschau омадааст, ки агар қочоқчиёни маводи мухаддир дар Тоҷикистон бихоҳанд барои сарвати ба дастовардаи худ аз касе сипосгузорӣ кунанд, бояд аз вазорати дифои Олмон, яъне аз Бундесвер сипосгузор шаванд. “Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон бидуни мамониат густариш меёфт ва Тоҷикистони ҳамсоя то ба дараҷаи кишвари комилан маводи мухаддир табдил ёфт,”- навиштааст Frankfurter Rundschau.

Ин навишта дар ҳоле нашр шудааст, ки нирӯҳои байналмиллалӣ ва пулиси  Афғонистон дар  давоми ҳузури беш аз даҳсолаи худ корҳои зиёдеро барои таъмини амнияти Афғонистон ва пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир анҷом доданд. Олмон ба ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон низ барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир кӯмакҳои фаннӣ кардааст.

Имомуддин Сатторов-сафири Тоҷикистон дар Олмон дар вокуниш ба ин мақола мегӯяд, нирӯҳое дар паси чунин таблиғот истодаанд ва онҳо ҳавохоҳи густариши муносиботи Тоҷикистон бо Аврупо, ба хусус бо Олмон нестанд:

“Ба фикри ман нируҳое ҳастанд, ки муносибатҳои хуби Тоҷикистонро бо давлатҳои Иттиҳодияи Аврупо, ба хусус бо Олмон намехоҳанд ва онҳо кӯшиш мекунанд, ки тавассути рӯзномаҳои дуввумдараҷаву севвумдараҷаи олмонӣ ҳамин корро анҷом диҳанд. Онҳо бо ин кор мехоҳанд бигӯянд, ки бубинед, фикри Олмон дар бораи Тоҷикистон чӣ аст. Вале дар бораи Тоҷикистон ҳам фикри давлати Олмон ва ҳам фикри мардум хуб аст. Онҳо медонанд, ки Тоҷикистон як кишвари рӯ ба инкишоф аст. Мехоҳад истиқлоли худро мустаҳкам кунад. Олмон ҳам мехоҳад, ки дар ин роҳ ба кишвари мо кӯмак расонад”.

Ба гуфтаи оқои Сатторов, чунин нируҳо шояд хабар доранд, ки дар ояндаи наздик тибқи тавофуқоти пешакӣ ҳайати бузурги намояндагон аз ширкатҳои саноатӣ ва дираҳои бозаргонии Олмон аз Тоҷикистон боздид мекунанд ва дар ҷараёни ин боздид рушди ҳамкориҳои ин ду кишвар баррасӣ мешавад. Дар бораи ҳамкориҳои мустақими ширкатҳои миёни ду кишвар имзои санадҳои ҳамкорӣ дар назар аст. Шояд ин тамосҳои мустақими Тоҷикистон бо Аврупо ба мазоқи нируҳое хушоянд нест.

Нурмуҳаммади Холзода, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi