08:40:17 26-уми Ноябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

НОМАИ ФАРМОНДЕҲОН БА РАИСҶУМҲУР ДАР РОБИТА БО ВАЗЪИ БАДАХШОН

Фармондеҳони собиқи мухолифон дар Бадахшон бо ирсоли номае ба Президент Раҳмон, хостори расидагӣ ба қазияи қатли Абдулло Назаров, раиси Идораи Кумитаи амнияти вилояти Бадахшон шудаанд.

/images/stories/2012/07/23_cityofkhorog-230712.jpgСарҳанг-ду (подполковник) Толиб Айёмбеков, муъовини фармондеҳи посгоҳи марзии "Ишкошим" ва дар гузашта аз фармондеҳони мухолифин ҳангоми ҷанги дохилии 1992-1997, мегӯяд, ки раисҷумҳури ин кишвар қаблан ба фармондеҳони мухолифини пешин дар Бадахшон қавли адами иқдоми низомӣ алайҳи ононро дода буд.

Аммо сарҳанг-ду Айёмбеков мегӯяд, ки ҳоло нерӯҳои давлатӣ қасд доранд бо баҳонаи амалиёти боздошти афроди мазнун дар қатли Абдулло Назаров фармондеҳони собиқро саркӯб кунанд.

Ба гуфтаи иддае аз сокинони шаҳри Хоруғ, мақомоти давлатӣ расман ҳушдор додаанд, ки дар сурати адами таслими ин афрод ба мақомоти интизомӣ то фардо, сешанбеи 24 июл, амалиёти вижаеро ҷиҳати боздошти онон оғоз хоҳанд кард.

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон, Рамазон Раҳимов, зимни суханронии худ аз шабакаи маҳаллии телевизиюнии давлатӣ дар вилояти Бадахшон аз мазнунон тақозо кардааст, ки ба нерӯҳои интизомӣ таслим шаванд.

Гуфта мешавад, ки вазири дифоъ, раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва бархе аз аъзои порлумони Тоҷикистон ҳамакнун дар ин минтақа ба сар мебаранд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи иддае аз сокинони Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, дар майдони марказии ин шаҳр, теъдоде аз сокинон, ки умдатан зан будаанд, таҷаммӯъ карда ва хостори расидагии мунсифона ба қазияи қатли Назаров шудаанд.

Ин афрод ҳамчунин тақозо доранд, ки давлат аз амалиёти низомӣ даст кашида ва мушкилро бо роҳи мусолиматомез ҳал кунад.

Гуфта мешавад, теъдоди таҷаммуъкунандагон дар ҳоли афзоиш аст.

Ҳарчанд Вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, ки нерӯҳои изофии низомӣ барои анҷоми амалиёте ба вилояти Бадахшон эъзом нашудаанд, вале тавре ки бархе аз сокинони шаҳри Хоруғ мегӯянд, аз дирӯз тавассути болгардҳо шуморе аз маъмурони ягонҳои вижаи (спецнази) нирӯҳои интизомии Тоҷикистон ба шаҳри Хоруғ эъзом шудаанд.

Ҳамчунин, бархе аз ронандагон ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки комюнҳои низомиро бо шуморе аз низомиён, ки зоҳиран равонаи вилояти Бадахшон будаанд, мушоҳида кардаанд.

Рӯзи шанбеи 21 июл, Абдулло Назаров, раиси идораи Кумитаи амнияти миллии вилояти Бадахшони Тоҷикистон, дар рустои Ниводак, дар ҳумаи шаҳри Хоруғ, кушта шуд.

Мақомоти расмӣ кушта шудани ин мақомро ба гурӯҳи созмонёфтаи қочоқчии танбоку иртибот дода ва ангезаи онро муборизаи вай алайҳи қочоқчиён унвон кардаанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ин қатл афроди вобаста ба Толиб Айёмбеков, яке аз фаромндеҳони қаблии мухолифони мусаллаҳи давлат, ки ҳол дар саффи нерӯҳои марзбононии Тоҷикистон, вобаста ба Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, хидмат мекунанд, даст доштаанд.

Аммо сарҳанг-ду Айёмбеков, ин иттилоъро такзиб кард ва гуфт, ки ин афрод аз ҷумлаи сокинони шаҳри Хоруғ будаанд ва ӯ онҳоро мешинохтааст.

Ташхиси пизишки қонунии Назаров анҷом нашудааст

Аз сӯйи дигар, Толиб Айёмбеков дар суҳбати телефунии рӯзи душанбеи 23 июл бо Би-би-сӣ, зимни шарҳи вазъи кунунӣ дар Бадахшон, гуфт, амалиёте ки ҳоло дар ин вилоят дар ҳоли амалӣ шудан аст, алайҳи боздошти чаҳор нафар аз фармондеҳони қаблии мухолифон дар Бадахшон тарҳрезӣ шудааст.

Оқои Айёмбеков афзуд: “Ҳоло қатли Абдулло Назаров, ки ман бо вай чун бародар дӯстӣ доштам ба як сӯ монда ва бештари талошҳо барои боздошти чанде аз афроде ки дар миёни мардум нуфуз доранд, матраҳ аст.”

Оқои Айёмбеков мегӯяд, ки бо афроде ки ҳоло давлат онҳоро дар қатли сартип-ду (генерал-майор)Назаров муттаҳам кардааст, суҳбат кард ва ба гуфтаи ин афрод онҳо ба сартип-ду Назаров ҷоқу (корд) назадаанд.

Вай афзуд, ки онҳо хостори ташхиси ҷасад аз тарафи пизишки қонунӣ барои муъайян кардани сабаби аслии фавти ӯ ва мизони алкул дар хуни Назаров шудаанд, аммо ӯ мегӯяд, ки ин амр анҷом нашудааст.

Ӯ меафзояд: “Тавре ки онҳо ба ман гуфтаанд, Женерол Назаров он рӯз бо либоси низомӣ набуда ва вай барои тафреҳ ба Гармчашма рафтааст. Дар роҳи бозгашт мошини ӯ бо мошине, ки бачаҳо ба он савор буданд, барӯрдааст ва даъвои вай бо ин афрод барои мошин сар задааст.”

Оқои Айёмбеков меафзояд, ки шояд ҳадафи аслии давлат боздошти Ёдгор Шоҳмусалламов, Боқир Муҳаммадбоқиров, Имумназар Имумназаров ва худи ӯ бошад.

Ӯ афзуд: “Ман танҳо ба Президент Раҳмон бовар дорам ва мо ду номаеро низ унвонии ӯ навиштааем. Вале то ҳол посухе ба мо наёмадааст. Охир Президент Раҳмон дар соли 2008 ба мо ваъда дод, ки дар Хоруғ ҳеч амалиётеро анҷом нахоҳанд дод.”

Аз сӯйи дигар бархе аз сокинони шаҳри Хоруғ аз вазъияти ба миён омада нигаронанд ва онҳо мегӯянд, ки имрӯз мақомот расман бозори шаҳри Хоруғро таътил кардаанд.

Вилояти Бадахшон, яке аз фақиртарин манотиқи Тоҷикистон буда ва дар се соли ахир шоҳиди эътирозҳои мардум будааст. Аз ҷумла дар соли 2008 бархе аз сокинони Бадахшон таҷаммӯъе дар шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоя,т дар робита ба фаъъолияти ба бовари онҳо “носозгор”-и кормандони бахши додситонии ин минтақа баргузор карда буданд.

Ҳамчунин дар соли 2011 иддае аз ҷавонони бадахшӣ ба дифоъ аз як фарди маҳкумшуда эътирозе дар назди додгоҳи вилоят доир карданд. Коршиносони сиёсӣ он замон сабаби аслии нооромиҳо дар вилояти Бадахшонро ба фақру бекорӣ иртибот дода буданд.

Вилояти Бадахшон аз манотиқи роҳбурдии (истротежики) Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки бо Чин, Афғонистон ва Қирғизистон ҳаммарз аст ва дар масири қочоқи маводди мухаддир аз Афғонистон қарор дорад. Ин вилоят дар замони ҷанги дохилӣ тайи солҳои 1992-1997 аз пойгоҳҳои мухолифини давлат маҳсуб мешуд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi