08:17:07 19-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

'ШАҲРИ БЕДАРВОЗА': ЧАРО УЗБАКИСТОН МЕХОҲАД СПАД-РО ТАРК КУНАД?

Давлати Узбакистон зимни ирсоли ёддоште ба масъулони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) хостори хурӯҷ аз ин созмон шудааст. Бар асоси иттилоъи дафтари матбӯъотии СПАД, ёддошти Вазорати хориҷаи Узбакистон ҳафтаи гузашта ба ин ниҳод ворид шудааст.

/images/stories/2012/06/30_uz-spad-300612.jpgВладимир Зайниддинов, сухангӯйи дафтари матбӯъотии СПАД, рӯзи ҷумъаи 29 июн дар суҳбате телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт: "Ҳоло масъулон машғули баррасии ҷанбаи ҳуқуқии ин нома ҳастанд ва дар ояндаи наздик бар асоси арзёбии ҳуқуқии он гузорише дар ин маврид ба раҳбарони СПАД ирсол мешавад."

Оқои Зайниддинов ҳамчунин гуфт, ки Узбакистон аз соли 2006 аз иҷрои бархе аз таъаҳҳудоти ин созмон, аз ҷумла ширкат дар размоишҳои нерӯҳои вокуниши сареъи СПАД худдорӣ кардааст. Ба гуфтаи вай, Узбакистон ҳамчунин ба ҳамкориҳои муштараки кишварҳои узви ин паймон барои кумак ба танзими авзоъи Афғонистон мухолифат кардааст.

Оқои Зайниддинов афзуд: "Узбакистон бештар ҷонибдорӣ фаъъолияти дуҷониба дар ин замина буд. Ва дар бахши ҳамкории низомии СПАД, ки яке аз авлавиятҳои аслии ин паймон аст, намояндагони Узбакистон аз эъзоми низомиёни худ ба размоишҳо даст мекашад. Ҳамчунин Узбакистон мухолифи тақвияти ҳамкориҳои СПАД бо бархе аз созмонҳои байналмилалӣ, назири Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ва Иттиҳодияи УруОсиё буд."

Ҳарчанд "Ҷаҳон", сойти расмии Вазорати хориҷаи Узбакистон иттилоъе аз тасмими ин кишвар дар мавриди хурӯҷ аз СПАД пахш кардааст, вале дар он дар мавриди далели аслии иттихози ин тасмим гуфта нашудааст. Масъулони сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон низ аз шарҳи ин тасмими кишварашон худдорӣкардаанд.

Вале бархе аз коршиносон, аз ҷумла Худойбердӣ Холиқназаров, таҳлилгар дар умури сиёсӣ, ҳадс мезананд, ки хориҷ шудани Узбакистон, кишвари умдаи минтақа, аз ин созмон, ҳокист, ки нооромиҳое минтақаро таҳдид мекунад.

Оқои Холиқназаров дар бораи ин ки хатарот аз кадом кишвар маншаъ мегирад ё кадом кишвареро бештар таҳдид мекунад, шарҳ надод, вале гуфт: "Иваз кардани тасмим дар мавриди хурӯҷ ва ё пайвастан ба СПАД барои Узбакистон як амри маъмулӣ шудааст. Вале тасмими тозаи ин кишвар баёнгари он аст, ки дар минтақа нооромиҳое ба вуҷуд хоҳад омад."

Ба гуфтаи оқои Холиқназаров, бо таваҷҷуҳ ба ин "монуври сиёсии" Узбакистон имкон дорад, ки дар минтақа "бозиҳои пасипардагии сиёсие" вуҷуд дошта бошанд. Аз сӯйи дигар, бархе аз соҳибназарон дархости хориҷ шудани Узбакистон аз СПАД-ро ба хурӯҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон ва тавофуқоти тозаи он кишвар бо Омрико ва НОТУ барои дарёфти фанновариҳои низомӣ рабт медиҳанд.

Амирқул Азимов, раиси бахши дифоъ ва амнияти порлумони Тоҷикистон, ба хабаргузории "Asia-Plus" гуфтааст, ки мақомоти Узбакистон ин тасмимро ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи кишварҳои узви НОТУ ба худ дар заминаи хурӯҷи низомиён аз Афғонистон гирифтаанд.

Ба гуфтаи оқои Азимов, ки солҳои зиёде дар симатҳои амниятии Тоҷикистон кор карда ва қабл аз ин дабири Шӯрои амнияти ин кишвар буд, Узбакистон мехоҳад қаламрави худро дар ихтиёри низомиёни НОТУ қарор диҳад ва аз ин роҳ суди молии фаровоне ба даст оварад.

Вале бархе аз шахсиятҳои сиёсӣ ва намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ба ин назаранд, ки хурӯҷ аз як созмон ва ё иттиҳодия кори дохилии ҳар кишвари мустақилле дар минтақа аст.

СПАД шаҳри бедарвоза нест

Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби кумунисти Тоҷикистон, мегӯяд: "Дархости хурӯҷи Убакистон аз ин сомзон бад-он маъност, ки ин кишвар ақидаҳои мухолифе бо кишварҳои дигари узви ин паймон дорад. Ва ҳамчунин мақомоти узбак бо таваҷҷуҳ ба манофеъи кишварашон ин корро кардаанд."

Аммо оқои Шабдолов мегӯяд, ки Узбакистон кишвари бузурги Осиёи Марказӣ буда ва чунин тасмимгирии мақомоти он кишвар нигарониҳо ва суолотеро дар мавриди он ки то чи андоза фаъъолияти созмони СПАД дар тамъини амнияти минтақа муассир аст, матраҳ месозад.

Ба гуфтаи раҳбари ҳизби кумунист, ин паймон бояд фаъъолияти худро тақвият бидиҳад, то битавонад дар баробари нуфузи афзояндаи НОТУ истодагарӣ кунад. Вай мегӯяд: "СПАД шаҳри бедарвоза нест, ки ба он ҳар вақте хостӣ, ворид шавӣ ва боз баосонӣ аз он берун оӣ!"

 

Ин нахустин бор нест, ки Узбакистон бо баҳонаҳои мухталиф аз ин созмон хориҷ мешавад ва баъд аз гузашти муддате дубора дархости узвият дар онро мекунад. СПАД дар соли 1992 аз сӯйи давлатҳои Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис ёфтааст.

Дар соли 1999 Гурҷистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз ин созмон берун рафтанд. Ҳамон сол Узбакистон низ узвияти худро дар ин созмон мутаваққиф кард, вале соли 2006 дубора ба он пайваст.иАз сӯйи дигар, Узбакистон дар тобистони соли ҷорӣ аз ширкат дар размоиши кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар шимоли Тоҷикистон низ худдорӣ кард.

Коршиносон баъид медонанд, ки хурӯҷи Узбакистон аз ин паймон дар муносиботи кунунии тираи он кишвар бо Тоҷикистон таъсири амиқе бигузорад. Равобити ин ду кишвари Осиёи Марказӣ, ки бо ҳам муштаракоти зиёди қавмию фарҳангӣ доранд, аз муддатҳо қабл ба сардӣ гароида ва чунин ба назар мерасад, ки дар ояндаҳои наздик хусумати онҳо рафъ нахоҳад шуд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi