19:13:25 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЧИН ЯК МИЛЛИАРД ДОЛЛАР ДОДА ДАР ИВАЗ ЧӢ МЕГИРАД?

Бо ироаи як миллиард доллари дигар, саҳми Чин дар ҷадвали қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ба 70% наздик мешавад. Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон сафари Эмомалӣ Раҳмонро ба Чин аз нигоҳи иқтисодӣ пурмаҳсул ҳисобида, маблағи қарордоду созишномаҳои имзошударо то 1 миллиард доллар баровард мекунанд, иқтисоддонҳо мегӯянд, бахши аъзами ин сармоя қарз аст ва барои Тоҷикистон чандон манфиат надорад.

/images/stories/2012/06/09_rahmon-dar-chin-2221231.jpgДафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тайи сафари паҷнрӯзаи ҷаноби Раҳмон 10 санади нави ҳамкорӣ дар бахшҳои энержӣ, саноат, роҳсозӣ ва геология миёни Тоҷикистону Чин ба имзо расидааст, ки муҳимтаринаш бунёди корхонаи семент дар ноҳияи Шаҳритус бо харҷи беш аз 600 миллион доллар ва сохтмони Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" шумурда мешавад.

Як намояндаи Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни ин сафар дар бахши хусусӣ миёни соҳибкорон ва тоҷирони ду кишвар санади муҳиме ба имзо нарасидааст. Ба қавли ӯ, марзи тиҷоратии соҳибкорони тоҷик то ҳол аз Урумчӣ фаротар нарафтааст.

​​Ҳаким Давронов, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, бисёр интизор дошт, ки дар ин сафар дар бахши хусусӣ санаде ҳосил хоҳад шуд, аммо чизе ба даст наомадааст. Ба назари ӯ, ин тарҳҳое, ки бо маблағҳои бузург ба даст омадаанд, қарзианд ва Чин аз ҷумлаи кишварҳоест, ки  барои ҳамсояҳои кӯчакаш аз додани қарз ибо намекунад. Ӯ мегӯяд, "созишномаҳое, ки дар ин сафар ба имзо расиданд, аз тарафи мақомоти давлатӣ баста шуданд. Интизор доштам, ки дар ин сафар миёни соҳибкорони тоҷику чинӣ созишномаҳо ба имзо мерасад. Мутаассифона, ин тавр нашуд. Ин як миллиард долларе, ки мегӯянд танҳо ба қарзи хориҷии Тоҷикистон изофа мешавад."

Ба назари иқтисоддонҳо, вақте ки сармоягузорӣ дар бахши хусусӣ сурат намегирад, ин пасандозҳо дар дохили кишвар ба сармоя табдил намешаванд ва танҳо бо ҳамкории давлатӣ бо Чин намешавад чархиши сармояро дар дохили кишвар таъмин кард. То кунун ҳеҷ ширкати маъруфи хусусии Чин бо кадом ширкати хусусии Тоҷикистон доир ба ягон тарҳи муҳим ҳамкорӣ надоштааст, ки ба назари иқтисоддонҳо, иллаташ набуди шароити муносиб барои фаъолияти бахши хусусӣ дар Тоҷикистон будааст.

​​Лутфулло Саидмуродов, вакили Маҷлиси намояндагон, мегӯяд, дар шароити кунунӣ, ки бахши хусусӣ фаъол нест,  ягона имконе, ки Тоҷикистон дар даст дорад ҳамкориҳои иқтисодӣ дар бахши давлатӣ мебошад: "То ин ки бахши хусусӣ дар дохили кишвар ва шароити фаъолият дар муҳити иқтисоди хусусӣ ҳамаҷониба имконпазир шавад, ҳамкории иқтисодии давлатӣ беҳтар аст. Дигар илоҷ нест. Ахиран порлумон конвенсияи арбитражии Ню-Йоркро ба тасвиб расонд ва имзои ин санад як каме дили сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистонро гарм кард. Вале ҳоло натиҷаи дилхоҳ дар бахши хусусӣ ба даст наомадааст."

Ҳоло танҳо Эксимбонки Чин бо наздики 900 миллион доллар дар сабқати қарздиҳандагони Тоҷикистон пешсаф аст. Бонки ҷаҳонӣ бо вуҷуди собиқаи тӯлонитари ҳамкорӣ, болои Тоҷикистон зери 400 миллион доллар қарз дошта, дар ин сабқат дар мақоми дувум аст. Ҷамъи қарзҳои хориҷии Душанбе то охирҳои соли гузашта ба 2 миллиарду 100 миллион доллар расидааст, ки баробар ба 33,4 дарсад ё сеяки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон аст ва беш аз 40 дарсади ин қарз ҳам аз давлати Чин мебошад. Бо ироаи як миллиарди дигар, саҳми Чин дар ҷадвали қарзҳои хориҷии Тоҷикистон метавонад ба 70 дарсад наздик шавад.

Мирзонабии Холиқзод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi