08:36:42 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САҲА АЗ ЛАҒВИ МОДДАҲОИ ТӮҲМАТУ ТАҲҚИР ИСТИҚБОЛ КАРД

Дуня Миятович аз ҳазфи моддаҳои марбут ба тӯҳмату таҳқир дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон истиқбол намуд. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) аз лағви моддаҳои "тӯҳмат" ва "таҳқир" дар қонунгузории Тоҷикистон истиқбол кардааст.

/images/stories/2012/06/01_ittihodi-auropo-1612.jpgДар баёнияе, ки дар сомонаи САҲА аз қавли Дуня Миятович, масъули озодии баён ва воситаҳои ахбори умуми ин созмон нашр шудааст, таъкид мешавад, ки ҳазфи моддаҳои марбут ба "тӯҳмат" ва "таҳқир" рушди озодии баён ва матбуот дар Тоҷикистонро кафолат медиҳад.

Ҳазфи моддаҳои вобаста ба "тӯҳмат" ва "таҳқир" дар пайи ислоҳот ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон иттифоқ афтод. Маҳофили хабарӣ ва рӯзноманигорони тоҷик низ аз ислоҳоти мазкур ба қонуни ҷиноии кишвар истиқбол карданд. Зеро аз чанд сол ба ин сӯ маҳз хабарнигорон буданд, ки дархости ҳазфи ин бандҳоро аз қонунгузории кишвар дар миён мегузоштанд.

​​Рамзия Мирзобекова, хабарнигори ҳафтаномаи "Азия-Плюс", мегӯяд, мавҷудияти  бандҳои "тӯҳмат" ва "таҳқир" дар қонуни ҷиноӣ на танҳо рӯзноманигоронро дар баробари мақомот осебпазир, балки водор мекард, ки ба худсонсурӣ рӯ оваранд.

Хонум Мирзобекова бар ин назар аст, ки ҳанӯз ҳам дар қонунгузории Тоҷикистон байни "таҳқир" ва "танқид" ба унвони меъёрҳои ҳуқуқӣ марзи мушаххас гузошта нашудааст. "Адам (набудан)-и марзи мушаххаси ин мафҳумҳо боис мешавад, ки додгоҳ баҳсҳоро бар манфиати нафари мансабдор ва ё масъул ҳаллу фасл  намояд",-афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Вай дар идома илова кард, "парвандаҳое буданд, ки маводи танқидиро ҳамчун таҳқир банду баст карда ва дар асоси он журналистонро ба ҷавобгарӣ мекашиданд. Ба назари ман, дар қонунҳои мо бояд шарҳ дода шавад, ки истилоҳи "таҳқир" чӣ асту "танқид" чист. Ин ду мафҳум бояд дақиқ ва мушаххас карда шавад."

​​Ин нуктаро Хуршеди Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, низ таъкид кард, ки бо вуҷуди лағви бандҳои "тӯҳмат" ва "таҳқир" дар қонуни ҷиноӣ бандҳое мавҷуданд, ба мавқеи нафари мансабдор бартарӣ медиҳад. Дар ҳоле ки мегӯяд ҷаноби Атовулло, Қонуни асосии кишвар баробарии ҳама шаҳрвандонро дар назди қонун кафолат дода ва ҳеҷ авлавияте ба нафари мансабдор қоил нашудааст:

"Дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон як моддаи дигар боқӣ мондааст "паст задани шаъну эътибори мансабдорони давлатӣ" ва ҳамчунин боқӣ мондааст моддаи 146, яъне дахолат ба ҳаёти шахсӣ, ҳамчунин боқӣ мондааст моддаи 137, яъне таҳқиру тӯҳмат ба президент. Ҳамаи инҳо метавонанд ҷойи ин ду моддаро бигиранд ва як андоза барои рушди озодии баён мушкил эҷод кунанд."

Муҳаммадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар масоили қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, ки ислоҳоти ворида бо ин қонунро дар баробари вакилон тавзеҳ медод, ёдовар шуд, ки дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ихроҷи бандҳоҳои вобаста ба "таҳқир" ва "тӯҳмат" бо дархости ҷомеаи шаҳрвандӣ содир шудааст.

​​Ҷаноби Ватанов афзуд, ҳамакнун барои ин навъи иттиҳом шахс ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешавад ва хабарнигорон низ барои чопи гузориш ва мақолаҳои интиқодӣ бо ҷазои ҷиноӣ рӯбарӯ нахоҳанд шуд:

"Ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, вақтҳои охир дар атрофи ин ду моддаи Кодекси ҷиноӣ баҳсҳо хеле доманадор буданд. Бисёриҳо, бахусус намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар атрофи он сухан меронданд, ки бояд онҳо хориҷ карда шаванд, зеро озодии баёнро маҳдуд мекунанд. Бо қабул гардидани ин тағйирот ба қонун мо боз шоҳиди он мегардем, ки кафолати озодии баён дар Тоҷикистон боз ҳам хубтар мешавад ва ҳар шахс метавонад нисбати масоили доғи ҷомеа фикру ақидаҳои худро озодона баён намояд."

Бо ин ҳама, коршиносон мӯътақиданд, ки лағви ин бандҳо аз қонун  мавридҳои баҳси додгоҳӣ бо хабарнигоронро коҳиш хоҳад дод. Дар ҳоле ки дар гузашта чунин мавридҳо, ки барои нашри матолиби танқидӣ хабарнигорон маҳкум ба зиндон шуда буданд, ҷо доштанд. Намунаи равшани он ба се соли зиндон ва 35 ҳазор сомонӣ муҷозот шудани Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори  минтақаии нашрияи "Нури Зиндагӣ" аст, ки наздик ба як сол дар зиндон ба сар бурда ва гуноҳаш ҳам "таҳқир"- и як масъули додситони ноҳияи Ашт зимни нашри як матлаб буд.

Аммо Дуня Миятович, масъули озодии баён дар САҲА, изҳори умедворӣ кардааст, ки давлати Тоҷикистон минбаъд низ барои ғайриҷиноӣ сохтани муқаррароти марбут ба фаъолияти рӯзноманигорон иқдом хоҳад кард.

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi