13:35:17 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲУКУМАТ ПОНЗДАҲ ФОИЗИ КОРМАНДОНРО ИХТИСОР МЕКУНАД

Қарор аст, ба дунболи баррасии як гурӯҳи корӣ 15 дарсад аз кормандони мақомоти давлатӣ ҷойҳои кории худро аз даст бидиҳанд. Ҳайати ин гурӯҳи кориро Матлубхон Давлатов, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон, тасдиқ кардааст, ки дар раъси он Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молия, меистад.

/images/stories/2012/05/26_hukumat-26512.jpgГурез Қосимов, муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ба мо гуфт, бар асоси дастури Эмомалӣ Раҳмон 15 дарсади кормандон ва мақомоте, ки вазифаи онҳо аз сӯи мақомоти дигар такрор шудааст, ихтисор хоҳанд шуд. Ӯ афзуд, "феълан мо шумораи кормандон ва вазифаву функсияи идораҳои давлатии кишварро таҳлил мекунем. Гурӯҳи кории мазкур фаъолият дорад ва дар ҳолати зарурат шояд фоизи муайяни кормандони мақомоти идораи давлатӣ ихтисор карда шавад. Аммо ҳоло чун кор идома дорад, то ҳанӯз натиҷагирӣ накардаем."

Ба қавли ҷаноби Қосимов, ҳадафи аслии ихтисор дар мақомоти идораи давлатӣ кашф ва дар мақоми муносиб кор кардани мутахассисони соҳибтаҷриба будааст. Агарчӣ соҳибназарони тоҷик сурат гирифтани ихтисор дар сафи кормандон ва мақомоти давлатии Тоҷикистонро фоли нек медонанд, вале мегӯянд, ки ба шаффоф сурат гирифтани ин маърака чандон бовар надоранд.

​​Давлатмурод Ҷумъаев, коршиноси тоҷик, мегӯяд, дар гузашта низ чунин ихтисору санҷишҳо дар мақомоти давлатӣ анҷом шуда буд, вале маълум гашт, ки чунин санҷишу ихтисорҳо низ ба ришвату фасод ва хешутаборбозӣ олуда шудааст:

"Дар чунин ихтисоркуниҳо метавонад ошнобозӣ ҳам шаваду ришваситонӣ ҳам. Вале агар дар ҳайати ҳамин кумиссиюнҳои ихтисоркунӣ афроде ҷой дода бошанд, ки дар ҳақиқат мутахассис бошанд, шояд 70-80 дарсад, мутахассисони арзанда ба мансаби худ мувофиқ ҷой бигиранд. Аммо, мутаассифона, ҳоло дар системаи идораи давлатии Тоҷикистон фақат хешутаборчигӣ, ҳамшаҳриву маҳалгароӣ аст."

Ин дар ҳолест, ки раёсати хизмати давлатии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳар се сол кормандони мақомоти идораи давлатиро аз санҷиш ё аттестатсия гузаронда, бар асоси донишу маҳорати корӣ мақоми кормандонро боло ё поин мебарад. Бино бар санҷиши нақшавии раёсати хизмати давлатӣ дар соли 2011 бештар аз 2 ҳазор мансабдори ҳукуматӣ мавриди санҷиш ё аттестатсия қарор гирифта,  220 нафари онҳо баҳои "ду" гирифтаанд. Ин раёсат тавсия додааст, ки 160 нафар аз ин мансабдорон ниёз ба баланд бурдани сатҳи касбӣ доранд, ду нафарашон бояд аз нав омода карда шаванд ва 59 нафар ба вазифаҳои пойинтар таъйин гарданд.

Феълан дар мақомоти давлатии Тоҷикистон 19 ҳазор нафар кор мекардаанд, ки ба гуфтаи раёсати хизмати давлатӣ 43 дарсади онҳо ҷавон буда, аз ин ҳисоб 15 дарсад мансабҳои роҳбарикунандаро бар дӯш доштаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi