13:47:57 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲИЗБҲОИ КӮЛОБ БА ИСЛОМ КАРИМОВ МУРОҶИАТ КАРДАНД

Намояндагии ҳизбҳои сиёсӣ дар Кӯлоб хостори аз сар гирифтани ҳаракати қаторҳо дар роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг шуданд. Ахиран намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва бархе аз рӯшанфикрони минтақаи Кӯлоб барои боз кардани роҳи Ғалаба-Амузанг ба ҳукумати Узбакистон муроҷиатнома навиштанд.

/images/stories/2012/05/19_rahmonov-karimov_19-5-12.jpgДар ин муроҷитанома гуфта шудааст, “мушкилоти сунъӣ ва ба муҳосираи иқтисодӣ кашондани қисмати ҷануби Тоҷикистон, махсусан аз байн бурдани роҳи оҳани миёни сарҳади Узбакистону Тоҷикистон ба афзоиш ёфтани қимати маводи озуқа ва дигар мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ оварда расондааст.”

Зулайхо Ҳақназарова, котиби иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Кӯлоб мегӯяд, мардуми тоҷику узбак аз қадимулайём дӯсти ҳам буданд ва бо чунин роҳҳо набояд ба дӯстии ин ду миллат халал расонд. Ӯ афзуд, онҳо ҷонибдори ҳарчи зудтар боз шудани роҳи оҳане ҳастанд, ки Узбакистонро бо вилояти Хатлон мепайвандад.

Дар ҳамин ҳол, Маҳмадшариф Набиев, раиси дафтари Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, “маълум аст, ки роҳбандӣ ин як амали сиёсист ва онҳо талаби онро доранд, ки роҳбарияти ду кишвар ин масъаларо ҳал кунанд ва сокинонро аз ранҷ раҳо кунанд.”

Намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва рӯшанфикрони Кӯлоб ҳадафи худро аз қабул кардани ин муроҷиатнома раҳоӣ кардани сокинон аз мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ медонанд. Зеро ба қавли онҳо, дар тӯли ҳашт моҳе, ки роҳи оҳан баста аст, нархи маводи ғизоӣ ҳам афзуда, зиндагии сокинонро аз пештара дида мушкилтар намудааст.

То моҳи ноябри соли гузашта ҳамлу нақли мусофирон ва молу коло ба вилояти Хатлон аз тариқи қаламрави Узбакистон тавассути роҳи Ғалаба-Амузанг сурат мегирифт.

Вале дар моҳи марти соли ҷорӣ ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, ки ҷониби Узбакистон бидуни кадом огоҳӣ релсҳои ин қисмат аз роҳро барчидааст. Он вақт Владимир Собкалов, муовини раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ба мо гуфта буд,  ҷониби Узбакистон релсҳои қитъаи Хашадӣ-Амузанги ин самтро аз байн бурда ва ҳамакнун интиқоли бор ба вилояти Хатлон тавассути ин роҳи оҳан комилан ғайримумкин шудааст.

Қитъаи роҳи оҳани Ғалаба - Амузанг 16-уми ноябри соли гузашта баста шуда буд. Ҷониби Узбакистон он замон гуфта буд, дар ин қисмати роҳ таркиш ба амал омада ва пули иртиботӣ тахриб шудааст ва онро амали террористӣ арзёбӣ карда буданд.

Аммо баъдан хабарнигори Евразиянет.орг аз қитъаи роҳи оҳани Амузанг боздид карда ва гуфт, "роҳи оҳани Узбакистон ба асари ҳамлаи террористӣ тахриб нашудааст."  Ҷониби Тоҷикистон ин амали Узбакистонро "сиёсӣ" медонанд.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi