05:59:50 02-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

ГУФТУГӮИ ТОҶИКИСТОН ВА УЗБАКИСТОН ДАР СУҒД ҶАРАЁН ДОРАД

Музокироти ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ва Узбакистон дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон оғоз шудааст. Ин хабарро як манбаъ дар Идораи нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон ба мо тасдиқ кард. Гуфта мешавад вазъ дар марзи миёни ду кишвар, дар меҳвари музокироти ҷонибҳо қарор дорад.

/images/stories/2012/04/13_khujand-1312.jpgИн ҳам дар ҳолест, ки Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Идораи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон низ гуфт, феълан ҳайати фармондеҳии нерӯҳои марзбонӣ таҳти сарварии генерал Шералӣ Мирзоев, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар вилояти Суғд қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол бархе аз сокинони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон дар як тамоси телефонӣ ба мо аз таҷаммӯъи техника ва муҳимоти низомии Узбакистон хабар доданд. Онҳо зимни изҳори нигаронӣ аз чунин вазъ мегӯянд, ки таҷаммӯъи зиреҳпӯшҳои Узбакистон дар хати марзро дар мавзеъи Сардоби ноҳияи Масчоҳ мушоҳида кардаанд.

Истамбек Розиқов, сокини деҳаи Падрохи ноҳияи Мастчоҳ гуфт, агар як ҳафта қабл танҳо марзбонони узбек дар паси симхорҳои хати марз қарор доштанд, ҳамакнун техникаи  низомӣ, назири танку, БТР ва БМП дар ин ҷо мустақар шудаанд. Як сокини дигари ҳамин ноҳия низ гуфт, ки симхорҳои хати марз дар муқоиса ба ҳафтае қабл баландтар шудаанд

Аммо Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи идораи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ки дар масъалаи таҷаммӯъи зиреҳпӯшҳои Узбакистон дар минтақаи марзии Мастчоҳ хабари дақиқ дар даст надорад. Бо ин ҳам сӯхангӯи Идораи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳадс зад, ки шояд сабаби таҳкими марзи Узбакистон, ба хотири баҳси обанбори Фарҳод бошад.

Зимнан, ҳудуди як моҳе қабл, Узбакистон танку зиреҳпӯшҳои худро дар баробари минтақаи марзии ноҳияи Мастчоҳ қарор дода ва пас аз як ҳафта бозпас гирифт. Ноҳияи марзии Мастчоҳ бо вилояти Бекободи Узбакистон дар имтидоди 129 километр ҳаммарз мебошад ва обанбори Фарҳод дар 29 километрии ин ноҳия дар канори ноҳияи Спитамен қарор дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi