14:12:21 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЭЪТИРОЗИ ҲАЙАТИ АМРИКОӢ БА СУХАНОНИ АҲМАДИНАЖОД

Ҳангоми суханронии раисиҷумҳури Эрон дар нишасти панҷуми RECCA дар Душанбе ҳайати амрикоӣ толорро тарк карданд.

/images/stories/2012/03/26_namoyandair-usa26312.jpgҲайати Иёлоти Муттаҳида ба раҳбарии Роберт Блейк, ёвари котиби давлатии Амрико, ҳангоми суханронии Маҳмуди Аҳмадинажод - раисиҷумҳури Эрон дар нишасти панҷуми RECCA дар Душанбе, толорро тарк карданд. Ин амалкарди ҳайати амрикоӣ ба нишони эътироз аз ҳарфҳои раисиҷумҳури Эрон будааст, ки гуфт, нерӯҳои хориҷӣ ҳарчӣ зуд бояд хоки Афғонистонро тарк бикунанд.

Аҳмадинажод дар суханронии худ иллати аслии мушкили мардуму миллати Афғонистонро дар мудирияти НАТО ва мутаҳиддонаш унвон кард. Ӯ гуфт, "магар ин намунаи ҳоким бар Афғонистон ва дигар аз нукоти ҷаҳон нест?" Ба эътиқоди Аҳмадинажод, то замоне ки ин сиёсат вуҷуд дорад, расидан ба аҳдофи сулҳу субот мушкил аст.

Илова бар ин, президенти Эрон пешниҳод кард, ки бояд дар кӯтоҳтарин фурсат нерӯҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд ва иҷоза бидиҳанд, то миллату давлати Афғонистон худ дар кишварашон ҳоким бошанд. Зеро ба таъкиди Аҳмадинажод, "бидуни тардид, мардуму давлати Афғонистон қодиранд, ки давлати худро идора кунанд."

Ҳамчунин раисиҷумҳури Эрон гуфт, "агар ба муддати даҳ сол, солона 25 дарсад аз ҳазинаи низомиёни хориҷӣ ва НАТО дар Афғонистон дар ихтиёри давлати Афғонистон қарор бигирад, ин ба манфиати ҳама хоҳад буд."

Ҳайати амрикоӣ танҳо пас аз анҷоми суханронии Маҳмуди Аҳмадинажод дубора ҷойҳои худро дар толори конфронс ишғол карданд. Ин ҳайат ба раҳбарии Роберт Блейк то як рӯзи дигар дар Тоҷикистон боқӣ монда, хулосаи сафари худро дар як нишасти хабарии ҷудогона баён хоҳад дошт.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi