16:38:55 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ПРЕЗИДЕНТ ДАР БОРАИ НАВРӮЗ, КИТОБ ВА МИНБАРУ МАСҶИД

Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти наврӯзии худ бо зиёиёнро бо ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ оғоз кард. Раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар ҳузури  беш аз сесад нафар аз донишмандону олимон ва адибону андешамандони тоҷик сӯҳбат мекард, ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзро як иттифоқи рамзӣ ва фоли нек арзёбӣ кард. Вай аз зиёиёни кишвар даъват кард, ки ҷавонони тоҷикро ба китобхонӣ ва донишандӯзӣ ташвиқ намоянд.

/images/stories/2012/03/21_janobi-oli-21312.jpgАкадемик Талбак Назаров, вазири пешини умури хориҷаи Тоҷикистон ва аз ширкатдорони мулоқоти мазкур ташвиқи китобхонӣ ва донишандӯзӣ аз сӯи раисиҷумҳурро яке аз нукоти муҳими суханронии ӯ арзёбӣ кард. Ҷаноби Назаров гуфт, таъкиди президент ба он маъно буд, ки ҳоло қисмати аъзами ҷавонони тоҷик аз китоб ва китобхонӣ дур шуда, бархе аз онҳо ба маҳзи камогаҳӣ ва камхабарӣ даст ба амалҳои  ноҷо мезананд.

Ӯ гуфт, "ҷавонҳо дар ин бино омода бояд хонанд, илм омӯзанд. Имрӯз мо медонем, ки бисёр ҷавонҳои мо аз илму маърифат дур шудаанд. Ба корҳои бефоида ва беҳуда машғуланд, бархеашон ахлоқи бад доранд, ба ҷойи онки дар чунин китобхонаҳо омада бихонанд. Имрӯз ин ҳама барои ҷамъияти Тоҷикистон ташвишовар аст. Президент дар ин бора хеле сӯҳбат карданд."

​​​​Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ аз мақоми байнулмилалӣ касб кардани Наврӯз ибрози ризоият карда ва гуфтааст, "соли сеюм аст, ки Наврӯз бар асоси қарори Созмони Милали Муттаҳид чун ҷашни ҷаҳонӣ таҷлил мегардад. Ин иқдом аз бузургиву шаҳомати Наврӯз, ки аз ин пас доманаи анъанаву оинҳои он чун васлгари тамаддунҳо ва халқу кишварҳо густариш хоҳад ёфт, ба таври возеҳ шаҳодат медиҳад."

Ҷаноби Раҳмон зиёиёни кишварро ҳимояткунандаҳои анъана ва суннатҳои миллии кишвар хонда ва онҳоро дар амри ҷилавгирӣ аз вуруди урфу одатҳои бегона, ки ба руҳияи, ба гуфтаи ӯ, миллӣ созгор нестанд масъул шуморидааст.

Сафари Ҳақдод, коргардони шинохта гуфт, раисиҷумҳур ҳамчунин ба тарзи пӯшиши занону хоҳарон таваҷҷӯҳи аҳли нишастро ҷалб карда ва ба онҳо гӯшрас кардааст, ки тақлиду пайравӣ ба русуми дигарон кори нодуруст аст: "Бештари бештар танқидҳо карданд аз зоҳирпарастиҳо. Масалан, аз тақлидҳо ба либоси ғайримиллии мо. Ман ҳам ин чизҳоро қабул надорам. Ин чиз хоси мо набуд. Тарзе гуфтанд, ин чизҳо болои мо таҳмил шудааст."

Ба фарқ аз мулоқоти қаблии раисиҷумҳур бо зиёиён ин навбат миёни ӯ ва аҳли толор суолу ҷавоб сурат нагирифтааст. Вале ба таъйиди ширкатдорон ин бор низ ҷаноби Раҳмон ҷо-ҷое ҷудо аз матни омодашуда сӯҳбатҳое анҷом додааст. Аз ҷумла  президенти Тоҷикистон бо ишора ба ҳаводиси рухдода дар бархе аз кишварҳои арабӣ аз мушкилоти замони ҷангҳои дохилии кишвар ёдоварӣ карда ва хостааст, ки зиёиён манфиат ва аҳамияти сулҳу осоишро ба мардум бештар талқин намоянд.

​​Донишманди тоҷик Раҳим Масов, яке дигар аз ширкатдорони ин нишаст гуфт, раисиҷумҳур дуруст таъкид кард, ки ҳоло бархе аз муллоҳо дар манотиқ барои мақоми имомӣ бо ҳам баҳс мекунанд, ки паёмади нек надорад. Ҷаноби Масов аз қавли раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар шароити имрӯз беҳтар аст, рӯ ба илму дониш овард, на ба масҷид.

Вай афзуд, "дар сӯҳбатҳои раисиҷумҳур дар бораи ҷавонҳо, дар бораи мактабхонӣ, дар бораи интизому тарбия дар бораи кам кардани нашъамандӣ ва аз байн бурдани он, дар бораи онки ҷавонҳо илм омӯзанд ва ба масҷидҳо рафтан  дигар фоида надорад. Мутахассис зиёд шавад, инженеру техникро зиёд тарбия кунем. Президент гуфтанд, ки масҷид рафта аз масҷид чӣ мегирад. Президент як гапи хуб гуфтанд, ки дар байни муллоҳо дар қишлоқҳо ҷангу ҷангҷол барои вазифа, барои дар масҷид кӣ кор карданаш рафта истодааст. Барои як ҷумҳурии майдаи мо ин қадар мулло чӣ даркор?"

Дар фароварди сӯҳбатҳои худ бо зиёиёни кишвар раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин аз сардии ҳаво ва мушкилоти бебарқии мардум зикр карда бори дигар мардумро ба сабру таҳаммул даъват ва изҳори итминон кардааст, ки дар ду-се соли ахир ин ҳама мушкилотро якҷоя бартараф хоҳанд кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi