12:30:25 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАРХОСТИ ҲНИТ БАРОИ ТАҲҚИҚИ АСНОДИ "МАХФИИ" ДАРЗШУДА

 

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз Додгоҳи Қонуни асосӣ дархост кардааст, ки қонунӣ будани асноди маҳрамонаи мунташиршуда дар сойти "Звезда.ру"-ро баррасӣ кунад. Ҳамзамон намояндагони ин ҳизб дар порлумон аз Додситонии кулли Тоҷикистон дархост кардаанд, ки асолати асноди дарзшударо таҳқиқ кунад.

/images/stories/2012/03/16_s.husayni-16312.jpgСайидумар Ҳусайнӣ, яке аз ду намояндаи ин ҳизб дар порлумони Тоҷикистон, мегӯяд, ки фишорҳои ахири ниҳодҳои давлатӣ алайҳи аъзои ҲНИТ дар маҳалҳо онҳоро водор сохтааст, ки чунин иқдом кунанд. Ба гуфтаи вай, ахиран аъзои ҲНИТ дар манотиқи кишвар ба раёсати ҳизб гузориш медиҳанд, ки пайваста таҳти фишор қарор гирфита ва ба ниҳодҳои зирабт даъват мешаванд ва мавриди бозпурсӣ низ қарор гирифтаанд.

Вай гуфт: "Аз онҳо суолоте мекунанд, ки берун аз ваколати аъзои қатории ҳизб аст. Ва онҳо ночор мешаванд, ки ба мо муроҷиъа карда, машварат кунанд ва ҳимоят мехоҳанд."

Зимнан, дар авоили моҳи ҷорӣ сойти "Звезда.ру" зери унвони "Тоҷикистон дар остонаи инқилоб" матлабе мунташир карда буд, ки дар он асноде бо муҳри "махфӣ" мунташир шуд.

Тибқи ин аснод, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гӯё дар авохири моҳи ноябри гузашта ҷаласае бо мақомҳои амниятиву пулис барпо карда ва аз онҳо хостааст, ки фаъъолияти ҲНИТ, "хусусан масъулону раҳбарони сохторҳои ибтидоии онро таҳти назорати қатъӣ ва доимӣ" қарор диҳанд.

Яке аз ин аснод мегӯяд, ки мақомоти зидахл бояд "рӯйхати пурраи аъзои ҳизб ва маҳаллу суроғаи зисти онҳоро" муъайян ва "тарзу услуби кори таблиғотии ҳизбро" ошкор кунанд ва барои берун кашидани онҳо аз суфуфи ҳизб, "аз ҷумла бо роҳи ҳавасмандсозӣ", тадобире бияндешанд.

Ҳамчунин, аз ниҳодҳои зидахл тақозо шудааст, ки феҳраст ва асомии афроде, ки "дар майдоннишиниҳои соли 1992" ширкат доштанд, мушаххас шавад. Чопи матолиби интиқодӣ алайҳи раҳбарони ҲНИТ ва табдили масоҷиди ғайрирасмӣ ба чойхонаву варзишгоҳҳо аз тадобири дигари давлат дар ин санад муъаррифӣ шудааст.

Сайидумар Ҳусайнӣ мегӯяд: "Бо дарназардошти амалкарди мақомот дар чанд моҳи ахир ба воқеъӣ будани ин аснод шубҳа надорем, вале мехоҳем, ки Додситонии кулли кишвар ба ин қазия сареъан расидагӣ кунад."

Намояндагони давлати Тоҷикистон ин аснод "тақаллубӣ" хондаанд. Аз ҷумла, намояндаи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки ин аснод воқеъӣ нестанд.

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, хабар дод, ки Додситонии кулли кишвар таҳқиқ дар бораи нашри ин аснодро оғоз кардааст. Вале ӯ нагуфт, ки таҳқиқи ин аснод дар чи замина сурат мегирад.

Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон, низ дар мусоҳиба бо "ASIA-Plus" асноди маҳрамонаи мунташиршударо тақаллубӣ хондааст. Вай гуфтааст, ки Президент Раҳмон мухолифи нақзи Қонуни асосӣ аст ва ҳаргиз дар асноде, ки муғойири қонунҳои ҷорӣ мебошад, имзо намегузорад.

Дар пайи чопи ин матлаб ва аснод Шӯрои сиёсиии ҲНИТ бо пахши баёнияе бархе аз "тасмимҳои иштибоҳии мақомоти давлатӣ" ва "эҷоди рӯҳияи бадбинӣ ва душмантарошӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеъа"-ро омили аслии пайдоиши хатарҳои ҷиддӣ дар ҷомеъа унвон кард.

ҲНИТ дар баёнияи худ изҳор дошт, ки асноди мунташиршуда дар мавриди аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизб намунае аз ин иқдомот аст. Ҳарчанд, таъкид мешавад, ки ин амр бо Қонуни асосии Тоҷикистон ва муфоди Созишномаи сулҳи тоҷикон муғойир аст.

Дар ҳамин ҳол, қарор аст раёсати ҲНИТ баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъа дар ҷаласаи дигари изтирории худ мавзӯъи таҳияи матни ниҳоии муроҷиъаи худ ба Додгоҳи Қонуни асосии кишварро баррасӣ кунад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi