13:07:07 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РАҲМОН: МОДДАИ ТУҲМАТ ВА ТАҲҚИР АЗ ҚОНУНИ ҶИНОӢ ЛАҒВ ШАВАД

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, пешниҳод кард, ки моддаи марбут ба таҳқир ва туҳмат аз қонуни кайфарӣ лағв шуда ва шомили қонуни шаҳрвандӣ карда шавад. Вай ин матлабро дар суханронии худ дар робита бо таҷлил аз "Рӯзи матбӯъоти тоҷик" дар ҳузури рӯзноманигорон матраҳ кард.

emomali_rahmonОқои Раҳмон зимни тавсиф аз нақши хабарнигорон дар ҷомеъаи муъосири тоҷик, гуфт, ки "100 - солагии матбӯъоти тоҷик на танҳо ҷашни аҳли матбӯъот, балки ҷашни умумимиллӣ низ мебошад."

Нахуст раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба таърихи матбӯъоти тоҷик рӯй оварда ва онро ба се марҳила тақсимбандӣ кард. "Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиюну родию ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеъа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъъолона мусоъидат намоянд."

Ба эътиқоди оқои Раҳмон, "матбӯъоти кишвари мо имрӯз дар қиёс бо бисёр кишварҳо аз дидгоҳи озодии баён пешрафта мебошад." Вай ҳамзамон таъкид кард, муҳим нест, ки расонаҳои гурӯҳӣ мустақил ҳастанд ё давлатӣ.

Президент Раҳмон ба фармони худ дар бораи вокуниши мақомот ба чопи матолиби интиқодӣ ишора кард ва гуфт: "На ҳамаи мансабдорон танқиди воситаҳои ахбори оммаро дуруст қабул мекунанд ва на ҳамеша аз он хулоса бароварда, ҷиҳати ислоҳи камбудиву мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ меандешанд."

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки "аз бисёр навиштаҳои рӯзноманигорон огоҳ" аст ва "дар мавридҳои зарурӣ" аз онҳо истифода мекунад. Вале ҳушдор дод, ки расонаҳо "набояд ба тамоюли низоъангезиву тафриқаандозӣ, сарфи назар кардан аз арзишҳо ва манфиъатҳои миллӣ, таҳқиру туҳмати шахсиятҳои хидматкарда, тарғиби фаҳш ва дигар кирдорҳои ношоиста роҳ диҳанд."

Дар ин робита оқои Раҳмон гуфт, ки аз муҳокимаҳои додгоҳӣ миёни расонаҳо ва мақомот ва баҳсҳое дар бораи зарурати лағви муқаррароти қонуни кайфарӣ дар бораи таҳқиру туҳмат огоҳ аст ва дастур дод, ки ин муқаррарот дар қонуни шаҳрвандӣ ҷо дода шавад.

Аз сӯйи дигар, оқои Раҳмон аз хабарнигорон хост, ки ба таҳияи матолибе таваҷҷуҳ кунанд, ки ба манофеъи миллии кишвар созгор бошад: "Бояд аз чоп ва пахши маводде худдорӣ намоянд, ки ба нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонда, боъиси рӯҳафтодагӣ ва навмедии мардум мегарданд ва вазъи ҷомеъаро ноором месозанд."

Президент Раҳмон ҳамчунин аз забони матбӯъоти тоҷик интиқод карда ва хост, ки матолиби нашрияҳо бояд барои хонандагон фаҳмо навишта шаванд. "Албатта, ҳар як эҷодкор сабку услуби худро дорад, вале он бояд ба доираи васеъи хонандагон фаҳмо бошад."

Дар идомаи сӯҳбати худ оқои Раҳмон хабар дод, ки давлати Тоҷикистон ба фароҳам кардани шароит барои тавзеъи нашрияҳо иқдом карда ва ба корхонаи "Почтаи тоҷик" дастур дод, ки дар ин самт пешниҳоди худро ироа кунад.

Дар интиқод аз наҳваи омодасозии кодрҳои ҷавони рӯзноманигорӣ, оқои Раҳмон гуфт, ки "ин мушкил низ бидуни мудохилаи давлат ҳалли худро наёфт" ва ба Вазорати фарҳанг, маъориф ва Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон дастур дод, ки дар ин замина барномаи вижае таҳия кунанд.

Вай ҳамчунин хабар дод, ки ҳоло шароити молӣ имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон Фарҳангистони родию ва телевизиюн, ки дар гузашта имконпазир набуд, таъсис шавад. Вале ба эътиқоди оқои Раҳмон, ин фарҳангистон бояд дигар анвоъи расонаҳои гурӯҳиро низ дар бар гирад.

Аз сӯйи дигар, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки барои рӯзноманигорон ҷоизаи давлатии Садриддин Айнӣ таъсис дода шавад: "Ин ҷоиза бояд ба рӯзноманигороне супорида шавад, ки фаъъолияти онҳо ба таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодии давлат ва пешрафти маънавии ҷомеъа, густариши арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва фарҳангии шаҳрвандон мусоъидат менамояд."

Дар поёни суханронии худ Президент Раҳмон ёдовар шуд, ки ҳоло ду милюн нафар аз ҷамъияти кишвар корбарони интернет ҳастанд. Вале ба эътиқоди вай, ҳоло алайҳи Тоҷикистон "як маъракаи (корзори) огоҳона ва муғризона идома дорад", ки ҷузъе аз "ҷанги иттилоъотӣ" аст.

Вай гуфт, ки рушди Тоҷикистон ва "сиёсати бисёрсамтаи хориҷии мо ба доираҳои муъайян хуш намеояд". Ба ин далел, ба эътиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, вақти он расидааст, ки мақомоти қонунгузор, ҳуқуқшиносону рӯзноманигорон ва ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон низ дар ин бобат ба таври ҷиддӣ мулоҳиза кунанд."

Гузашта аз ин, оқои Раҳмон афзуд: "Манфиъатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеъа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоъотӣ барои ҳифзи манфиъатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеъа хидмат кунанд."

Дар поёни сӯҳбати худ Президент Раҳмон аз як матлаби Садриддин Айнӣ ёдовар шуд ва гуфт: "Бале, кори Тоҷикистон гул карданист, ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дурахшон аст!"

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi