20:57:51 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ВКХ ҶТ: ҚАТЛИ ОМИ РУСҲО ДАР ТОҶИКИСТОН ҲЕҶ ГОҲ ВУҶУД НАДОШТ

«Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мухолифат байни гурӯҳҳои тоҷик сурат мегирифт ва далелҳои хаёлии «қатли оми аҳолии рус» ҳеҷ гоҳ вуҷуд надоштанд»-, изҳор дошт Давлаталӣ Назриев, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ дар брифинге, ки имрӯз дар Душанбе барпо гардид.

Давлат НазриевИн изҳоротро Давлаталӣ Назриев дар вокуниш ба як барномаи шабакаи  телевизионии Русия НТВ, ки дар он хабарнигори рус Егор Холмогоров ва раиси ҳизби либералӣ-демократии Русия Владимир Жириновский аз вуҷуд доштани ҳолатҳои қатли оми русҳо дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳарф задаанд.

«Мо вобаста ба чунин изҳороти беисботи ин ходимони Федератсияи Россия дар тааҷҷуб буда, инчунин доир ба адами вокуниши муносиб ва раддияи расмӣ аз ҷониби ҳукумати Россия пиромуни изҳороти хусуматомез нисбати миллати тоҷик, нашр ва пахши он дар ВАО ибрози таассуф мекунем»-, гуфт дар идома Давлаталӣ Назриев.

Дар брифинг сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон як хабари сомонаи «Азия-плюс»-ро дар бораи  ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир дастгир шудани фарзанди як дипломати тоҷик рад кард. Ӯ гуфт, ки «Тибқи маълумоти вазорат боздошти фарзанди дипломати тоҷик аз ҷониби мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон умуман вуҷуд надорад».

Дар брифинг хабар дода шуд, ки ба пешвози Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақаӣ оид ба Афғонистон, ки қарор аст 26-27 марти соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор гардад, корҳои омодагӣ идома доранд. Ситоди тадорукотӣ, Котиботи Конфронс ба фаъолият пардохта сомонаи он www.recca2012.tj/recca ба истифода дода шуд. Тибқи нақша дар ин конферонс вазирони корҳои хориҷии 40 кишвари ҷаҳон ва намояндагрони беш аз 30 созмони байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард.

Дар робита бо 20 солагии  барқарор шудани муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон афзуд, ки мубодилаи мол байни ин ду кишвар дар соли 2010 назар ба соли 2009 ду маротиба афзуда, 437 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки он аз содирот ба 377 миллион доллар ва воридот ба 60 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст. Мубодилаи мол байни ин ду кишвар дар 11 моҳи соли 2011 бошад 558,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi