16:29:34 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ОҒОЗИ ҶАЛАСАИ СОЛОНАИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН

 

Субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 18 январ ҷаласаи солонаи кобинаи давлати Тоҷикистон оғоз шуд. Тибқи иттилоъи маркази матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин ҷаласа аъзои ҳукумат, масъулони дафтари раёсати ҷумҳурӣ, вузаро, раҳбарони ниҳодҳои дигари давлатӣ, руасои вилоёт, шаҳрҳо ва навоҳии кишвар ширкат доранд.

Эмомали РахмонТаъкид шудааст, ки дар ин ҷаласа “натиҷаҳои рушди иҷтимоъию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар соли 2012 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои соли равон муъайяну мушаххас мегарданд.” Солҳои қаблӣ кори ин ҷаласа гоҳе ба сурати мустақим ва гоҳе ба таври сабтшуда аз қабл дар телевизиюнҳои давлатӣ ба намоиш гузошта мешуд.

Маъмулан, Президент Раҳмон гузориши ҳар яке аз мақомоти кишварро шунида ва сипас суолотеро матраҳ мекунад ва дар сурати ошкор шудани камбудиҳо, ин мақом мавриди интиқоди шадид қарор мегирад. Дар бархе аз маворид оқои Раҳмон фармони барканории бархе аз мақомотро дар толори ҷаласа эълом карда ва ба ин афрод “ба шумо ҷавоб!” мегӯяд.

Ба ин далел, ҳадсу гумонҳое вуҷуд доранд, ки мақомоти тоҷик ҳамвора аз баргузории ин ҷаласа нигарон ҳастанд, зеро то поёни кори он сарнавишти ояндаи онҳо норӯшан боқӣ мемонад. Вале дар ду соли ахир Президент Раҳмон тағйироти кодрӣ дар кобинаи худро умдатан қабл аз баргузории ин ҷаласа анҷом дода ва нишасти кобинаи давлат камрангтар шудааст. Ҳарчанд ба гуфтаи бархе аз соҳибназарон, эҳтимоли барканории бархе аз мақомоти дигар ҳамчунон вуҷуд дорад.

Дар авохири соли гузашта ва дар ду ҳафтаи аввали соли нави мелодӣ оқои Раҳмон вузарои умури дохилӣ, маъориф, адлия, раиси Кумитаи умури изтирорӣ ва бархе аз муъовинони вазоратхонаҳову кумитаҳо ва раисони шаҳру навоҳиро иваз кард. Аз ҷумла, Матлубхон Давлатов, ки қаблан раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ба симати муъовини аввали нахуствазир бо салоҳиятҳои бештар интисоб шуд.

Бахтиёр Худоёров симати вазири адлияро тарк карда ва ба вазифаи раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон интисоб шуд. Рустам Менглиев ҷойгузини оқои Худоёров дар симати раҳбарии вазорати адлия шуд. Рамазон Раҳимов дар симати вазири умури дохила Абдураҳим Қаҳҳоровро иваз кард. Оқои Қаҳҳоров ба симати дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъйин шуд.

Абдуҷаббор Раҳмонов аз симати вазири маъориф барканор ва Нуриддин Саидов, ки қаблан раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, вазири ҷадиди ин арса таъйин шуд. Ҳамчунин гурӯҳе аз занон ба муъовинати бархе аз вазоратхонаҳо ва идораҳои давлатӣ мансуб шуданд. Аммо бештари коршиносон ин тағйироти кодриро идомаи “ҷойивазкунии кодрҳо” номида ва изҳор медоранд, ки аз чунин наҳваи мудирият дар ниҳодҳои давлатӣ набояд пешрафти ҷиддиеро интизор дошт.

Соли гузашта бархе аз расонаҳои дохилӣ ва коршиносон бар зарурати ислоҳоти кодрӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон таъкид карда ва иддаъо доштанд, ки дар сурати амалӣ нашудани ин амр, Тоҷикистон бо мушкилоти фаровоне рубарӯ хоҳад шуд. Ҳамакнун соҳибназарон мегӯянд, ки бо дарназардошти интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 Президент Раҳмон намехоҳад тими “боэътимоди” худро иваз кунад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi