БОЗДИДИ НАМОЯНДАГОНИ ДАВЛАТ АЗ МАСҶИДИ "МУҲАММАДИЯ"
Шаҳрдори Ваҳдат ба намояндагӣ аз раисиҷумҳур гуфтааст, Акбар Тӯраҷонзода бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Ин мулоқот дар пайи баёнияи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо ба баргузории маросими азодории “Ошӯро” дар масҷиди “Муҳаммадия” айбдор шудааст.
Ҳамзамон имрӯз дар намози ҷумъа як ҳайати ҳукуматӣ ба шумули раиси Кумитаи дин, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, раиси шаҳри Ваҳдат ва мақомоти интизомӣ ба масҷиди “Муҳаммадия” омад ва дар ҳузури намозгузорон баёнияи Шӯрои уламо қироат шуд. Вале ҳангоми қироати матни баёния, ҳозирон норозигии худро бо баланд кардани садои "Аллоҳу акбар» баён карданд.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар як гуфтугӯ бо радиои Озодӣ гуфт, ки дар робита бо ин мавзӯъ бо раиси Шӯрои уламо гуфтӯгӯи рӯбарӯ доштааст. Вай афзуд, тасмим гирифтааст, Шурои уламои Тоҷикистонро барои тӯҳмат ва тафриқандозӣ байни ҷомеаи мусалмонони кишвар ба додгоҳ кашад.
Дар ҳамин ҳол Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон дар гуфтугӯ ба Озодӣ, ҳадаф аз пахши баёния ва рафтан ба масҷиди Тураҷонзодаҳоро на бештар кардани ихтилоф, балки ҷилавгирӣ аз тафриқандозӣ миёни ҷомеаи мусалмонони кишвар унвон кард.
Ҷаноби Абдулқодирзода ҳамчунин гуфт, онҳо ният доштанд намози ҷумъаро дар фазои ором бо Тураҷонзодаҳо бихонанд, аммо аз сабаби сард пешвоз гирифтани меҳмонон ва ҳаёҳӯи ҷавонон ва ба хотири ноором нашудани фазои масҷид, онҳо маҷбур шуданд, ки намозро дар онҷо адо накунанд.
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабр дар баёнияе, ки онро хабаргузории давлатии “Ховар” ба нашр расонд, аз баргузории маросими азодории “Ошӯро” дар масҷиди “Муҳаммадия” ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом шадидан интиқод кард. Шӯрои уламо гуфт, баргузории расми барои аҳли суннат "бегона" барои мусулмонони Тоҷикистон пайомадҳои ногувор хоҳад дошт. Аммо ҷаноби Тӯраҷонзода ин даъвои Шӯрои уламоро рад намуд ва гуфт, ёдбуди қатли набераи паёмбари ислом дар масҷиди "Муҳаммадия" даҳ сол ба ин сӯ идома дорад ва онро наметавон маросими "Ошӯро" номид.
Бархе аз расонаҳои ҳамагонӣ навиштанд, баёнияи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ангезаи сиёсӣ дошта, чанде аз аъзои ин шӯро гуфтаанд, ба зери он имзо нагузоштаанд. Эҳтимол меравад, ин мавзӯъ дар мулоқоти ҷаноби Тӯраҷонзода бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон матраҳ шавад.
«Озодӣ»