19:57:31 25-уми Майи 2025 сол

ТӮРАҶОНЗОДА ИТТИҲОМОТИ ШӮРОИ УЛАМО АЛАЙҲИ ХОНАВОДААШРО РАД КАРД

Шӯрои уламои динии Тоҷикистон бо пахши баёнияе аз Нуриддин Тӯраҷонзода ва бародаронаш барои "баргузории маросими Ошуро" дар яке аз масоҷиди ноҳияи Ваҳдат башиддат интиқод кардааст.

/images/stories/2011/12/07_turachonzoda-71211.jpgИн шӯро таҷлил аз маросими Ошуроро, ки дар байни шиъиён ба унвони рӯзи ёдоварӣ аз шаҳодати Имом Ҳусейн хеле ривоҷ дорад, бо усули фиқҳи ҳанафӣ, мазҳаби аксари кулли мусалмонони Тоҷикистон, муғойир хонда ва хонаводаи Тӯраҷонзодаро ба "пайравӣ аз ташаййуъ" ва "бидъадкорӣ" муттаҳам кардааст.

Дар ин баёния, ки рӯзи 6 декабр дар сойти хабаргузории расмии "Ховар" чоп шуд, аз ҷумла омадааст: "Чанд рўз пеш аз ҷашнгирии ин маросими сўгворӣ бо арзи эҳтиром ва бо овардани далелу мадракҳо Раиси Шўрои исломии Тоҷикистон дар яке аз маъракаҳо ба Н. Тўраҷонзода фаҳмонида буд, ки иҷро ва тарғиби ин амал берун аз аҳком ва ақидаи мазҳаби ҳанафист. Бинобар он намесазад, ки Шумо байни намозгузорон ба ин амал даст занед."

"Аммо бо вуҷуди он, рўзи 2 декабр мутобиқ бо рўзи 7 муҳаррам дар яке аз масҷидҳои калони шаҳри Ваҳдат бо издиҳоми бузург ин маросимро ҷашн гирифт. Тавре ки гуфтем, чунин ҷашн ва сўгворӣ бидъат аст."

Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дар баёнияи хеш ҳамчунин Нуриддин Тӯраҷонзода, рӯҳонии бонуфуз ва бародари Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро, ба бадгӯйӣ нисбат ба Муъовия, халифаи уммавӣ, ки "аз ҷумлаи саҳобагон мебошад", муттаҳам кардааст. Дар ин баёния ҳарчанд ба озодии дин ва эътиқоди мазҳабӣ дар Тоҷикистон таъкид шуда, вале аз хонаводаи Тӯраҷонзода хоста шуда, ки аз "барангехтани фитна ва ҷудоӣ" миёни мусалмонон парҳез куанд.

"Агар Тўраҷонзодаҳо тағйири мазҳаб кардаанд, марҳамат, расман мазҳаби худро ба қайд гиранд ва тибқи мазҳаби хеш ибодат варзанд, вале мазҳаби мардумии миллати моро барои худ ниқоб насозанд."

Аммо Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршинос ва бародари эшони Нуриддин, доир шудани маросими Ошуро дар масҷиди Туркободро такзиб кард ва онро "тӯҳмат" алайҳи хонаводааш хонд.

“Иқдоми супоришӣ"

Оқои Тӯраҷонзода дар суҳбат ба Би-би-сӣ гуфт, ки вай ва бародаронаш аз 12 сол пеш бад-ин сӯ, ҳамеша дар моҳҳои исломӣ аз шаҳодати ҳазрати Имом Ҳусайн ва аз фоҷеъаи ӯ ёдовар мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин 12 сол ҳеҷ касе ба онҳо нагуфта буд, ки ин ёдовариҳо дар Тоҷикистон боъиси пайдоиши ихтилоф дар миёни мардум хоҳад шуд.

Оқои Тӯраҷонзода мегӯяд, ки баёнияи Шӯрои уламо бо хоҳиши муфтии Тоҷикистон, ки парвардаи донишгоҳи исломии Исломобод буда ва бо суфориши вай ва чанде дигар аз мақомоти ин кишвар алайҳи хонаводаи Тӯраҷонзода омода ва мунташир шудааст.

Оқои Тӯраҷонзода дар бораи баёнияи Шӯрои улумои исломӣ мегӯяд: “Аввал ин ки ин баёния дар маҷлиси ба ном Шӯрои уламо қабул нашудааст, яъне аъзои маҷлис аз матни он хабар надоранд. Ҳудуди 25 нафар имом хатибон ва чанде аз домуллоҳоро ҷамъ карда ва шеваи баргузории Ошуро ба он тарзе, ки дар Эрон баргузор мекунанд, гуфтаанд, ки бояд, ки ин тавр аз Ошуро дар Тоҷикистон доир нашавад. Бо ин бахши баёния мо розӣ ҳастем.”

Вале вай афзуд, ки ҳазрати Имом Ҳусейн дар миёни пайравони шохаҳои ислом машҳур аст, вале рафтори вай ки "ба хотири ҳукумат шуда худ ва фарзандонашро ба куштан дод, ин кораш аз ҷониби мусалмонон маҳкум мешавад."

Оқои Тӯраҷонзода мегӯяд, ки ҳатто дар бархе аз осори бузургони форсу тоҷик низ ин қазия ба таври фоҷеъанок тасвир ёфтааст. Аз сӯйи дигар, вай яке аз аҳдофи ёдоварӣ аз сарнавишти Имом Ҳусайн дар масҷиди Туркободро ошноии ҷавонон бо таърихи ислом хонд.

“Баёния супоришӣ нест”

Вале Абулбасир Саидов, муъовини раиси Муфтиёти Тоҷикистон ва узви Шӯрои уламои исломӣ, баёнияи ин шӯроро бамаврид хонд ва супоришӣ будани онро такзиб кард. Оқои Саидов мегӯяд ҳарчанд худаш дар ин ҷаласа ширкат надошта, вале то ҷойе, ки иттилоъ доштааст, аз ин баёния бештари аъзои шӯрои уламо ҷонибдорӣ кардаанд. Оқои Саидов мегӯяд: “Ман комилан ҷонибдори ҳамаи бахшҳои ин баёния ҳастам.”

Бо вуҷуди ин, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ки Шӯрои улумои Тоҷикистон тибқи хостаҳои давлат амал мекунад ва Муфтиёт тасмим гирифтааст, ки баёнияи ин шӯроро дар навоҳии мухталиф дар миёни мардум қироат ва аз сокинон даъват кунад, то "ин рафтори хонаводаи Тӯраҷонзодаҳоро маҳкум кунанд."

Вале оқои Саидов ин иттилоъро бепоя хонд ва ҳамчунин гуфт, ки Шӯрои уламо дар миёни мардуми Тоҷикистон нуфуз ва мавқеъияти бузурге доштааст. Бархе аз таҳлилгарони масоили динӣ мегӯянд, ки Шӯрои уламои дини Тоҷикистон баъд аз судури чанд мусавваба, аз ҷумла дар бораи манъи рафтани занон ва навҷавонон ба масоҷид, дар миёни мардум эътибори худро то андозае аз даст додааст.

Вале Фаррух Умаров, коршиноси Маркази мутолеъоти истротежии Тоҷикистон, мегӯяд, ки мақомоти давлатӣ бо дарназардошти маҳбубияти Шӯрои уламои дин дар миёни мардум, барои расидан ба бархе аз аҳдофи худ аз ин шӯро истифода мекунанд.

Оқои Умаров дар мавриди баёнияи ахири ин шӯро гуфт: “Ман аслан хонаводаи Тӯраҷозодаҳоро дар назар надорам, вале дар ин ҷо таъсири Эрон ба назар мерасад. Бавижа баъд аз интиқоди оятуллоҳ Софии Гулпоягонӣ аз давлати Тоҷикистон барои манъи рафтани кӯдакон ба масҷид мавзӯъи ихтилофи мазҳабӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон барҷастатар мешавад.”

Би-Би-Си

Шарҳҳо   

 
+1 #4 Guest 09.12.2011 15:01
Вакте, ки мурочиат кардед бояд дар мурочиатномаато н хамаи он гуфтахои боло ва ногуфтахоро зикр карда норизоги мекардед бо хамаи он хилофи мазхаби Ханафия будаги баъд Турачонзодахоро илова карда мегуфтед,ки онхо хилофи ин мазхаб игво пеш мебаранд ман 100 дар 100 шуморо дастгири мекардам.
 
 
+1 #3 Guest 09.12.2011 15:00
8. Конуни масъулияти падару модар? ин мухолифат ба дин намекунад гуфтед шумо дар шурои уламоатон пагох шумо дар назди ХАК ВА ТАОЛЛОХ БО ХАМАИ ОН ДОМУЛОХОАТОН ЧИ ЧАВОБ МЕДИХЕД?
Ман тарафдори Турачонзодахо хастам вале ба илми онхо ба хакгуии онхо бисёр бовар дорам нисбат ба шумо ба он хотире, ки шумохо хомуш хастед вале онхо на.
 
 
+1 #2 Guest 09.12.2011 15:00
4. Дар масхаби мо риш мондан яъне бояд факат мулло домулло эшон раво хаст ва ба дигарон мамнуъ? чи тавре шумо кайд кардед чизхои ба масхаби мо бегонаро рах надихем инхам бегонааст? барои чи шумо хомушед?
5. Барои чи баъзе конуну карорхо ба масхаби мо мухолифат мекунад шумо хомушед? магар шумо набояд аз 7,5милён мусалмони масхаби ханафия химоя кунед?
6. Шумо Муфтии мухтарам барои ин масхаб ва дини Ислом хизматгор хастед ё бар дигар? яъне шумо бояд гуфтахои Худованди азза ва чалларо ва Паёмбари Исломро с.вс. химоя кунед шумо ин корро магар карда истодает ё дигарро химоя?
7. Имом АбуХанифа барои чи Козигиро ба зима нагирифт шумо медонед ва шумо Муфтигиро бар душ гирифтед наметарсед,ки ин гуфтахои боло хамааш чавобу китобаш бар зимаи Муфти ва уламохои азизи аз минтакахои кишвар ва хатибони масочид хаст?
 
 
+1 #1 Guest 09.12.2011 14:59
Ман ба шурои уламои кишвар пайрави масхаби имом Абуханифа (рахматуллоху алайх) як ду савол бидихам.
1. Дар мазхаби ханафия зан ба масочид рафтанаш маън аст? барои чи ки 7,5 милион гуфтаи шумо пайравони ин мазхабро ба инобат нагирифта шумо мухолифати дини Паёмбар манъ кардед?
2. Шумо,ки уламои исломи точикистон хастед бигуед дар Ватане,ки дар хар як гушааш ХАЙКАЛХО вучуд хастан аз руи масхаби мо яъне ханафия чи мартаба дорад раво аст? шумо барои ин коро дигар кардан чи коро ичро кардед?
3. Дар мактабхои миёна ва оли духтарони моро бо хичоб ба дарс рафтан маън кардаанд барои чи шумо хомушед? ё онки дар масхаби мо ба балогат расидан ё сатри духтарон баъди 20-25солаги мерасад шурои уламо?
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ