БАЁНИЯИ ШӮРОИ СИЁСИИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ҷаласаи худ вазъи ба вуҷудомада дар равобити ду кишвари дӯст ва шарикони стратегӣ- Тоҷикистон ва Русия, инчунин душворихои пешомада дар ҳаёти муҳочирини кории тоҷик дар Русияро баррасӣ намуда, ҳолати пешомадаро носолим, ғайритабиӣ ва мухолиф ба манофеъи ду миллат меҳисобад.
Сиёсӣ ва печида гардонидани қазияи ду халабон, ки ахиран аз тарафи мақомоти судии Тоҷикистон барои қонуншиканӣ маҳкум гаштанд, баёнгари он аст, ки механизмҳои ҳалли дидгоҳҳо ва ихтилофи назарҳо дар муносибатҳои ду кишвар заъиф гаштаанд ва зарурат ба таҳкиму устувор гардонидани онҳост.
Бо назардошти он, ки ҳануз имкони баррасии қазияи халабонҳо дар сатҳҳои болоии мақомоти судии Тоҷикистон вуҷуд дорад ва масъала зери назорати шахсии Президенти Тоҷикистон қарор гирифтааст, Шӯрои сиёсии ҲНИТ умедвор аст, ки он дар чорчуби қонунгузории кишвар ва рӯҳияи ҳусни тафоҳум ҳалли одилонаи худро хоҳад ёфт.
Аз тарафи дигар, Шӯрои сиёсии ҲНИТ нигаронии худро аз боздошт ва эҳтимоли ихроҷи садҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия баён намуда, рабт додани ин ду қазияро як амали номутаносиб меҳисобад. Ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ маҷбур ба ҳиҷрат гаштаанд ва маҳз дар кишвари ба мо дӯст-Русия барои худ ва миллионҳо шаҳрвандони дигари ватанамон сарчашмаи даромад пайдо намудаанд.
Онҳо на танҳо дар босуботии кишвари худ, балки дар ободонии кишвари муқим ҳам нақши сазоворе доранд. Ин мардуми бе ин ҳам азияткашида ва дур аз сиёсат, ки ҷуз меҳнати пурмашаққати хеш ва дурӣ аз ватану наздикон чизи дигареро намедонанд, набояд қурбонии суйитафоҳумҳо ва ҳисоббаробаркунии баъзе мақомот ва масъулини ду кишвар гарданд.
Ҷои таассуф аст, ки вазъи ба амаломада мавриди суйистифодаи баъзе доираҳои сиёсии фурсатталаб ва миллатгароёни ифротӣ қарор гирифта, рӯҳияи ҳамдигарбадбиниро қавитар мегардонад.
Ҳамзамон, Шӯрои сиёсии ҲНИТ амалкарди мақомоти расмии Тоҷикистонро дар баробари ҳимояти манфиат ва ҳуқуки ҳамватанон дар хориҷ нокофӣ дониста, беамалӣ ва бетафовутии қисме аз мақомотро даст кашидан аз анҷоми ваколатҳо ва масъулиятҳои бевоситаи онҳо медонад. Идома ёфтан ва васеъ гаштани ин раванди носолим, на танҳо ба муносибатҳои таърихан дустонаи ду кишвар, балки ба ҳаёти миллионҳо ҳамватанони мо дар дохил ва хориҷ таъсири манфӣ расонида, ниҳоятан ба бадшавии вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар оварда мерасонад.
Бинобар ин, Шӯрои сиёсии ҲНИТ умедвор аст, ки масъулини кишвари ба мо дӯст – Русия аз боздошт ва ихроҷи муҳоҷирини точик ҳамчун амали ҷавобӣ ба қазияи халабонҳо даст кашида, дар баробари он пешниҳод менамояд:
1- Масъалаи муҳоҷирони тоҷик дар наздиктарин ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гарда два ҳайате аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Маҷлиси Миллӣ, намояндагони дигар мақомоти марбутаи ҳокимияти иҷроия барои вохурӣ бо ҳамкорони русиягии худ ва ҳалли масъала Русия фиристода шаванд.
2- Ҳайати ҷамъиятӣ аз ҳисоби намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, расонаҳои хабарӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои дидору вохуриҳо бо муҳоҷирони тоҷик, ҷомеаи шаҳрвандии Русия, аз ҷумла палатаи иҷтимоии ин кишвар равона шавад.
Шӯрои Сиёсии ҲНИТ
13-11-2011 Душанбе