01:02:02 15-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

МУҲОКИМАИ ШАШ МУТТАҲАМ БА УЗВИЯТИ ҶИӮ

Рӯзи сешанбеи 18 август дар Додгоҳи вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, муҳокимаи Анвар Қаюмов, яке аз раҳбарони Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон дар ин вилоят ва панҷ тан аз ҳамсафонаш шурӯъ гардидааст.

Додоҷон Гадойбойев, қозии Додгоҳи вилояти Суғд, аз тариқи телефун ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин афрод ба иртикоби ҷароими сангин, чун қатл, таъсиси гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноӣ ва сирқати силоҳҳои оташфишон муттаҳам шудаанд. Гуфта мешавад ин шаш нафар дар зарфи даҳ соли гузашта ба кормандони пулис ва ба сарбозону афсарони як воҳиди низомии воқеъ дар шаҳри Исфара ҳамлаи мусаллаҳона карда ва 9 нафар аз кормандони пулис ва низомиёнро куштаанд.

Оқои Гадойбойев таъкид кард, ки Анвар Қаюмов раҳбари бахши Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд буда ва Мусаямхӯҷа Шарифов, Сайфулло Охунов, Абдумубин Турсунов, Мирсаид Юнусов ва Мукаррамхӯҷа Шарифов, сокинони шаҳри Исфара, аз аъзои фаъоли ин созмони ба гуфтаи ӯ ”теруристӣ” маҳсуб мешаванд.

Бино ба иттилоъи манобеъи Додгоҳи вилояти Суғд, Анвар Қаюмов дар соли 1997 дар урдӯгоҳи низомии Ҷумъаи Намангонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон, дар манотиқи шарқи Тоҷикистон омӯзиш дида ва пас аз бозгашт ба шаҳри Исфара ба ҷалби аъзои ҷадиде ба суфуфи ин гурӯҳ машғул шудааст.

Оқои Қаюмов дар моҳи январи соли ҷорӣ дар Афғонистон дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод шуда буд. Аммо Додоҷон Гадойбойев, қозии додгоҳ, аз шарҳи ин нукот, ки Анвар Қаюмов кай ва бо кадом гурӯҳ ба Афғонистон рафта ва дар он ҷо ба чи кор машғул будааст, худдорӣ кард.

Зимнан, Мукаррамхӯҷа Шарифов, як сокини рустои Навгилеми ноҳияи Исфара ва яке дигар аз муттаҳамон дар ин додгоҳ низ, даҳ сол қабл ба суфуфи Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, пайваста ва ба таври махфӣ фаъолият мекардааст.

Боздошти аъзои гурӯҳ ё равияҳои мамнӯъи мазҳабӣ дар ноҳияи Исфара ҳодисаи тозае нест. Ба гуфтаи коршиносон, дар чанд соли ахир даҳҳо тан аз сокинони ин ноҳия ба иттиҳоми узвият дар Ҳизбуттаҳрир, гурӯҳи мавсум ба “Байъат” ва Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон аз сӯйи ниҳодҳои амниятию интизомии Тоҷикистон дастгир шудаанд.

Бар асоси иттилоъи манобеъи додситонии шаҳри Исфара, аз соли 1997 то ба ҳол дар ин минтақа 84 фарди муртабит ба Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон ошкор шуда ва аз ин ҷумла 40 нафар аз сӯйи ниҳодҳои интизомию амниятӣ боздошт шудаанд.

Ин манобеъ мегӯянд, ки ин афрод дар ҳамла ба боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Қайроққум ва посгоҳи марзбонон дар шаҳри Исфара дар соли 2006 мазнун дониста шудаанд.

Ҳамчунин, дар соли гузашта дар ноҳияи Исфара ду мавриди ҳамла ба кормандони пулис рух дода буд, ки мақомоти вазорати кишвари Тоҷикистон аъзои Ҷунбиши исломии Ӯзбакистонро ба иртикоби ин ҳогдиса муттаҳам карданд, ки гӯё ба таври сиррӣ дар ин ноҳия фаъолият мекунанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi